Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрӣ ва номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон, гуфт, қасди иштирокаш дар интихоботи моҳи октябр "намоишӣ” нест ва талош мекунад ройи бештарро соҳиб шавад. Мунтақидони Латифзода мегӯянд, пешбарии номзадии ӯ дар интихобот танҳо барои пуррақобат ҷилва додани ин корзори сиёсӣ асту бас. Суҳбати мо бо Рустам Латифзода дар ин бора ва масъалаҳои дигар рӯзи 25-уми август сурат гирифт.
Радиои Озодӣ: Суоли аввал ин аст, ки бовар доред, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб хоҳед шуд?
Рустам Латифзода: "Ҳар як ҳизб дар маъракаҳои сиёсӣ бо ҳадафи муайян иштирок мекунад, вале интихоб аз тарафи мардум аст. Арзандатарин интихоб мешавад. Ман ҳам дар ин роҳ талош хоҳам кард."
Радиои Озодӣ: Тахминатон чӣ гуна аст? Чанд дарсад овоз хоҳед гирифт?
Рустам Латифзода: "Барои тахмин ва пешгӯӣ кардан майл надорам, лекин то имрӯз як стратегия ё тактикаеро пеш гирифтаем, ки муваффақ будааст. Фикр мекунам, аз рӯйи стратегия ва тактикаи худ дар интихоботи қарибулвуқуъ ширкат мекунем ва кӯшиш мекунем, раъйи бештар ба даст орем."
Радиои Озодӣ: Дар ду интихоби гузаштаи президентӣ, ки номзадҳои Ҳизби аграрӣ иштирок доштанд, раъйи хеле кам ба даст оварда буданд...
Рустам Латифзода: "Мо имрӯз дар порлумон ҳафт ҷойро соҳиб шудем, ки назар ба даъвати панҷум ва чаҳорум бештар аст. Фикр мекунам, ин кам нест."
Радиои Озодӣ: Манзур интихоботҳои гузаштаи президентӣ буд.
Рустам Латифзода: "Интихоботи президентӣ маъракаи муҳими сиёсӣ аст ва талаботу шартҳои иштирок ва худи шахсиятҳои номзадҳо нақши муассир мегузоранд. Аз ин бисёр вобастагӣ дорад. Маъракаи мураккабу мушкил дар пеш аст. Барои иштироки ҳизбҳои сиёсӣ як сабқати бисёр ҳам сатҳи олӣ ҳисоб меравад. Кӯшиш хоҳем кард, ки аз интихоботҳои қаблӣ раъйи бештар ба даст орем."
Бахше аз суҳбати видеоиро дар ин ҷо бинед:
"Суръати Интернет дар Тоҷикистон ба талабот ҷавобгӯ нест"
Радиои Озодӣ: Аз соли 2014 раиси Ҳизби аграрӣ ҳастед. Ҳизби Шумо дар шаш сол барои кишвар ва мардуми он чӣ корҳоро анҷом додааст?
Рустам Латифзода: "Аз соли 2005 дар саҳнаи сиёсии кишвар ҳастем ва аллакай нақши муассири худро гузоштем."
Радиои Озодӣ: Агар дақиқ гӯем, чӣ корҳоро анҷом додед?
Рустам Латифзода: "Мушаххасан, чун мо соли 2010 дар мақоми олии қонунгузории мамлакат шомил гаштем, фаъолият дар ин мақом ҳам фаъолияти намояндагӣ, ҳам таҳияи қонунҳо ва ҳам муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Мо ҳамчун намояндаи ҳизби сиёсӣ дар ин самт фаъолияти густурда доштем. Қонунҳои зиёде дар соҳаи кишоварзӣ қабул кардем ва ҳангоми вохӯрӣ бо интихобкунандагон аз мушкилоти онҳо огоҳ шуда, онро ба таваҷҷуҳи вазорату идораҳо расондем."
Радиои Озодӣ: Дар як мусоҳиба гуфта будед, ки фаъолияти ҳизби Шумо дар порлумон ба таври зарурӣ дар расонаҳо инъикос намешавад. Аз тарафи дигар, бисёриҳо мепурсанд, вақте нархи Интернет чанд баробар гарон шуд ё масъалаи симкортҳо пеш омад, вокуниши шумо ё вакилони ҳизбро нашуниданд...
