Хадамоти матбуоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 20-уми май бо нашри як изҳорот гуфт, ки дар миёни кушташудаҳо Саид Қиёмиддин Ғозӣ, Махсуми Саттор ва Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба "Шайх Темур", низ ҳастанд. Наздикони бархе аз ин афрод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомот дар ин бора ба онҳо хабар доданд.
Ҳодиса чӣ гуна сар зад?
Дар сар задани ин ошӯб Беҳрӯзи Гулмурод, писари полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов ва се маҳбуси дигар бо номҳои Фатҳиддин Гулов, Маҳмадулло Шарифов ва Руҳулло Ҳасанов, гунаҳкор дониста мешаванд. Бар пояи изҳороти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, ин афрод дар оғоз се корманди маҳбас - майор Бурҳониддин Муродов, майор Абдуҷаббор Ҳалимов ва лейтенанти калон Маҳмуд Асоевро бо корд қатл расонидаанд.
Ба иттилои манбаъ, сипас онҳо аз ҷаримагоҳи ин маҳбас 8 нафар аз маҳбусони дигарро, ки ба гуфтаи мақомот, аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ" буданд, озод карда ва сипас 5 нафар аз маҳбусон, аз ҷумла Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Саттор Каримов маъруф ба "Махсуми Саттор" ва Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба "Шайх Темур"-ро куштанд.
Мақомот мегӯянд, сипас аъзои ин гурӯҳ қисми тиббии маҳбасро ба оташ кашида, чанд маҳбусро ба гарав гирифтанд ва ҳадаф доштанд, ки фирор кунанд ва ба кормандони маҳбас ҳамла намуданд. Вазорати адлия мегӯяд, дар натиҷаи амалиёт 29 узви гурӯҳ "безарар", 35 нафари дигар боздошт ва гаравгонҳо озод карда шуданд.
Мақомот дар шарҳи сабаби ҳодиса мегӯянд, ки "бо мақсади номураттаб сохтани низоми муассиса ва фирор аз он, бетартибӣ ба амал омад". Санҷидани ин иттилоот бо истифода аз манобеи мустақил ҳоло ғайриимкон аст.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Диловар Файзализода, сухангӯи Додситони кулл рӯзи 20-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтишот идома дорад ва сабабу омилҳои беназмӣ таҳқиқ мешавад.
Наздикон интизори ҷасадҳои азизони худ
Абдураҳими Саттор, писари Саттор Каримов (Махсуми Сатттор) гуфт, аз маъмурияти зиндон ба онҳо занг зада гуфтанд, ки барои қабули ҷасади падараш омода бошанд.
Саттор Каримов, узви баландпояи Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон соли 2015 боздошт ва барои ҳамдастӣ дар "табаддулоти Ҳоҷӣ Ҳалим" 26 сол зиндон шуд. ҲНИТ ин иттиҳомро сохта медонад.
Абдураҳими Саттор мегӯяд, бо модараш бори охир 9-уми апрели соли равон бо падараш дар зиндон вохӯрд. Ӯ меафзояд, падараш дар сӯҳбат аз баҳс бо пайравони гурӯҳҳое дар дохили зиндон ёд карда буд.
Яке аз писарони Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, кормандони умури дохилаи ноҳияи Хуросон ба онҳо занг зада ва гуфтаанд, ки барои дарёфти ҷасади Эшони Қиёмиддин ба Душанбе равонанд. Вай афзуд, дар нимаи дуввуми рӯз ҷасади падарашро бо корманди милиса ба ноҳия мебаранд ва ба хок месупоранд.
Ӯ афзуд, аз ду моҳ ба ин тараф ҳам вакили мудофеъаш ва ҳам кормандони маҳбаси Ваҳдат мегуфтанд, ки вай раҳо мешавад ва аҳли хонавода дар интизори озодиаш буданд. "Мо ҳеҷ интизор надоштем, ки чунин иттифоқ меафтаду ба ҳалокат мерасад" - гуфт писари Саид Қиёмиддини Ғозӣ.
Нигаронии наздикони маҳбусон
Дар муассисаи ислоҳии 3/2, маъруф ба " Кирпичний", ҳудуди якуним ҳазор маҳбус нигаҳ дошта мешаванд. Наздикони даҳҳо маҳбус аз субҳи рӯзи 20-уми май дар назди зиндон ҷамъ омаданд ва мехостанд, дар бораи пайвандонашон маълумоте пайдо кунанд.
Онҳо гирёну нигарон аз кормандони интизомӣ дар бораи сарнавишти пайвандони худ мепурсиданд ва талаб доштанд, ки бо масъулини зиндон мулоқот кунанд.
Аммо милисаҳо намегузоштанд, ки онҳо ба бино наздик шаванд. Танҳо посухе, ки ба пайвандони маҳбусон дода мешуд, ин буд, ки маҳбусони фавтидаро баъд аз зӯҳри имрӯз, ба наздиконаш месупоранд.
Писарони Махсуми Саттор ҳам дар миёни ин издиҳом буданд ва ба фарқ аз аксарияти дигар, барои онҳо хабари марги падарашон маълум буд. Яке аз фарзандони ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки хабарро тариқи расонаҳо фаҳмиданд ва мехост, ки дақиқ кунад кай ҷасадҳоро ба онҳо месупоранд.
