Хабаргузории "Рейтерз" бо такя ба пойгоҳҳои хабарии марбут ба "Давлати исломӣ" навишт, ки ин гурӯҳ масъулияти шӯриш дар ин зиндонро, ки мунҷар ба кушта шудани 32 нафар шуд, бар ӯҳда гирифт.
Гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ҳафтаномаи хабарии худ бо номи Al-Nabaa, ки рӯзи панҷшанбеи 13-уми июн нашр шуд, навиштааст, "ҳамлаварон сарбозони хилофат буданд". Аммо ин гурӯҳ барои исботи ин иддаои худ санад ва нишонаҳое ироа накардааст.
Гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ҳоле пас аз ҳудуди 25 рӯз масъулияти ин ошӯбро ба дӯш мегирад, ки мақомоти тоҷик билофосила пас аз ҳодиса, ин гурӯҳро масъули шӯриш зиндон дониста буданд.
Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон чанд соат пас аз ҳодиса, дар сар задани он Беҳрӯзи Гулмурод, писари полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов ва се маҳбуси дигар бо номҳои Фатҳиддин Гулов, Маҳмадулло Шарифов ва Руҳулло Ҳасановро гунаҳкор дониста буд. Беҳрӯзи Гулмурод, писари Гулмурод Ҳалимов, аз фармондеҳони гурӯҳи "Давлати исломӣ" мебошад.
Бар пояи изҳороти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, ин афрод дар оғоз се корманди маҳбас - майор Бурҳониддин Муродов, майор Абдуҷаббор Ҳалимов ва лейтенанти калон Маҳмуд Асоевро бо корд қатл расонидаанд ва сипас аз ҷаримагоҳи ин маҳбас 8 нафар аз маҳбусони дигарро, ки ба гуфтаи мақомот, аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ" буданд, озод намуданд.
Ба гуфтаи мақомот, сипас онҳо 5 нафар аз маҳбусон, аз ҷумла рӯҳонии маъруф Саид Қиёмиддини Ғозӣ, узви зиндонии Раёсати ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ Саттор Каримов маъруф ба "Махсуми Саттор" ва Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба "Шайх Темур"-ро куштанд.
Мақомот мегӯянд, сипас аъзои ин гурӯҳ қисми тиббии маҳбасро ба оташ кашида, чанд маҳбусро ба гарав гирифтанд ва ҳадаф доштанд, ки фирор кунанд ва ба кормандони маҳбас ҳамла намуданд. Вазорати адлия гуфт, дар натиҷаи амалиёт 29 узви гурӯҳ "безарар", 35 нафари дигар боздошт ва гаравгонҳо озод карда шуданд.
Мақомот дар шарҳи сабаби ҳодиса мегӯянд, ки "бо мақсади номураттаб сохтани низоми муассиса ва фирор аз он, бетартибӣ ба амал омад". Санҷидани ин иттилоот бо истифода аз манобеи мустақил ҳоло ғайриимкон аст.
Гурӯҳи "Давлати исломӣ" давоми як соли ахир бори севум аст, ки масъулияти ҳодисаҳои хунин дар Тоҷикистонро ба дӯш мегирад. Ин гурӯҳ соли гузашта иддао кард, ки ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара кори дасти ин гурӯҳ буд.
Аммо мақомоти тоҷик гуфтанд, ки фармоишгари ин ҳамла Қорӣ Носир, узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Дар ин ҳодиса 4 сайёҳ кушта ва се тани дигар захмӣ шуданд. Дар вокуниш ба изҳороти мақомоти тоҷик, раёсати ин ҳизб бо пахши баёнияе гуфт, ки иттиҳомоти даст доштани ин ташаккули сиёсӣ ба ҳамла "бепоя ва ғайримантиқӣ" аст.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ошӯби хунин дар зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷандро низ ба бар ӯҳда гирифта буд. Ин гуруҳи террористӣ рӯзи 8-уми ноябри соли тавассути пойгоҳи хабаррасонаш "Аъмоқ" иддао кард, ки ошӯб дар маҳбаси Хуҷандро "яке аз ҷангҷӯёни гурӯҳ барангехт".
Задухӯрд дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат баъд аз ним соли ошӯби хунин дар зиндони рақами сеи Хуҷанд ба вуқӯъ пайваст. Дар ошӯби моҳи ноябри соли гузашта дар шимоли кишвар аз ҳисоби зиндониҳо ва маъмурони маҳбас беш аз бист нафар кушта шуданд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, гурӯҳи ошӯбгарон, ки дар миёни онҳо асосан маҳкумшудаҳо барои узвият дар созмонҳои ифротӣ ва мамнӯе ба мисли гурӯҳи "Давлати исломӣ" мебошанд, мехостанд аз зиндон фирор кунанд. Вале манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки бадрафторӣ бо зиндониҳо ва поймоли ҳуқуқашон, сабаби аслии сар задани ошӯб гардид.