Рустам Латифзода: "Ман тарафдори беҳтар кардани хизматрасонии иттилоотӣ- коммуникатсионӣ ҳастам ва дар барномаи мо ин масъала мушаххас гуфта шудааст. Он суръати Интернет ва имкониятҳое, ки имрӯз дар фазои иттилотии кишвар аст (фазои электрониро дар назар дорам) ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест."
Радиои Озодӣ: Пас, чаро вокуниш накардед?
Рустам Латифзода: "Шахсан шояд эътирози маро нашунида бошед. Лекин мо дар худи кумитаҳо, дар фраксия ин масъалаҳоро баррасӣ кардем ва қобили қабул набудани ин қарорро дар онҷо баррасӣ карда будем."
"Ба кисагӣ хондани ҳизб розӣ нестам"
Радиои Озодӣ: Дар як мусоҳиба, рӯзноманигор ва таҳлилгар Раҷаби Мирзо аз Шумо пурсид, ки ҳизбатонро дар расонаву суханрониҳо "ҳизби кисагӣ" меноманд. Ҷавоб додед, ки "ин як масъалаи нозук аст". Манзуратон аз "масъалаи нозук" дақиқан чист?
Рустам Латифзода: "Ман дар онҷо ҳам шарҳ дода будам. Пеш аз ҳама мехостам, ба ҳамон коршинос ё “таҳлилгар” вохӯрам ва далелҳои кисагӣ буданро аз онҳо шунавам то ҷавоби саҳеҳ ба ҳамон шахсият диҳам.”
Радиои Озодӣ: Биёед, баъзе далелҳоро, ки дар матбуот навиштаанд, номбар кунем. Баъзеҳо бовар доранд, ҳизби Шумо дар баробари сиёсатҳои ҳукумат “сукут” ихтиёр кардааст, ба ягон пешниҳод ва қарорҳои фиристодаи ҳукумат ба порлумон норозигӣ надорад...
Рустам Латифзода: "Ин эътироз бояд дар кадом шакл бошад? Оё эътирози ягон вакили дигарро шунидед? Вақте як қонун ё созишнома ба порлумон мерасад, ба кумитаҳо ворид мешавад ва ин масъалаҳо пеш аз ҳама дар сатҳи кумитаҳо баррасӣ мешавад. Баъд дар сатҳи саркумита ва баъдан дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагон. Масъала қариб, ки дар шакли тайёр ба ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон пешниҳод мешавад. То онҷо бисёр мушкилот ва масъалаҳои нофаҳмо ҳалли худро меёбанд."
Радиои Озодӣ: Боз баргардем ба масъалаи “ҳизби кисагӣ”, ки Шумо онро “масъалаи нозук” номидаед. Ин масъала чӣ гуна “нозук” аст?
Рустам Латифзода: "Шояд назари шахсони таҳлилгар ва “коршиносони номаълум” ин бошад, ки мо дар бисёр масъалаҳо ҳамфикри ҳукумат ҳастем ё инки дар масъалаҳои муҳиме, ки дар ҷомеа баррасӣ мешаванд, эътироз намекунем. Лекин ин хел нест. Нафарони зиёде аз аъзои мо дар вазорату идораҳо дар вазифаҳои гуногун фаъолият доранд. Вақте назари худро дар ин ё он масъала мегӯем ва ин масъала қабул мешавад, аллакай фикр кардан даркор, ки мо дар ин масъалаҳо саҳми худро гузоштаем."
Радиои Озодӣ: Аммо соли 2015 Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфта буд, "албатта, Рустам Латифзода, раҳбари ин ҳизб шахси арзанда ва инсони хуб аст, аммо рӯирост мегӯям, ки ин ҳизбро ҳукумат ташкил кард". Посухи Шумо чист?
Рустам Латифзода: "Ман фикру ақидаҳои Шодӣ Давлатовичро шарҳ додан намехоҳам, худашон шарҳ диҳанд, ки дар кадом асос чунин мегӯянд. Бигзор ягон далел оранд ва гап зананд, мо суҳбат мекунем. Нисбат ба он шахс эҳтиром дорам. Медонам, ки ин суханро кай гуфта буданд. Вақте дар натиҷагирии интихоботи соли 2015 он кас ба эҳсосот дода шуданд ва баъдан аз ин суханашон даст кашида буданд. Боз ҳам мегӯям, ки кадом шахсе набошад, марҳамат, мо дафтари корӣ дорем ва барои муколама омода ҳастем.”
