Рӯзи 11-уми март дар боздоштгоҳ (СИЗО)-и рақами 2-и шаҳри Хуҷанд паси дарҳои баста мурофиаи додгоҳии маҳбусони гумонбар дар ташкили ошӯби маҳбаси рақами 3 оғоз гардид.
Мурофиаи мазкур аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон баргузор шуда, дар курсии айбдоршавандаҳо беш аз 30 маҳбуси зиндони Хуҷанд қарор доранд. Исми додраси парвандаи ифшо намешавад ва мақомот дар Додситонии кулл ва ҳам Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтанд, ба далели ин, ки ин парванда мӯҳри махфӣ дорад, ҷузъиёташ ошкор намешавад.
Аз ошӯб дар зиндони Хуҷанд 4 моҳ сипарӣ шуд. То ҳанӯз ҷузъиёти ошӯбро расман шарҳ надодаанд, ҳарчанд борҳо мақомот гуфтанд,ки он аз ҷониби онҳоеташкил шудааст, ки бо иттиҳоми тундгароӣ ҳукм гирифтаанд.
Мурофиа чор моҳ баъди ошӯби пурқурбоние шурӯъ шуд, ки шаби 7 ба 8-уми ноябр сар зад ва ба иттилои мақомот, дар пайи он ҳадди аққал 25 нафар, аз ҷумла, 23 зиндонӣ ва ду корманди зиндон кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, ки гурӯҳи зиндониҳо бо ҳадафи фирор аз зиндон ошӯб бардоштанд, вале ин ошӯб пахш шуд. Манобеи ғайридавлатӣ ва бархе расонаҳои мустақил бо такя ба наздикони зиндониҳо мегӯянд, ки бераҳмиву латукӯби маҳбусон аз ҷониби зиндонбонҳо, сабаби сар задани ошӯб шудааст.
Мурофиа бе ширкати наздикони зиндониён
Соати 10-и рӯзи 11-уми март назди боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд серодам буд. Даҳҳо нафар аз пайвандони зиндониҳо -- аксар падару модарон бо умеди роҳ ёфтан ба мурофиаи додгоҳӣ дар пушти дарвозаи боздоштгоҳ ҷамъ шуда буданд. СИЗО-и рақами 2 дар фосилаи чандсад метр дуртан аз худи зиндони рақами 3-и Хуҷанд ҷойгир аст.
Вале ба гуфтаи волидон, онҳо шоҳиди ба дохили боздоштгоҳ ворид шудани вакилони дифоъ, намояндагони мақомоти додгоҳиву додситонӣ ва чанд мошине шуданд, ки эҳтимолан дар дохилаш муттаҳамони ширкат дар ошӯби зиндон қарор доштанд. Аммо барои ҳеҷ нафари онҳо иҷозаи ворид шудан ба мурофиа дода нашуд. Мақомот пайвандони маҳбусони гумонбарро дар бораи санаи шурӯи мурофиаи додгоҳӣ ҳафтаи гузашта огоҳ карда буданд.
Тафтишоти аввалия беш аз 30 маҳбуси зиндони низомаш сангини рақами 3-и шаҳри Хуҷандро ба содир кардани ҷиноятҳои зиёд, аз ҷумла "куштор", "монеъ шудан ба фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ", "расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ" ва "зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат", айбдор медонад. Бино ба иттилои дастрас, дар парвандаи маҳбусон дар маҷмӯъ 21 моддаи Кодекси ҷиноӣ зикр шудааст, ки гумонбарон дар нақзи он муттаҳам мешаванд.
Нигаронии пайвандон
Модари яке аз маҳбусон, ки писараш барои роҳзанӣ ва дуздӣ ба миқдори махсусан калон мӯҳлати 16 соли зиндонро сипарӣ мекунад, мегӯяд, аз ҷараёни мурофиа ва қарори додгоҳ нигарон аст. Ин зан, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт, бисёр мехоҳад, ки мурофиа дар шароити боз баргузор шавад, хешовандонро ба дохили толор роҳ диҳанд ва ҷараёни мурофиа одилона ва бо риояи ҳуқуқи айбдоршавандаҳо барпо шавад. Ин зан аз тарси ин, ки сӯҳбатҳояш бо матбуот ба ҳукми писараш таъсиррасон мешавад, нахост номаш нашр шавад.
Модари маҳбуси дигаре, ки барои талоши пайвастан ба ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия мӯҳлати 12 соли зиндонро пушти сар мекунад, гуфт, чашм ба роҳи вакили дифои писараш аст, ки субҳ барои иштирок дар мурофиа ба боздоштгоҳ даромада буд.
Вай афзуд, "ӯ гуфта буд, ки соатҳои яки нимрӯзӣ берун мешавад. Аммо то ҳозир даракаш нест. Манро ҳам ба дарун роҳ надоданд. Намедонам, мурофиа чӣ хел рафта истодааст". Модарони маҳбусон мегӯянд, умедвор буданд дар толори мурофиа фарзандонашонро бо чашми худ бубинанд ва аз ҳолашон хабар ёбанд.
