Раҷаби Мирзо,
рӯзноманигор ва таҳлилгар
Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"
Эмомалӣ Раҳмон, ба назар мерасад, ки дар 28 соли раҳбарии худ ҳамагӣ як бор ба муборизаи ҷиддии сиёсӣ рӯ ба рӯ шудааст: соли 1994 дар рақобат бо Абдумалик Абдуллоҷонов.
Ҳарчанд он маърака дар замони ҳанӯз идомадори ҷанги шаҳрвандӣ сурат гирифт ва президенти феълӣ таҷрибаи амалии раҳбарӣ ва роҳандозии сабқати ҷиддии сиёсиро надошт, бо натиҷаи то андозае боваркунанда – 59,5% дар он интихобот ғолиб омад. Дуруст, ӯ чанд бор бо иштиёқи тамом нақл кард, ки чӣ гуна соли 1990 дар интихоботи парлумонии демократӣ дар байни 9 нафар, аз ҷумла ба прокурори ноҳия ғолиб омад. Бояд ба назар гирифт, ки он маърака дар муҳити танги Данғара анҷом шуд ва замоне ҳам, ки чанд деҳа метавонистанд як вакил дошта бошанд.
Ин ки Абдуллоҷонов ва тарафдоронаш то ҳанӯз мегӯянд, ғолиби аслии маъракаи соли 1994 онҳо буданд, на Эмомалӣ Раҳмон, шояд то андозае воҳима аст. Бешак, сарвазири пешин дар ҷомеаи онвақта шинохти бештар дошт, аммо чанд сабаб метавонист ба натиҷаи интихобот таъсири дигар расонад:
- Ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмони барои мардум начандон шинос дар иҷлосияи Хуҷанд маъниеро дошт, ки одамон аз сиёсатмадорони фаъол дилмонда шудаанд;
- Интихобот дар шароити душвор баргузор мешуд ва ҷонибдорони Раҳмон қудрати сиёсӣ ва низомиро, ки он замон ҳарфи асосиро мезад, дар даст доштанд;
- Абдуллоҷонов бо ин ки дар барномаи пешазинтихоботиаш ба забони узбекӣ мақоми давлатӣ доданӣ буд, бархе аз мардуми худшиносро, ки он замон ҳам ин гуна баҳсҳоро муҳим арзёбӣ мекарданд, аз худ дур намуд.
Абдуллоҷонов танҳо як "қартаи асосӣ" дошт: ӯ то ин замон “як одами сер” муаррифӣ шуда буд ва ин дар шароити нодориву ҷангии Тоҷикистон шояд таъсиргузор мегардид, ҳарчанд “омили Калашников” ва “ба Тоҷикистон одами нав даркор” асаргузортар буд.
Воқеан, пас аз интихоботи президентии соли 1999, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи то имрӯз рекордии худ – 97,6%-ро ба даст овард, “омили Калашников” – яъне таъсири камонбадастон ва қумандонҳо камтар ва ҳамин тавр баъдан аз байн рафт.
Аз ҷониби дигар, бори аввал буд, ки мухолифони сиёсӣ – низомиаш дар чунин маърака ширкат доштанд, бигузор бе ҳузури номзад, ба интихоби Раҳмон “шукуҳи дигар” медод. Давлат Усмон то ҳанӯз иддао дорад, ки ворид кардани номи ӯ дар баргаҳои интихоботӣ хилофи хоҳиши ӯ сурат гирифтааст. Маҳз пас аз ин маърака ӯ сафи ҲНИТ-ро тарк кард, ки он замон ҳизби ғайриқонунӣ эълон нашуда буд. Дар интихоботи соли 1999 Қувват Султону Зафар Икромов ҳам ба унвони номзад раҳ наёфтанд. Бо ин вуҷуд, эълони натиҷаи рекордиро мешавад чун туҳфаи мардум ба Эмомалӣ Раҳмон қабул кард, ки ду сол пеш бо мухолифони худ Созишномаи сулҳ баст.
Аммо дар маъракаҳои солҳои баъдӣ талаботи “одами нав”, ки дар соли 1994 муҳим арзёбӣ мешуд, акнун хавфнок арзёбӣ мегардид. Инро чунин шарҳ медоданд, ки бо омадани шахсияти дигар ба мақоми президентӣ вазъият метавонад аз нав тезутунд шавад. Дар натиҷа, интихоботи солҳои 2006 ва 2013-ро Комиссияи марказии интихобот мутаносибан бо хулосаи 79,3% ва 83.9 дарсад ҷамъбаст кард.
Кам шудани овози мардумро, албатта идеологҳои ҳукумат ба коҳиш ёфтани обрӯ ва нуфузи номзад ва пешвои худ маънидод намекунанд. Гап сари ворид кардани номзадҳои бисёри бигзор барои интихобкунанда ношинос меравад, ки бояд як миқдор овозҳоро соҳиб шаванд. Ин нуктаро ҳам набояд ҷиддӣ гирифт, ки ҳамаи ин номзадҳо пеш аз сабти номи худ имзои панҷ фоизи интихобкунандаҳоро ҷамъоварӣ мекунанд, пас чӣ гуна ҳатто ин миқдори овозро соҳиб нашуданд.
Бо ду сабаб:
- Ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ метавонад нигоҳ ва хулосаи одамонро дар бораи номзадҳо дигар намояд ва онҳо номзади дигареро барои худ интихоб кунанд. Ин дар сабқатҳои сиёсӣ як чизи табиист;
- Ҳар дафъа сабти номи номзадҳои барои аксарият ношинос шубҳаеро ба миён меорад, ки онҳо худашон ин овозҳоро ҷамъоварӣ карда бошанд, баръакс, мегӯянд ба онҳо “ёрӣ кардаанд”.
