Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бобоназарова: "Дар зиндонҳо бояд ислоҳоти куллӣ сурат гирад" ВИДЕО


Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова, раиси пешини Бунёди Сорос дар Тоҷикистон ва довталаби курсии президентӣ дар интихоботи соли 2013 дар гуфтугӯи ихтисосӣ ба суолҳои Радиои Озодӣ посух дод.

Бобоназарова дар оғози суҳбат ба ин суол, ки ҳоло машғули чӣ кор аст, гуфт:

"Мисли солҳои қаблӣ ба ҳимояи ҳуқуқи инсон машғулам. Вале созмони "Перспектива+", ки пештар дар он кор мекардам, чандон фаъол нест. Зеро, аз соли 2013 ба ин тараф ҳеҷ тарҳе барои сармоягузорӣ таҳия накардаам ва ба ин далел маблағгузорӣ ҳам нест. Бо мардуми зиёд тамоси телефонӣ дорам, номаҳо менависанд ва ҳафтае чанд дафъа бо онҳо мулоқот мекунем. Талош мекунам барои ҳалли мушкили сокинони камбизоат кумак расонам."

Радиои Озодӣ: Дар солҳои Шӯравӣ мудири факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ будед. Ҳоло гуфта мешавад, ки муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, ба вижа, донишгоҳҳо зиёд фасодзада шудаанд. Ба назари Шумо чаро чунин вазъ пеш омадааст?

Ойниҳол Бобоназарова: "Агар факултаи ҳуқуқшиносиро дар солҳои кории ман ва имрӯз муқоиса кунем, фарқ хеле зиёд аст. Дар гузашта мафҳуми таҳсили шартномавӣ аслан вуҷуд надошт. Довталабони беҳтарин ба ин факулта дохил мешуданд. Новобаста аз он ки падари довталабон кист, танҳо бо дониши беҳтари худ донишҷӯ мешуданд. Довталабон ҳамасола дар гузашта низ барои дохил шудан ба ин факулта зиёд буд, аммо беҳтаринҳо барои таҳсил қабул мешуданд. Ҳоло, ки низоми шартномавӣ дар ин факулта роҳандозӣ шудааст, танҳо фарзандони афроди сарватманд метавонанд ҳаққи таҳсилро пайдо кунанд.

Бобоназарова: "Бояд дар зиндонҳо ислоҳот сурат бигирад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:38 0:00

Ҳамчунин фарзандони мақомоти баландпоя низ ба ин факулта қабул карда мешаванд. Донишҷӯёне, ки ба таври шартномавӣ таҳсил мекунанд, барои донишгирӣ чандон талош намекунанд. Худи идораҳои давлатӣ гузориш медиҳанд, ки дар бахши маориф ва тиб сатҳи фасод хеле баланд аст. Дар ҷое, ки фасод вуҷуд дорад, дониш нахоҳад буд. Дар гузашта устодони варзида ба донишҷӯён дарс мегуфтанд. Ҳамаи онҳо докторҳои илм ва профессору академик буданд. Барои номзади илм шудан даҳҳо сол кор мекарданд, барои гирифтани унвони доктори илм ба камияш 15 сол заҳмат мекашиданд. Ҳоло дар байни ду сол омӯзгори ҷавон номзади илм шуда, баъд аз ду соли дигар доктори илм. Баъд аз чанд соли дигар академик ҳам мешавад. Аммо "Диссернет" собит сохт, ки миқдори олимони асардузди тоҷик зиёд будааст. Ин амр шарафи Тоҷикистонро поин мебарад."

Радиои Озодӣ: Мо иттилоъ дорем, ки солҳои охир чанд барномаеро барои дастгирии зиндониён ва наздиконашон иҷро кардаед. Аммо дар ним соли ахир дар ду зиндони бузурги Тоҷикистон - дар Хуҷанд ва Ваҳдат ошӯбҳои хунин сар зад. Ба бовари Шумо сабаби ин ошӯбҳо чӣ буда метавонад?

