Даҳҳо омӯзгори мактабҳои миёна, ки аз Рашту Бадахшон ва минтақаи Кӯлоб ба ҷамоати деҳоти "Заркамар" барои кору зиндагӣ омадаанд, дар хонаҳои мардум, мактаб ва масҷидҳо зиндагӣ мекунанд.
Сохтмони хобгоҳи оилавие, ки бо нирӯи мардум барои омӯзгорони мактаб шурӯъ шуду нимабунёд монд, похсагӣ буда, барои анҷоми сохтмонаш маблағ кифоят намекунад. Ин хобгоҳ ҳам барои панҷ оила пешбинӣ шудааст. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ин масъала бояд ҳалли
Омӯзгорон дар хонаҳои мардум зиндагӣ мекунанд. Ҳоло шароит хуб нест. Ба масҷида чанд нафарашонро бурдем, дигарҳояшон розӣ нашуданд. Ин мушкилро ҳал мекунем
худро пайдо кунад, чунки мактаб наметавонад бемутахассис монад. Вале мӯҳлати дақиқи ҳалли мушкили таъмини омӯзгорон бо манзилу сарпаноҳ маълум нест.
Феълан 39 омӯзгору оилаҳояшон дар шароити муваққат ба сар мебаранд ва то рафт умедашон ба ҳалли мушкили хона камтар мешавад. Ҷалби омӯзгорон аз манотиқи дигари кишвар барои кор дар Қубодиён ва дигар манотиқи кишвар бар асоси як қарори ҳукумати кишвар "Дар бораи имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон" аз соли 2006 сурат мегирад, ки барои педагогҳои ҷавон то панҷ сол қарзи имтиёзнок ва таъмини замини наздиҳавлигиро дар назар дорад.
Бо ваъдаи замин омадем
Аваз Одинаеви 32-сола сокини деҳаи Момадиёни ҷамоати деҳоти "Кӯлчашма"-и ноҳияи Мӯъминобод буд. Соли 2013 барои идомаи фаъолияти омӯзгорӣ ба деҳаи Рӯдакули ҷамоати деҳоти "Заркамар"-и ноҳияи Қубодиён кӯч баст. Мегӯяд, дар зодгоҳаш Мӯъминобод, ки омӯзгорон зиёд ҳастанд, ба ӯ дар мактаб соати кам доданд ва маоши ночиз мегирифт. Хабари набуди омӯзгорон ва пешниҳоди соати бештари дарсӣ дар мактаби маҳҳалӣ ӯро ба як ноҳияи аз лиҳози табиат гарм овард. Чаҳор сол аст, ки Аваз Одинаев ҳамроҳ бо ҳамсару чор фарзандаш дар Қубодиён ба сар мебарад, зимнан ду кӯдакаш дар ҳамин ҷо ба дунё омадаанд.
Ин омӯзгори синфҳои ибтидоӣ зиндагиро дар як хонаи муваққатӣ шурӯъ кард, ки бо талоши сокинони деҳ фароҳам оварда шудааст. Аваз Одинаев гуфт: "Мардуми инҷо хубу меҳрубон ҳастанд. Ин хонаро барои зиндагии муваққатӣ ба ман додаанд. Ҳоло зиндагӣ дорам, вале зиндагӣ дар хонаи иҷора душвор аст. Чун пули барқро медиҳам. Боз ваъдаи замин карда буданд, аммо аз он хабаре нест."
Аваз Одинаев 1000 сомонӣ маош мегирад, ки дар баробарои хароҷоти зиндагии худу фарзандон аз он ҳисоб пули барқ ва андози хонаро ҳам худаш пардохт мекунад. Мегӯяд, барои пасандоз тақрибан чизе намемонад. Ӯ мегӯяд, бо ваъдаи як порча замин ва кори доимӣ ба Қубодиён омадааст: “Чанд бор ариза навиштем, вале замин надоданд. Шароит вазнин аст. Намедонам, ки чӣ мешавад."
