Як масъули Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки пахши ошӯб дар зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд зарур буд, "вагарна қурбонӣ зиёд мешуд".
Исёни маргбор дар зиндони Хуҷанд шаби 7-уми ноябри соли гузашта рух дод ва аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ боқӣ гузошт. Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол ҷузъиёти ҳодисаро ошкор накардаанд.
Ҳафтаи равон вазири адлияи Тоҷикистон, ки идораи зиндонҳо дар итоаташ аст, низ аз посух гуфтан худдорӣ варзид, чун гуфт, таҳқиқ ҳанӯз ба поён нарасидааст.
Эътилофи зидди шиканҷа, гуруҳе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Тоҷикистон рӯзи 1-уми феврал бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, масъалаи ошӯб дар зиндони Хуҷанд рӯзи 29-уми январ дар ҷаласае бо ҳузури намояндагони мақомот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ шуд.
Илҳом Назиров, намояндаи Додситонии кул ва корманди бахши махсуси додситонӣ оид ба назорат бар қонуният дар маҳбасҳо, дар ин нишаст гуфтааст, "амалиёт барои пахши исён зарур буд".
"Агар амалиёт сурат намегирифт, қурбониёни ҳодиса ба маротиб бештар мебуд. Исёнгарон аз маҳбас берун шуда, хешовандони барои аёдатомадаро гаравгон мегирифтанд. Ҳоло таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Бояд таъкид кард, ки низоми ин маҳбас лагерӣ (бошишгоҳӣ) аст, на утоқӣ”, - афзудааст ӯ. (Дар маҳбасҳои низомаш лагерӣ дар як ҷо аз 30 то 40 нафарро нигоҳ медоранд)
"ДАР ҲОДИСА 50-60 НАФАР ҶОН НАБОХТААНД"
Ин масъули Додситонии кул гуфтааст, "саркардаҳои ошӯб дар зиндони Хуҷанд бо ҷурми терроризм ва тундгароӣ маҳкум шуда буданд ва бераҳмона кормандони зиндонро ба қатл расониданд".
Назиров дар идома баъзе омори нашршуда дар бораи шумораи кушташудаҳоро низ нодуруст хонда ва гуфтааст, "дар ин ҳодиса на 50-60 нафар, балки 21 нафар ҷон бохтанд".
Мақомот дар бораи исён дар зиндони Хуҷанд ва сабабҳои сар задани он зиёд шарҳ намедиҳанд. Вазири адлияи Тоҷикистон Рустами Шоҳмурод рӯзи 28-уми январ дар нишасти хабарӣ аз посух гуфтан ба суолҳо дар бораи ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд худдорӣ кард.
Зариф Ализода, омбудсмени Тоҷикистон, рӯзи 31-уми январ дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, баъди исён ба зиндони Хуҷанд нарафтааст, чун поёни таҳқиқотро интизор аст.
"АЗ ҒИЗО ТО РАХТИ ХОБРО МЕСАНҶЕМ"
Вай афзуд, "мо ҳамаи маҳбасҳо, аз ҷумла зиндони шаҳри Хуҷандро санҷиш хоҳем кард. Шароити буду боши маҳбусҳо, масъалаи таъмини онҳо бо ғизо ва рахти хобро месанҷем. Ин иқдом дар барномаи мо дар соли 2019 ҷой дода шудааст. Ҳамчун омбудсмен баъди сар задани ошӯби зиндони Хуҷанд ҳанӯз ба он ҷо нарафтам ва мунтазири анҷоми тафтишот ҳастам."
Дар пайи ҳодиса Иззатулло Шарифзода, раиси Идораи зиндонҳои Тоҷикистон рӯзи 23-юми ноябр аз мақом барканор шуд. Вай дар вазифаи муовини вазири адлия ва ҳамзамон сардори Идораи зиндонҳо беш аз 12 сол фаъолият кард. Ҳамчунин, чанд масъули дигари идораи зиндонҳо дар пайи ошӯб дар зиндони Хуҷанд аз мақомҳояшон барканор шуданд.
ТАЛАБИ ДИПЛОМАТҲОИ ХОРИҶӢ АЗ МАҚОМОТ
Ба ҷойи Иззатулло Шарифзода ба курсии муовини вазири адлия ва сардори Идораи зиндонҳо, Мансурҷон Умаров омад. Умаров то ин дам ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Ошӯб дар зиндони низомаш сангини Хуҷандро яке аз пурқурбонитарин ҳодисаҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон меноманд. Раҳбарони корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон аз мақомот хостанд, ки ҳодиса ҳамаҷониба баррасӣ шавад.