Ойниҳол Бобоназарова: "Сабаби асосии ин ошӯбҳо дар анҷом нашудани ислоҳоте аст, ки ҳукумат онро ваъда дода буд. Ҳукумат ҳамчунин ислоҳот дар бахши милитсия ва додгоҳҳоро ваъда дода буд, аммо онҳо низ иҷро нашудаанд. Қаблан низоми зиндонҳо дар итоати Вазорати корҳои дохилӣ буд ва азбаски дар фаъолияти ин вазорат сахтгириҳо мушоҳида мешуд, мо худ пофишорӣ кардем, ки умури зиндонҳо ба итоати Вазорати адлия гузаронда шавад. Ҳамин тавр ҳам шуд, вале дар қарори ҳукумат роҳандозии ислоҳот дар ин соҳа низ пешбинӣ шуда буд, ки то ҳол иҷро нашудааст. Дар ин сохтор ҳамон кадрҳои пештара боқӣ монданд. Ба ин далел, то замоне ки дар ин бахш ислоҳоти ҷиддӣ сурат нагирад, беҳбудӣ дар фаъолияти зиндонҳо сурат нахоҳад гирифт. Гузашта аз ин, дар сохторҳои дигар фасоди густарда вуҷуд дорад ва дар умури зиндонҳо, ки пӯшида дониста мешавад, ҳатман фасодкорӣ вуҷуд дорад. Зиндониҳое, ки имкони додани маблағеро надоранд, бо эҳтимоли зиёд аз сӯи зиндонбонҳо мавриди шиканҷа қарор мегиранд. Солҳои пеш ман ҳақ доштам, вориди зиндонҳо шуда, бо маҳбусон сӯҳбат кунам. Ҳатто боре як маҳбус бо номи Тошев гуруснанишӣ кард ва маро даъват карданд, ки барояш худдорӣ аз ин корро фаҳмонам."

Радиои Озодӣ: Манзуратон Садриддин Тошев аст?

Ойниҳол Бобоназарова: "Бале. Вай аз гуруснанишинӣ дар ҳоли марг буд. Барояш гуфтам, агар гуруснанишиниро идома дода, бифавтӣ, фикр мекунӣ ҳукумат хурсанд мешавад? Танҳо наздиконат ғам мехӯранд. Ту бояд дар бораи онҳо фикр бикунӣ. Баъд аз ин сӯҳбат бароямон ғизо оварданд ва мо якҷо хӯрок хӯрдем. Чанд зиндонӣ бароям аз дохили зиндон занг мезаданд. Бубинед, агар фасодкорӣ набошад, дар дасти маҳбусон аз куҷо телефон пайдо мешавад? Ба нафаре аз онҳо гуфтам, ки Шумо бо ин занг қоидаи маҳбасро вайрон мекунед, гуфт, муаллима "ғамашро нахӯред", ҳисобашро меёбем. Паҳлӯи дигари ин масъала дар он аст, ки дар як шабонарӯз барои як зиндонӣ аз будҷа 10 сомонӣ ҷудо мешавад, ин ҳам барои нигаҳдориву ҳам барои ғизо. Ҳарчанд хароҷоти будҷа барои нигаҳдории маҳбусон махфӣ мебошад.

Бобоназарова: "Додгоҳ бояд мустақил бошад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:27 0:00

Вақте назди маҳбаси воқеъ дар паси чойхонаи "Роҳат" меравед, мардум машғули харидории ғизо барои наздиконашон дар зиндон ҳастанд. Яъне, ғизое, ки ба маҳбусон медиҳанд, кофӣ нест. Вақте ба маҳбусон ғизои кам медиҳанду имкони дидор бо наздиконашонро намедиҳанд, зиндониён сахт асабонӣ мешаванд. Ошӯбгарони зиндони Хуҷанд ва Ваҳдат дарк мекарданд, ки имкони фирор аз зиндон вуҷуд надорад. Онҳо ё кушта мешаванд ва ё берун аз маҳбас низомиён онҳоро ба қатл мерасонанд. Таҷрибаи фирори 25 боздоштшуда аз боздоштгоҳи Душанбе далели ин фикр аст. Ман бо бархе аз ин фирориён, аз ҷумла додари Ғаффор Мирзоев дар Қӯрғонтеппа (Бохтари феълӣ - РО) мулоқот карда будам ва онҳо гуфтанд, ки шароити зиндагӣ дар боздоштгоҳ онҳоро барои фирор водор карда буд. Ҳукумат артишу сохторҳои низомӣ дорад ва рӯшан аст, ки фирори онҳо ҳаргиз муваффақона нахоҳад шуд. Пас, чӣ водор кард, ки онҳо ба ин кор даст зананд?"

