152 сомонӣ маош– бо дипломи МГУ

Довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон дар назди Маркази миллии тестӣ

Дар Тоҷикистон тарҳи қароре омода мешавад, ки хатмкардаҳои бахши будҷавии донишгоҳҳои кишварро вазифадор мекунад, дар ҷойи таъйинкардаи ҳукумат на кам аз панҷ сол кор кунанд. Вагарна пули чаҳор ё панҷ соли таҳсил аз онҳо ситонда хоҳад шуд, ки дар маҷмуъ на кам аз 17-20 ҳазор сомонист.

  • Қарор ба касоне рабт хоҳад дошт, ки ҳангоми таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар пул напардохтаанд ваё дар донишгоҳҳои хориҷӣ аз ҳисоби будҷаи давлат таҳсил кардаанд.
Дар моҳи аввали кор 152 сомонӣ маош гирифтам. Харҷи ҳаррӯзаи роҳкиро аз маҳаллаи “километри 9-ум” то Қарияи Боло шаш сомонӣ буд

"Санад имзо мекунанд, ки..."

Интизор меравад, тарҳи нав то моҳи майи имсол омода ва барои тасдиқ ба ҳукумат фиристода шавад. То кунун Вазорати маориф ва илм аз чанд донишҷӯ, ки аз фаъолият дар ҷойҳои муқарраршуда ва бахусус минтақаҳои дурдаст сарпечӣ кардаанд, ҷуброни харҷи таҳсилро талаб карда буд. Аммо бо тасвиб шудани қарори нав фаъолияти ҳамаи онҳое, ки аз ҳисоби будҷа таҳсил кардаанд, зери назари давлат қарор мегирад.

Раҷабалӣ Сангов

Раҷабалӣ Сангов, сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маориф ва илми Толҷикистон, рӯзи 3-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, “довталаб дар Маркази миллии тестӣ санадеро имзо мекунад, ки дар сурати хатми донишгоҳ вазифадор аст, тибқи роҳхат ба ҷойи пешниҳодшуда равад ва на кам аз 5 сол кор кунад. Баъди он, ихтиёр дорад, ки ҷои корашро иваз кунад.”

Омӯзгору пизишк намерасад

Ин мақоми Вазорати маориф ва илм гуфт, дар ғайри сурат, хароҷоти давлат барои таълим мувофиқи ҳар ихтисос ҳисоб шуда, тавассути додгоҳ аз донишҷӯ ситонда мешавад. “Вақте хатмкарда ба ҷойи кор ҳозир намешавад, аллакай уҳдадориеро, ки дар оғоз гирифта буд, вайрон мекунад. Маблағи таҳсил тавассути додгоҳ ситонда ва ба ҳисоби донишгоҳ гузаронда мешавад”, - шарҳ дод ӯ.

Талоши мақомот барои ба кор ҷалб кардани ҷавононе, ки аз ҳисоби пулҳои будҷа таҳсил кардаанд, дар ҳолест, ки бисёре аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз камбуди мутахассисон, аз ҷумла омӯзгорону пизишкон азият мекашанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Директори мактаб гуфт, ки аз шарм истеъфо дод

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ дар кишвар беш аз ҳазор духтури оилавӣ ва зиёда аз 3 ҳазор ҳамшираи шафқат намерасад.

Бо ин қарор, ҳукумат мехоҳад камбуди мутахассисонро ҳал кунад ва ё ҳадди ақал хароҷотеро, ки барои таълими онҳо харҷ шудаст, ҷуброн намояд.

"Розӣ ҳастем, ки кор кунем, аммо маош кам аст"

Ҷавононе, ки дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон аз пулҳои будҷа таҳсил мекунанд, розианд бо роҳхати мақомот кор кунанд, аммо мегӯянд, бо маоше, ки ба онҳо пешниҳод мешавад, зиндагӣ кардан мушкил аст.

Барои мисол, бино ба омори пешкашкардаи Вазорати маориф ва илм маоши миёнаи омӯзгорон дар Тоҷикистон айни замон тақрибан 900 сомонӣ, муодили 96 доллари амрикоӣ аст.