Радиои Озодӣ: Мушаххаас кадом бахши сиёсати ҳукуматро мехоҳед тағйир диҳед?
Рустам Латифзода: “Мо гуфта будем, ки соҳаи кишоварзӣ ва деҳоти кишвар дар авлавият қарор дода шаванд. Барои онки қисмати зиёди ҷумҳурӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд.”
Радиои Озодӣ: Вале солҳост, ки деҳқони тоҷик аз фишори мақомот шикоят доранд. Мегӯянд, мақомот ба онҳо "дикта" мекунанд, ки чӣ кишт кунанд ва чӣ накоранд. Гандумро мекананду мегӯянд, картошка шинон ё талаб мекунанд, ки пахта парвариш кун ё тарбуз ва ғайра. Ин ҳол оё дуруст аст?
Рустам Латифзода: "На дар ҳама ҷо."
Радиои Озодӣ: Вале ҳолатҳо ҷой доранд...
Ҳолномаи Рустам Латифзода
Рустам Латифзода 27 ноябри соли 1960 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Соли 1984 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва соли 1990 Донишгоҳи кӯҳшиносии Санкт-Петербургро бо ихтисоси муҳандис-эколог хатм кардааст. Дар Кумитаи давлатии ҳифзи табиати Тоҷикистон, вазорати мелиоратсия ва Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 2010 вакили порлумон мебошад. Як муддат узви Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумон ҳам буд. Солҳои 2013-2014 дар вазифаи раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон кор кардааст. Узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Рустам Латифзода: "Тибқи қонун деҳқон дар интихоботи кишту кор ва зироати худ соҳибихтиёр аст. Аммо дахолат то чӣ андоза? Дар маҷмуъ дар кишвар ҳадафи стратегӣ қабул кардем, ки таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Вақте деҳқон огоҳ мешавад, ки кадом зироатро кишт кунад, кадом зироат баъди 3-4 моҳ бо нархи муносиб ба фурӯш меравад, ин тавсияи муфид ба ҳисоб меравад. Вақте ҳукумат тавсия медиҳад, ки кадом зироат кишт шавад, чун дурнамои ҳосил ба назар гирифта шудааст. Деҳқон дар ин масъала умуман фикр намекунад."
“Агар бо Э.Раҳмон дар дебат иштирок кунам...”
Радиои Озодӣ: Дар интихоботҳои президентии кишварҳои дигар дебат ё баҳси номзадҳо баргузор мешавад. Агар раиси ҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон дигарбора номзад шавад дар дебат ё баҳси зинда бо ӯ рӯбарӯ шавед, чӣ мепурсед?
Рустам Латифзода: "Аввал ин ки агар чунин дебат шавад, ифтихор мекунам, ки дар чунин як муколама иштирок мекунам. Саволҳо дар рафти ҳамон дебат пайдо мешаванд."
Радиои Озодӣ: Ҳоло дар зеҳнатон ягон суоле аст, ки дар вақти дебат ба Эмомалӣ Раҳмон бидиҳед?
Рустам Латифзода: "Ин дебатҳо баъд аз муайян шудани барномаи ҳизбӣ, барномаҳои номзад сурат мегиранд. Мо таҳлил мекунем, мушкилоти ҷомеа аст, дидгоҳу назари президенти амалкунандаро мепурсем. Фикр мекунам, агар чунин дебат шавад, дебати бисёр мароқанганзе мешавад ва шояд 9 миллион аҳолии Тоҷикистон онро тамошо кунад."
Радиои Озодӣ: ҲХДТ ҳоло номзади худро пешниҳод накардааст ва маълум нест, раиси ҷумҳури феълӣ дар интихоб боз ширкат мекунад ё на. Имкон дорад, ки Эмомалӣ Раҳмон аз ширкат дар интихоботи президентии 11-уми октябр даст кашад? Он гоҳ чӣ ҳолат пеш меояд?