Радиои Озодӣ: Воқеан, ба назари Шумо ин ошӯб буд ё амали тарҳрезишуда?

Ойниҳол Бобоназарова: "Чун ҳуқуқшинос мегӯям, ки ҳоло комиссияи махсус таъсис шуда, ҷузъиёти ин ду ошӯб баррасӣ мешавад. Фарзияҳо мухталифанд, вале ҳанӯз касе дар ин бора дақиқ гуфта наметавонад. Аммо агар ҳукумат хоҳад, ки ба натиҷаи ин комиссияи тафтишотӣ мардум бовар кунанд, бояд ба ҳайати он намояндагони ҷомеаи маданӣ, ҳуқуқшиносони мустақил ва хабарнигорон ворид карда шаванд. Агар ин намояндаҳо ворид карда нашаванд, ба натиҷаҳои баровардаи комиссия бовар кардан душвор аст. Ман тааҷҷуб мекунам, ки магар 2,5 ҳазор маҳбуси як зиндон наметавонистанд 20 ошӯбгарро безарар созанд ва шарт буд, ки ба хотири онҳо ин қадар маҳбусон кушта шаванд? Ин маҳбусон аслиҳа ҳам надоштанд. Мақомот мегӯянд, ки онҳо дар даст корд доштанд, аммо ин суол матраҳ аст, ки кордро аз куҷо гирифтаанд? Дар кишварҳои дигари ҷаҳон агар дар зиндон чунин ошӯбе сар занад, мақомот тӯли ҳафтаҳо бо ошӯбгарон музокирот мекунанд ва ҳатто наздикони онҳоро даъват мекунанду аз ошӯбгарон сабаби ба ин кор даст заданашонро мепурсанд. Шарт буд, ки дар тӯли ним соат ин ошӯбро хомӯш карда ин қадар талафоти ҷониро дар пай дошта бошад? Дар онҷо сохторҳои вижа ҳастанд. Онҳо ба куҷо менигаристанд, ки чунин ошӯб сар зад?"

Радиои Озодӣ: Солҳои гузашта дар Тоҷикистон вакилони дифои саршиносе ба мисли марҳум Файзиннисо Воҳидова, Шӯҳрат Қудратов ва Бузургмеҳр Ёров буданд, ки мардум ба онҳо бовар доштанд. Ҳоло дар фазои ҳуқуқии Тоҷикистон вакили дифои саршиносе дида намешавад, чаро?