Суҳбатулло Олимов, ҷавони тоҷик, ки соле пеш аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон фориғ шуд, мегӯяд, пас аз хатм ба ӯ дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) ҷои кор пешниҳод шуд, вале ӯ имкони дар он ҷо кор карданро надошт.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Донишгоҳи Кӯлоб аз болои 81 шогирди собиқаш ба додгоҳ шикоят бурд

“Маоши омӯзгори навкор барои як баст чизе дар атрофи 500-600 сомонӣ аст. Бо ин маош чӣ кор кунам? Манзили иҷора гирам? Ё маводи ғизоӣ бигирам? Гуфтанд, ки чанд сол кор кунам, замин медиҳанд. Гуфтам, ақаллан заминро ҳозир диҳед, бо дили гарм корро оғоз кунем, вале то ҳанӯз посух нагирифтам”, - гуфт омӯзгори ҷавон.

"Мардон дар Русия, аксари муаллимон - занон"

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳоло ба ин қарор расид, ки беҳтар аст ба Русия ба мардикорӣ рафта, пули таҳсилро бипардозад.

Таҷрибаи ин ҳамсуҳбати мо дар Тоҷикистон ягона нест. Бисёре аз ҷавонон пас аз таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон бо ихтисоси худ, барои мисол, омӯзгор, иқтисоддону ҳуқуқшинос, муҳандису лоиҳакаш бинобар камии маош кор намекунанд. Бархе роҳи тиҷорату савдоро пеш мегиранд, ва баъзеи дигар ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд.

Ин аст, ки беш аз 80 дар сади омӯзгорон дар мактабҳои миёна дар Тоҷикистон занон ҳастанд, чун мардон бинобар камии маош ба пешаҳои дигар рӯ меоранд.

Талаби панҷ соли кор дар ҷое, ки мақомот пешниҳод мекунанд, барои онҳое низ тааллуқ дорад, ки дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил кардаанд. Бино ба омори Вазорати маориф, соли гузашта мактабҳои олии кишварро беш аз 42 ҳазор нафар хатм кардаанд ва айни замон беш аз 5200 нафар дар донишгоҳҳои хориҷа таҳсил доранд.

"Дар се ҷой кор мекунам, то рӯзам гузарад"

Яке аз барномаҳои таҳсили ҷавонони лаёқатманд, ки аз будҷаи кишвар сармоягузорӣ мешавад, “Дурахшандагон” аст. Зулфиёр Бахтиёров тавассути ин барнома дар Донишгоҳи давлатии Маскав (МГУ) дар риштаи кимиё таҳсил карда, соли 2014 онро хатм намуд. Онҳое, ки тибқи барномаи “Дурахшандагон” дар хориҷ таҳсил кардаанд, низ уҳдадоранд ба Тоҷикистон баргарданд ва 5 сол кор кунанд.

Аз Вазорати маориф ва илм

Зулфиёр низ баргашт ва тибқи роҳхат корро дар яке аз ташхисгоҳҳои Вазорати тандурустӣ дар Душанбе оғоз кард. “Дар моҳи аввали кор 152 сомонӣ маош гирифтам. Харҷи ҳаррӯзаи роҳкиро аз маҳаллаи “километри 9-ум” то Қарияи Боло шаш сомонӣ буд ва маошам танҳо барои роҳкиро мерасид. Бинобар ин, дар ду ҷойи дигар – дар намояндагии МГУ дар Душанбе, Академияи илмҳо кор карда, харҷи рӯзгорро таъмин мекардам”, - гуфт ӯ.

Зулфиёр Бахтиёров айни замон дар бахши Академияи илмҳо дар Хуҷанд кор мекунад ва мегӯяд, воқеан маош хеле кам аст ва аз ин рӯ қисме аз ҷавонон пас аз хатми донишгоҳ дар хориҷ ба ватан баргаштан намехоҳанд.

"Ё панҷ сол кор бо маоши паст, ё пули донишгоҳ"

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Зиндагии омӯзгор дар ...масҷид. ВИДЕО

Дар зимн, бино ба маълумоти Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф, ки стипендияи “Дурахшандагон”-ро мудирият мекунад, 36 дар сади ҷавононе, ки тавассути ин барнома дар хориҷа соҳибкасб шуда баргаштаанд, дар Тоҷикистон ба кор пазируфта нашудаанд.

То ин дам аксар ҷавонон талош мекарданд, ки ба гурӯҳҳои будҷавии донишгоҳҳо шомил шаванд, то пули шартномаро напардозанд. Дар сурати тасдиқи қарори нав, маълум нест, ҷавонон панҷ соли кор бо маоши пастро дар деҳот мепазиранд ё розӣ мешаванд, ҳаққи донишгоҳро бипардозанду дар ҷое ки худашон хостанд ва маоши бештар дорад, кор кунанд.