Рустам Латифзода: "Барои мо ҳам бисёр мароқангез аст, ки аз ҲХДТ дар ин маъракаи сиёсӣ номзадии киро пешбарӣ мекунанд. Мо чунин иттилоъ надорем ва фикр мекунам, ҲХДТ номзади арзандаи худро пешниҳод мекунад, шояд президенти феълӣ бошад, шояд шахсияти дигар."
Радиои Озодӣ: Агар Эмомалӣ Раҳмон дар интихоб ширкат накард, ба назари Шумо, чӣ ҳолат пеш меояд?
Рустам Латифзода: "Ман пешгӯӣ кардан намехоҳам, мебинем, анҷумани Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба наздикӣ баргузор мешавад. Баъд аз анҷуман мебинем, ки кадом номзад пешниҳод мешавад."
Хонаи панҷҳуҷраӣ -- дороии ягонаи раиси ҲАТ?
Радиои Озодӣ: Интихоботи президентӣ маъракаи хурд нест ва харҷи зиёд металабад. Шумо ҳамчун номзад чӣ қадар дороӣ доред ва барои иштирок дар интихобот чӣ қадар пул сарф карданӣ ҳастед?
Рустам Латифзода: “Дар маъракаи пештара ҳам таваҷҷуҳ нисбат ба масъалаҳое, ки дар барномаамон зикр мекунем, зиёд аст. Шахсони зиёде аз рафиқон ва бародарон дорем, ки ба ҳизби мо таваҷҷуҳ доранд ва кумакҳои моливу пулӣ мекунанд. Ин хилофи қонун нест ва дар оинномаи мо қайд шудааст. Албатта, маблағҳои дигар ҳам ҷалб карда мешаванд. Вале имрӯз ман гуфтан намехоҳам, ки то имрӯз чӣ қадар маблағ ҷамъ кардем. Мо як миқдор маблағ ҷамъ кардем ва интизор дорем, ки маблағҳои дигар ҳам ҷалб карда мешаванд.”
Радиои Озодӣ: Дар интихоботи президентии соли 2013 ҳизби шумо чӣ қадар маблағ сарф кард?
Рустам Латифзода: “Бигзор як сирри ҳизбӣ бошад. Дар интихоботи солҳои 2006 ва 2013 аз лиҳози молиявӣ он қадар бисёр набуд, лекин имконият дод, то андозае ҳадафу мақсадҳои худро амалӣ кунем.”
Радиои Озодӣ: Худи шумо вакил ҳастед ва оё гуфта метавонед, ки чӣ қадар дороӣ доред?
Рустам Латифзода: “Ман аз соли 1989 ба Душанбе кӯчида омадам ва як хонаи дуҳуҷрагӣ доштам. Баъдан шароит хубтар шуд, боз сеҳуҷрагӣ гирифтам. Имрӯз соҳиби як хонаи панҷҳуҷрагӣ ҳастам, замини кишоварзӣ надорам, бӯстонсаро ҳам надорам.”
Радиои Озодӣ: Агар президент интихоб шавед, аввалин ислоҳоте, ки анҷом медиҳед, кадом аст?
Рустам Латифзода: “Мо ба ҳамаи соҳаҳо ва мушкилот дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳ дорем.”
Радиои Озодӣ: Бубинед, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ гуфт, ки дар сурати ғолиб шудан дар низоми бонкӣ ислоҳот мегузаронад, андозро кам мекунад ва сармоягузорӣ ба илмро афзоиш медиҳад. Шумо дар сурати ғалаба дар интихоботи президентӣ чӣ корҳоро анҷом медиҳед?
Рустам Латифзода: “Воқеияти имрӯзаро бояд таҳлил кард. Дар низоми бонкдорӣ чӣ тағйирот овардан мешавад?”
Радиои Озодӣ: Ин гапи мо нест, барномаи раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ аст. Шумо чӣ кор мекунед дар сурати пирӯзӣ?