Ойниҳол Бобоназарова: "Ростӣ, нигаронии ман аз замоне сар зад, ки қонуни конститутсионӣ дар бораи адвокатҳоро ба қонуни маъмулӣ табдил доданд. Вақте низоми кишвар демократӣ нест, вакили дифоъ аслан шахси матраҳ дар ҷомеа дониста намешавад. Дар Тоҷикистон аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ чунин буд. Адвокатҳо чӣ дар гузашта ва чӣ ҳоло ҳамвазни додситонҳо нестанд. Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон судҳо низ мустақил нестанд. Додрасҳо танҳо ба ҳарфи додситонҳо гӯш медоданд ва вакилони дифоъ ҳам дар гузашта ва ҳам ҳоло як нафари рамзӣ шудааст. Дар бештаре аз кишварҳо ниҳодҳои тафтишотӣ мустақиланд, аммо дар Тоҷикистон -- на. Муфаттишони мо ба хотири анҷоми кори парванда боздоштшударо мезананд, латту кӯб мекунанд, зеро бояд баёноти заруриро аз онҳо бигиранд. Паҳлӯи дигари ин мушкил аз он иборат аст, ки дар Тоҷикистон бештаре аз парвандаҳо махфӣ эълон шуда, муҳокимаҳои додгоҳӣ паси дарҳои баста мегузаранд. Яъне, дар ин ҷо ҳам шаффофият аз байн меравад. Ахиран, Нуриннисо Рустамова, хоҳари қаҳрамони ҷаҳон Зебуннисо Рустамова барои ғайриқонунӣ аз кор барканор шуданаш ба ман муроҷиат кард. Ҷавобгар Муродалӣ Алимардон (Муовини пешини Сарвазири Тоҷикистон, Раиси ҶСК “Агроинвестбонк”-- Идора) буд. Вақте ба толори додгоҳ дар шаҳри Хуҷанд омадам, маро иҷозат надоданд, ки ворид шавам. Гуфтанд, ҷойи нишаст нест. Чунин ҳолатҳо ва мустақил набудани судяҳову ниҳодҳои тафтишотӣ боис мешаванд, ки дигар вакилони боҷуръате рӯйи саҳна намеоянд. Дар бораи муҳокимаҳои додгоҳии аъзои раёсати ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ман аслан хомӯшам. Вақте Бузургмеҳр Ёровро паси дарҳои баста муҳокима мекарданд, ман тавонистам вориди толори додгоҳ шавам. Вай мисли ҳамеша бовиқор ва бо далел аз худ ҳимоят мекард. Дар чеҳраи вай ҳатто нишони маъюсӣ набуд. Худро гунаҳкор ҳисоб намекард."

Радиои Озодӣ: Тафтишот ва муҳокимаи парвандаи ошӯб дар зиндони Хуҷанд ва Ваҳдат низ махфӣ эълон шудааст. Фикр мекунед, чаро?

Ойниҳол Бобоназарова: "Фикр мекунам, ҳеҷ ошӯбе сирри махфӣ надорад. Қонунгузорӣ масоилеро мушаххас кардааст, ки махфӣ дониста мешавад. Қатли ҳамдигари ду нафар ҳеҷ гоҳ махфӣ дониста намешавад. Сабаби ин ошӯбҳо сурат нагирифтани ислоҳот дар умури зиндонҳо, милитсия ва судҳо мебошад. Баъд аз ошӯби зиндони Хуҷанд чанд нафарро аз кор барканор карданд. Аммо бо омадани афроди нав вазъият дигар намешавад. Бояд ислоҳоти куллии системаи зиндонҳо сурат бигирад."

Радиои Озодӣ: Шумо дар гузашта довталаби курсии раисҷумҳури Тоҷикистон будед...

Ойниҳол Бобоназарова: "Бале. Асосан Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва як ҷиноҳи Ҳизби сотсиалист аз ман ҳимоят мекраданд. Дар охир ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ бо шартҳое аз номзадии ман ҳимоят карданд. Рӯҳониёни ҳизб гуфтанд, ки худашон ба номзадии ман раъй медиҳанд, вале чӣ гуна ба аъзои худ дар маҳалҳо бифаҳмонанд, ки бояд ба зани бе сатр овоз диҳанд. "

Радиои Озодӣ: Баъд аз пешбарии номзадии Шумо оё мақомот фишорҳо оварданд?

Ойниҳол Бобоназарова: "Шахсан ба ман не. Аммо ба наздиконам фишорҳои зиёд оварданд."

Радиои Озодӣ: Агар номзадии Шумо дар интихоботи ояндаи президентӣ пешниҳод шавад, ширкат мекунед?

Ойниҳол Бобоназарова: "Ширкат мекунам. Аммо қонунгузорӣ муқаррар кардааст, ки дар интихоботи президентӣ танҳо ҳизбҳо метавонанд номзадеро пешбарӣ кунанд. Кадом ҳизб номзадии маро пешниҳод мекунад?​"

XS
SM
MD
LG