Дар ҳамин ҳол, ҷамъбасти интихоботи президентӣ дар соли 2020 бо “овози рекордӣ” барои ҳукумати Раҳмон ва идеологҳояш шояд муаммои асосӣ бошад. Интихоботи Белорус исбот намуд, ки мардум ҳатто 80 дарсади овозҳоро дигар қабул надоранд. Аз ҷониби дигар, Эмомалӣ Раҳмон аввалин бор аст, ки дар интихобот таҳти унвони Пешвои Миллат вориди корзор мешавад. Дар сурати камтар аз интихоботҳои дигар анҷом шудани ин маърака саволу шубҳаҳо пеш меоянд.
Тибқи ахбори аллакай паҳншуда ҳоло 4 ҳизби сиёсӣ ва Иттифоқҳои касаб номзад пешниҳод кардаанд. Сотсиал-демократҳои Зойиров изҳор доштанд, ки раисашон номзад намешавад ва ҳатто имкон дорад интихоботро “ғайриқонунӣ” ва таҳрим эълон намоянд.
Коммунистҳо ба эҳтимоли қавӣ номзади худӣ нахоҳанд дошт ва фикр мекунам 5-уми сентябр аз номзади пешбарикардаи ҲХДТ ҷонибдорӣ мекунанд. Ба ҳар ҳол, ба раиси нави ин ҳизб, ки ҳамчун кӯҳансолтарин вакили парлумон бояд то интихоби раиси Маҷлиси намояндагон иҷлосияи аввалинро раҳбарӣ мекард, ин ҳақ муроот нашуд. Шояд гап дар бораи “камтаҷрибагии” Абдуллоев меравад, ки аслан дар муҳити сиёсӣ одами нав аст ва пеш аз ин танҳо корманди мақомоти қудратӣ буда, фикр мекунам, ҳунари пешбарии чунин маъракаҳоро надорад.
Маълум аст, ки иштироки чунин одам дар маъракаҳои муҳим моҳияти онро ҳарчӣ камтар мекунад. Коммунистон номзади муносиби дигаре ба эҳтимол пайдо накардаанд. Шабдолов дар ҳизб нест. Раҳматии Исмоил Талбаков ҳам, ки интихоботи президентии соли 2013-ро то ҷое гарм кард, дигар нест.
Ин ҳам маълум нест, ки аз номзадҳои пешбаришуда кадомеро КМИР сабти ном мекунад. Фарзи мисол, соли 2006 аз байни номзадҳо Таваралӣ Зиёевро, ки аз ҷониби “ҷиноҳи Собиров”-и ҲДТ пешниҳод шуда буд, ба қайд нагирифт. Соли 2013 нерӯҳои мухолиф гуфтанд, ки 210 000 имзоро ҷамъ оварда натавонистанд ва аз маърака хориҷ шуданд. Ҳарчанд гуфта мешуд дароз кардани муҳлати ҷамъоварии имзо маҳз барои он буд, ки то Ойниҳол Бобоназарова ба сабқат раҳ ёбад.
Ба ғайр аз ин, Иттифоқи ҷавонон ҳам бояд номзад пешбарӣ кунад. Ин ҷои баҳс надорад, онҳо аз номзаде пуштибонӣ мекунанд, ки ҳукумат ва ҲХДТ мехоҳад.
Дар ин сурат, ҳадс задан мумкин аст, ки аз чаҳор нафари аллакай пешниҳодкардаи аҳзоб як ё ду нафар “бо сабаби ҷамъ карда натавонистани имзо” аз сабқат берун мешавад. Ҳамин тавр, ба маъракаи асосӣ ду ё се нафар аз пешниҳодшудаҳо ва як “номзади аслӣ” раҳ хоҳанд ёфт.
Саволи асосии интихоботи соли 2020 ҳамин аст: ҲХДТ, Иттифоқи ҷавонон ва эҳтимол ҲКТ киро ба номзадӣ пешниҳод хоҳанд кард?
Агар се “номзади бегона” ворид шуда, дар маҷмӯъ 15 дарсади овозҳоро соҳибӣ кунанд, барои Пешвои миллат 85% аз як ҷиҳат кам аст, аз сӯи дигар дар назардошт бо ҳаводиси Белорус шояд хавфнок намояд. Иддаоеро, ки дар Тоҷикистон эҳтимоли ин гуна ҳолат нест, набояд аз ҳад ҷиддӣ гирифт. Лукашенко ҳам чунин мепиндошт.
Пас шояд сенарияе ҳам дар Қасри Миллат мавриди андеша бошад, ки дар ҳамин вазъият номзади онҳо Рустами Эмомалӣ бошад, беҳтар аст?
Дар он сурат, номзадҳои эҳтимолӣ метавонанд 4-5 нафар ҳам бошанд. Барои “шаҳрдори ҷавону умедбахш” ва аз ҳама муҳимаш – “сер”, ки онро як омили муҳими интихоботҳо дар Тоҷикистон медонанд, дар аввал гирифтани 50 ва каму беш аз он раъйи мардум натиҷаи бад нест. Ҳам шубҳаҳо кам мешаванд, ҳам институти Пешвои Миллат ба кори амалӣ даромада, ҳарфи ахирро хоҳад гуфт...
Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.