Беш аз 30 гумонбар дар курсии айбдорӣ
Вале мақомоти додситониву додгоҳӣ дар рӯзи шурӯи мурофиа ҳам аз шарҳи ҷузъиёти парванда худдорӣ мекунанд. Рӯзи 7-уми март Ихтиёр Шодиев, вакили дифое, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониҳо аз ҷониби давлат таъин шудааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷузъиёти парвандаро ошкор карда наметавонад, чунки он мӯҳри махфӣ дорад. Вале ба гуфтаи ӯ, "қарори ниҳоиро дар бораи гунаҳкор будан ё набудани гумонбарон танҳо додгоҳ хоҳад баровард".
Ба иттилои пайвандони маҳбусони гумонбар дар ширкат дар ошӯби маҳбас, шумораи муттаҳамон ҳадди аққал 30 нафар буда, бархе дар бораи 36 гумонбар ҳадс мезананд. Ошӯб дар маҳбаси низомаш сангини рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд, шаби 7 ба 8-уми ноябр сар зад. Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодиса беш аз бист нафар маҳбусон ва маъмурони маҳбас кушта шуданд.
Модари яке аз маҳбусони гумонбар мегӯяд, бо ин, ки писараш шаби сар задани ошӯб бо ҳамсар ва кӯдаконаш мулоқот дошт, тафтишот ӯро низ аз рӯи ин парванда ба ҷавобгарӣ кашидааст. Ӯ афзуд, "гӯё ба зидди вай шаҳодат додаанд, ки агар он рӯз байни маҳбусон мебуд, ба ошӯб ҳамроҳ мешуд. Вай он рӯзҳо се рӯз дар мулоқот буд, байни маҳбусон набуд, чӣ тавр дар ошӯб шарик будааст?"
Мурофиаи ҷудогона дар Суғд
Субҳи 11-уми март бархе манобеъ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки баробар бо мурофиаи зиндониҳо, мурофиаи раҳбари собиқи маҳбаси сеюми Хуҷанд Файзулло Сафарзод ҳам ба ҳайси гумонбар дар "хунукназарӣ", бояд шурӯъ шавад. Вале тасдиқи дурустии ин хабар фълан имкон надодааст.
Вале охири моҳи феврал ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки парвандаи 8 корманди зиндон ё нозири маҳбаси рақами 3-и шаҳри Хуҷандро додситонӣ барои муҳокима ба Додгоҳи ҳарбии вилояти Суғд фиристодааст.
Парвандаи кормандони зиндон дар аввалҳои ҳафтаи гузашта ба додгоҳ ирсол шуд ва интизор меравад, ки ба зудӣ муҳокимаи зиндонбонҳо ҳам оғоз мешавад.
Як манбаъ аз Додгоҳи ҳарбии вилояти Суғд рӯзи 28-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар парвандаи нозирони маҳбаси Хуҷанд исми раиси пешини он Файзулло Сафарзод ҳам ба ҳайси гумонбар дар "хунукназарӣ" зикр шудааст, ки сабаби сар задани ошӯб шуд.
Дар парванда гуфта мешавад, нозирону кормандони зиндон Фарҳод Сафаров, Диловар Қушматов, Муин Хушқадамов, Лутфиддин Зуҳриддинов ва Оятулло Боқиев дар шаби ошӯби Хуҷанд навбатдор буданд ва барои рух додани ҳодиса бояд ҷавоб диҳанд. Манбаи Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи онҳо дар "хунукназарӣ" гумонбар мешаванд ва бархе иттиҳомоти дигар ҳам доранд.
Маълум нест назари худи онҳо ба ин иттиҳомот чист ва то куҷо худро гунаҳкор эътироф мекунанд. Гумонбарон ҳама дар боздошт ба сар мебаранд.
Аз ошӯб дар зиндони Хуҷанд чаҳор моҳ сипарӣ шуд. То ҳанӯз ҷузъиёти ошӯбро расман шарҳ надодаанд, ҳарчанд борҳо мақомот гуфтанд, ки он аз ҷониби онҳое ташкил шудааст, ки бо иттиҳоми тундгароӣ ҳукм гирифтаанд.
Дар пайи ҳодиса раиси Идораи зиндонҳои Тоҷикистон рӯзи 23-юми ноябри соли 2018 Иззатулло Шарифзода аз мақом барканор шуд. Вай дар вазифаи муовини вазири адлия ва ҳамзамон сардори Идораи зиндонҳо беш аз 12 сол фаъолият кард. Ба ҷойи ӯ ба курсии муовини вазири адлия ва сардори Идораи зиндонҳо Мансурҷон Умаров омад. Умаров то ин дам ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Ошӯб дар зиндони низомаш сангини Хуҷандро яке аз пурқурбонитарин ҳодисаҳо дар зиндонҳоиТоҷикистон меноманд. Раҳбарони корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон аз мақомот хостанд, ки ҳодиса ҳамаҷониба баррасӣ шавад.