Рустам Латифзода: “Мо имрӯз метавонем ваъдаҳои зиёд диҳем. Лекин амалӣ кардани онҳоро ҳам бояд мо фикр кунем. То чӣ андоза ин ваъдаҳои мо амалишаванда ҳастанд. Мо, албатта, пешниҳод карда будем ва дар ин пешниҳоди худ истодаем, ки соҳаи кишоварзӣ пурра аз андоз озод карда шавад. Дар бораи дотатсия ҳарф намезанем. Ақалан аз молиёт озод кардани соҳаи кишоварзӣ амалӣ шавад, ин худ як дастгирии бисёр муҳими давлатӣ аст. Масъалаҳои нафақа ва маоши кормандони соҳаи кишоварзӣ. Маош ва нафақаи аз ҳама паст дар ин бахш аст. Ин масъаларо бознигарӣ кардан даркор. Дигар масъалаҳое ҳастанд дар бораи маърифати ҷавонон, дигар кардани симои деҳот ва кам кардани тавофут миёни деҳот ва шаҳр. Вақте мо деҳотро ба дараҷае дастгирӣ мекунем, ки шароити иҷтимоии мардум дар деҳот баланд бардошта мешавад, ин худ як такон ва пешравӣ барои шаҳру марказҳои вилоятҳо мегардад.”
Радиои Озодӣ: Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон шаби гузашта дар изҳороте интихоботи президентии моҳи октябрро, «ғайриқонунӣ», «зиддиконститутсионӣ» ва «зиддимардумӣ» хонд ва гуфт, аз иштирок дар чунин интихобот даст мекашад. Вокуниши Шумо ба ин гуфтаҳо чӣ аст?
Рустам Латифзода: “Ман гуфтаҳои Раҳматилло Зойировро шарҳ намедиҳам.”
Радиои Озодӣ: Ин изҳорот нисбат ба интхоботест, ки Шумо дар он иштирок мекунед...
Рустам Латифзода: “Интихоботе, ки эълон карда шудааст ва доир мегардад, дар доираи қонун аст. Ҳар як қароре, ки дар чунин сатҳ қабул мешавад, таҳлиҳои зиёд карда мешаванд. Вақте қарор қабул мешавад, бояд дар инҷо шубҳа дар бораи қонунӣ ё ғайриқонунӣ будани он набояд бошад. Ин назари худи Раҳматилло Ҳамидович аст. Бигзор назари худро шарҳ диҳад. Ҳизби сиёсӣ аст аст, назари худро гуфтааст.”
"Маро анҷумани ҳизб номзад кардааст, на ҳукумат"
Радиои Озодӣ: Дар ҷомеа ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ атрофи номи Шумо ва чаҳор номзаде, ки то имрӯз пешниҳод шудаанд, суханҳои зиёде садо медиҳад. Аз ҷумла, менависанд, ки номзади Шумо ва се нафари дигарро худи ҳукумат барои пуррақобат нишон додани интихобот пешниҳод кардааст. То куҷо қабул доред, ки иштирокатон рамзӣ аст?
Рустам Латифзода: “Моро анҷумани ҳизб пешбарӣ кард ва чунин мурракаб сохтани маъракаҳои сиёсӣ барои ҳукумат чӣ зарурат дорад? ҲХДТ иқтидори зиёд дорад, ки ҳама масъалаҳоро ҳаллу фасл кунад. Имрӯз имконият дар фазои сиёсии Тоҷикистон барои ҳар як ҳизби сиёсӣ баробар фароҳам оварда шудааст. Мо бовар дорем, ки КМИР тамоми чораҳоро меандешад, ки шароити баробар ба ҳама ҳизбҳои сиёсӣ дода шавад.”
Радиои Озодӣ: Пас ин ҳама назарҳо аз куҷост?
Рустам Латифзода: “Мо ин назарҳоро таҳлил мекунем. Инҳо 5-6 ё бисёр бошанд 10 нафар ҳастанд, ки доимо ин гуна нуқтаи назарҳоро роҳандозӣ мекунанд. Хушбахтона, он қадар тарафдорони зиёд надоранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудани як ё ду фикр нисбат ба чорабиниҳои сиёсӣ маънои онро надорад, ки тамоми ҷомеаи Тоҷикистон чунин фикру андеша доранд. Вақте мо сафарҳо мекунем, назари мардуме, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ дур аст, тамоман дигар аст. Дар бораи тақаллуб, сохта будан, чорабинии қарибулвуқуъ дар кадом сатҳ мегузарад, назарҳо гуногун мешавад. Шояд ба касе маъқул нашавад, вале мо бояд фикру андеша ва раъйи мардумро писандем.”