Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардум дар бораи ошӯб дар маҳбаси Ваҳдат чӣ медонанд? ВИДЕО


Яке аз наздикони маҳбусон. Рӯзи 20-уми май дар назди зиндони шаҳри Ваҳдат
Яке аз наздикони маҳбусон. Рӯзи 20-уми май дар назди зиндони шаҳри Ваҳдат

Бо гузашти тақрибан як ҳафта аз ошӯби хунин дар зиндони шаҳри Ваҳдат, ҳанӯз баҳси ин ки "дар онҷо чӣ гузашт?", хомӯш нашудааст. Дар ҳодисаи шаби 19-уми май 32 нафар, бо шумули се маъмури зиндон, ба ҳалокат расиданд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, чанд узви маҳкумшудаи гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" нақшаи фирорро кашиданд ва дар оғоз се корманди зиндон ва панҷ маҳбусро куштанд. Баъдан, ба гуфтаи мақомот, худи онҳо аз тарафи нерӯҳои давлатӣ "безарар гардонда шуданд".

Мухолифон ба фарзияи мақомот бо шубҳа менигаранд. Онҳо пайваста ҷавоби ин суолро мепурсанд, ки "чаро мақомот ҷасадҳоро ба наздиконашон насупориданд?"

Радиои Озодӣ давоми ҳафтаи гузашта дар бораи ошӯб, фарзияи мақомоту мухолифон ва, инчунин, назари коршиносон дар бораи сар задани шӯриш ва вазъияти зиндонҳои Тоҷикистон гузориш дод. Ин дафъа аз чанд роҳгузар дар Душанбе пурсид, ки онҳо дар бораи ошӯб дар зиндон чӣ шуниданд ва чӣ медонанд?

Матни ҷавобҳоро дар инҷо хонед:

  • "Ба фикрам, сабабаш беадолатӣ аст. Дар тамоми дунё ин гуна беадолатӣ вуҷуд дорад. Баъзе афрод ноодилона дар маҳбас нишастаанд. Ва инчунин сабабҳои дигар. Тасаввураш ваҳмнок аст, ки агар чунин давом кунад, дар оянда чӣ мешавад. Худо нишон надиҳад."
  • "Мумкин хӯроки бад ё шароити бади нигаҳдорӣ сабаб шудааст."
  • "Маҳбус доим дар якҷо мешинад, дар байни чаҳор девор. То чанд фикр мекунад, ҳолати равониаш вайрон мешавад. Аксари онҳо ба хулосае меоянд, ки роҳи фирорро ёбанд."
  • "Онҳо зиндонӣ шудаанд ва дар онҷо азоби худро мекашанд. Чӣ даркор аст, онҳоро боз азоб додан? Набояд то он дараҷа расонанд, ки маҳбусон ошӯб кунанд. Ба фикрам, коргарони зиндон айбдоранд."
  • "Чун эътиқодашон ба гуруҳи “Давлати исломӣ” будааст, чунин кардаанд. Фанатизм аст. Шояд аз тарафи дигар дар маҳбасҳо таъминот, аз ҷумла хӯрок бад аст. Шояд барои ин бошад."

Видеои суҳбати роҳгузаронро дар инҷо тамошо кунед:

Мардум дар бораи ошӯб дар зиндони Ваҳдат чӣ медонанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

XS
SM
MD
LG