"Наход дар дохили зиндон ҳамин хел гапҳо шавад?"
Аммо Зайнаб Зумратова имрӯз қарор буд бо бародараш Рустам Зумратов, ки 19 сол маҳкум ба зиндон шудааст, мулоқот кунад. Аммо масъулин ба вохӯрӣ иҷоза надоданд. Ӯ бо ашк дар чашм мегуфт, дар бораи сарнавишти бародараш ба ӯ чизе намегӯянд: "Бародари ман як одами пир буд. Бегуноҳ ӯро суд карданд. Ҳоло намедонам чӣ аҳвол дорад."
Қурбонгул Ҷамолова, дар миёни модарони дигар, беист гиря мекард ва аз сарнавишти ягона фарзандаш нигарон буд. Қурбонгул мегӯяд, фарзанд надорад ва бо умеде, ки дар пири бекас намонад, писари бародарашро ба фарзанди гирифтаву бузург карда буд. "Ҳамин бача маро нигоҳубин мекард."
Нақли як шоҳид
Шаби 19-уми май манобеи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки дар зиндони "Кирпичний"-и шаҳри Ваҳдат байни маҳбусон ва нозирони зиндон задухӯрд шудааст.
Манобеъ гуфтанд, дар ин даргирӣ аз ҳарду тараф чандин нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Ҳамсарони баъзе аз зиндониён, ки ба дидорбинии онҳо рафта будаанд, гуфтанд, "тирпаронӣ соати нӯҳи шаб оғоз шуд ва беш аз ним соат идома кард".
"Ба назди шавҳарам омада будам ва бояд ду рӯзи дигар меистодам. Аммо ин ҳодиса шуд ва маро ҷавоб доданд. дар Аввал гуфтанд, ки аз ҳуҷраҳо набароед. Баъд гуфтанд, барои бехатарӣ равед. Ҳангоми тирпаронӣ шавҳарам дар наздам буд, лекин ман баромадам ва ӯ дар дохили маҳбас аст. Хавотирам", -- гуфт яке аз занон.
Эшони Қиёмиддин, Махсуми Саттор ва Шайх Темур
Дар миёни зиндониёне, ки дар ин ҳодиса ҷон бохтанд, Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Махсуми Саттор ва Шайх Темур чеҳраҳои маърум ва шинохташуда буданд. Саид Қиёмиддини Ғозӣ, яке аз бунёдгузорони Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ аз моҳи ноябри соли 2017 дар боздошт буд ва моҳи майи соли 2018 ба 25 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боздошт ва дар як шароити мармуз ба Тоҷикистон истирдод шуд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи майи соли гузашта Саид Қиёмиддини Ғозиро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ – "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ", "хиёнат ба давлат" ва "даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ" муҷрим шинохта буд.
Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар солҳои оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз муҷриҳои майдони Шаҳидон – тарафдорони нерӯҳои исломӣ ва демократӣ буд ва ӯро бо унвони ғайрирасмии "генерали мардумӣ" ҳам доданд. Баъди шурӯи ҷанг ба Афғонистон паноҳанда шуда, дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик фаъолият кард.
Бо имзои Созишномаи сулҳ Саид Қиёмиддини Ғозӣ ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ буд. То қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар ин вазифа кор кард ва барои хизматаш дар татбиқи созишномаи сулҳ аз Ҳукумати Тоҷикистон бо ордени "Шараф" қадрдонӣ шудааст.
Саттор Каримов маъруф ба Махсуми Саттор соли 2015 дар пайи қатъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ боздошт ва ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Саттор Каримов 60 сол дошт ва аз ҷумлаи собиқадорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ буд.
Аммо Шайх Темур ё Саидмаҳдихон Сатторов тобистони соли 2015 ба 16 соли низомаш сангин маҳкум шуд. Ин сокини ноҳияи Турсунзода рӯзи 16 феврали соли 2015 дастгир шуд ва бо гуноҳи тамаъҷӯӣ, монеъ шудан ба таҳсили фарзандон, таҳқири ҷасади фавтидагон ба 15,5 сол зиндонӣ шуд.
Ду ҳодисаи хунин давоми 7 моҳ дар зиндонҳои Тоҷикистон
Задухӯрд дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат баъд аз ним соли ошӯби хунин дар зиндони рақами сеи Хуҷанд ба вуқӯъ пайваст. Дар ошӯби моҳи ноябри соли гузашта дар шимоли кишвар аз ҳисоби зиндониҳо ва маъмурони маҳбас беш аз бист нафар кушта шуданд.
Таҳқиқи ин ошӯбро гурӯҳи тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон анҷом дод. Сӣ нафар аз зиндониҳо дубора дар курсии айбдорӣ нишастанд. Додгоҳ охири ҳафтаи гузашта ҳашт маъмури зиндони Хуҷандро барои роҳ додан ба ошӯб маҳкум кард.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, гурӯҳи ошӯбгарон, ки дар миёни онҳо асосан маҳкумшудаҳо барои узвият дар созмонҳои ифротӣ ва мамнӯе ба мисли гурӯҳи "Давлати исломӣ" мебошанд, мехостанд аз зиндон фирор кунанд. Вале манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки бадрафторӣ бо зиндониҳо ва поймоли ҳуқуқашон, сабаби аслии сар задани ошӯб гардид.