Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки ошӯбгарон дар зиндони сеи шаҳри Хуҷанд ҳафт нозири маҳбасро гаравгон гирифта ва дар иваз аз ҳукумат озодиашонро талаб карда буданд. Рамазон Раҳимзода рӯзи 14-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, "азбаски талаби онҳо ғайриқонунӣ буд, нерӯҳои махсус вориди амалиёт шуданд".
Таҳқиқи ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷандро гурӯҳи тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон пеш мебарад
Ба қавли вазир, нерӯҳои ОМОН панҷ гаравгонро аз дасти исёнгарон озод кардаанд. "Аллакай ду гаравгон кушта шуда буданд. Мо тавонистем панҷ нафари боқимондаро озод кунем", - афзуд ӯ.
Охири моҳи январ Илҳом Назиров, намояндаи Додситонии кул, низ дар як нишаст дар Душанбе гуфта буд, "амалиёт барои пахши исён зарур буд, вагарна қурбониёни ҳодиса ба маротиб бештар мебуд."
Ошӯб дар зиндони сеи Хуҷанд шаби 7 ба 8-уми ноябри соли гузашта иттифоқ афтод. Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодиса аз ду тараф беш аз бист нафар кушта шуданд. Қаблан манобеи ғайрирасмӣ теъдоди кушташудаҳоро то панҷоҳ нафар ҳисоб карда буданд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Масъулияти ташкили ошӯбро гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифтааст. Охири соли гузашта дар як нишасти матбуотӣ дар Брюссел вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфта буд, 12 ошӯбгар узви ДИИШ буда, дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок кардаанд. Рамазон Раҳимзода низ "гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ"-ро масъули исён дар зиндони Хуҷанд донист.
Бо ин ҳол, мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти комили ошӯб дар зиндони Хуҷанд ва иллатҳои онро ошкор накардаанд. Дар ҳоле ки қаблан иддао мешуд гӯиё мавридҳои шиканҷа ва фасод дар ин зиндон ба ошӯб оварда расондааст.
Ду ҳафта пеш вазири адлияи Тоҷикистон, ки раёсати зиндонҳо дар итоаташ аст, аз ҳамагуна ҷавоб гуфтан дар бораи ошӯб худдорӣ кард. Ӯ гуфт, ба ҳамаи суолҳо Додситонии кул баъди анҷоми таҳқиқот посух хоҳад дод.
Таҳқиқи ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷандро гурӯҳи тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон пеш мебарад ва ба гуфтаи манобеи наздик ба он, ин парванда муҳри махфӣ гирифтааст.
Ошӯб дар зиндони низомаш сангини Хуҷандро яке аз пурқурбонитарин ҳодисаҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон меноманд. Раҳбарони корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон аз мақомоти кишвар хостанд, ки ин ҳодиса ҳамаҷониба ва аз рӯи қонун баррасӣ шавад.