Иззатулло Шарифзода, роҳбари барканоршудаи зиндонҳои Тоҷикистон гуфт, феълан дар бораи фаъолияти минбаъдааш фикр дорад. Шарифзода охири ҳафтаи гузашта "ба далели бознишаста шудан", аз мақом барканор шуд.
Иззатулло Шарифзода дар аввалин вокунишаш баъди барканорӣ гуфт, феълан дар бораи нақшаҳои ояндааш фикр дорад. Ӯ дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ, ки ният дорад, ки дар канори наберагон даврони пирӣ ронад афзуд, "фикр мекунам, ки ҳоло ман ҷавон ва пурэнержӣ ҳастам. Ҳоло мебинем."
Иззатулло Шарифзода танҳо мақоми Идораи зиндонҳо нест, ки дар пайи ошӯб дар зиндони Хуҷанд аз курсии худ маҳрум шуд.
Сардори барканоршудаи зиндонҳои Тоҷикистон нахост аз ин бештар сӯҳбат кунад.
Иззатулло Шарифзодаи 64-сола рӯзи 23-юми ноябр ва дар пайи як ошӯб дар зиндони Хуҷанд аз мақом барканор шуд. Ӯ дар вазифаи муовини вазири адлия ва ҳамзамон сардори Идораи зиндонҳо беш аз 12 сол фаъолият кард.
Ба ҷойи Иззатулло Шарифзода ба курсии муовини вазири адлия ва сардори Идораи зиндонҳо, Мансурҷон Умаров омад. Умаров то ин дам ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Баъди беш аз ду ҳафтаи ошӯб
Тағйироти кадрӣ дар раёсати зиндонҳои Тоҷикистон баъди беш аз ду ҳафтаи ошӯб дар маҳбаси рақами 3-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Дар ин ошӯб, ба қавли мақомот, 21 маҳбус ва 2 зиндонбон кушта шуда, панҷ маъмури зиндон шадидан захмӣ гардидаанд.
Дар бораи теъдоди захмиҳо дар миёни маҳбусон иттилоъ дода нашудааст. Қаблан манобеи ғайрирасмӣ теъдоди кушташудаҳоро дар ошӯби зиндони Хуҷанд то панҷоҳ нафар ҳисоб карда буданд.
Ошӯб дар зиндони Хуҷанд аз пурсарусадотарин ҳодисаи чанд моҳи охир дар Тоҷикистон аст. Масъулияти ташкили ин ошӯбро гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" бар уҳда гирифт.
Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳам гуфтанд, ки аксари ошӯбгарон бо ҷурми узвият дар гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ", "Ансоруллоҳ", "Ҷундуллоҳ" ва Ҷунбиши исломии Узбекистон маҳкум шуда буданд.
Барканорӣ ва боздошти 7 корманди зиндони Хуҷанд
Иззатулло Шарифзода танҳо мақоми идораи зиндонҳо нест, ки дар пайи ошӯб дар зиндони Хуҷанд аз курсии худ маҳрум шуд. Пеш аз ин, рӯзи 15-уми ноябр Файзулло Сафарзода, раиси зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд ҳамроҳ бо шаш зердасташ дастгир ва дастикам барои ду моҳ ба ҳабс гирфита шуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 22-юми ноябр дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Брюссел гуфт, як гуруҳи вижа аз Додситонии кул қазияро таҳқиқ доранд.