Шароити омодашавии омӯзгор ба дарс маҳдуд аст
Шароити зиндагӣ омодашавии омӯзгорро ба дарс мушкил мекунад ва ба гуфтаи худаш, на танҳо дар рӯҳияи омӯзгор, балки дар сифати таълим ҳам таъсиргузор мешавад. Дар ҳоле, ки омӯзгорон бояд дар соатҳои пеш ва баъдидарсӣ барномаву мазмуни дарси навбатиро дуруст таҳия ва омода кунанд.
Аваз Одинаев танҳо омӯзгоре нест, ки барои таълими кӯдакони деҳаи Рӯдакул 400 километр роҳро тай карда ба Қубодиён омадааст. Дар мактаби рақами 59-и деҳаи Рӯдакул дар маҷмӯъ 9 омӯзгор зиндагӣ доранд, ки аз манотиқи ҷануби кишвар ба ин ҷо омадаанд. 7 нафари онҳо аз ноҳияи Муъминобод ҳастанд ва ҳама дар хонаҳои мардум ба ҳайси иҷоранишин зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз сангинии шароит нигарон ҳастанд.
Омӯзгори фанни химияву биология Анвар Азизов аз деҳаи Гулчашмаи ноҳияи Муъминобод ҳам чаҳор соли пеш ихтиёрӣ барои кор ба деҳаи Рӯдакули ҷамоати деҳоти "Заркамар"-и ноҳияи Қубодиён омад. Вай мегӯяд, ба хотири кор дар мактаб бо соатҳои бештари дарсӣ ба ин ҷо кӯчидааст. Азизов ва чаҳор омӯзгори дигар дар масҷиде маскан гирифтанд, ки ғайрирасмӣ асту намозгузорӣ дар он ҷо мамнӯъ шудааст.
Мақомот: Мушкилро ҳал мекунем... вале кай?
Холмирзо Сафаров, раиси ҷамоати деҳоти Заркамар ба Радиои Озодӣ гуфт, аз он ки омӯзгорон барои кӯмак дар таълиму тарбияи насли наврас аз роҳи дур омадаанд, қадр мекунанд, вале зоҳиран барои таъмини мардум бо ҷои зист имконияти ҳукуматҳои маҳаллӣ маҳдуд аст. Вай гуфт, дар деҳаи Рӯдакул замин нест, аммо дар деҳаҳои дигар пешниҳоди замин барои бунёди манзил барои омӯзгорон дар назар гирифта шудааст.
Танҳо маълум нест, ки ин барнома кай ба иҷро медарояд. Вай гуфт, омӯзгорон феълан «дар хонаҳои мардум зиндагӣ мекунанд. Ҳоло шароит хуб нест. Ба масҷида чанд нафарашонро бурдем, дигарҳояшон розӣ нашуданд. Ин мушкилро ҳал мекунем."
Бо назардошти ин вазъ сокинони маҳҳалӣ дар канори мактаби шумораи 59-ум аз тариқи ҳашар барои 5 омӯзгор деворҳои похсагии як хобгоҳи оилавиро баланд кардаанд. Сохтмон ҳанӯз натамом аст, бом танҳо қисман сохта шудааст ва зоҳиран дар дохили он зиндагӣ карда намешавад. Мегӯянд, маблағ ҳам барои анҷоми корҳои сохтмон кифоят намекунад.
Зиндагӣ дар чордевори хобгоҳи нимсохт
Нураҳмад Шарипов - омӯзгори забони англисӣ ва ҳамсараш - омӯзгори забони тоҷикӣ, ки соли ҷорӣ аз Мӯъминобод омадаанд, феълан дар яке аз ҳуҷраҳои ҳамин хобгоҳи нотамом зиндагӣ доранд. Ҳарчанд шароити хубе надорад, вале мегӯяд, ки аз иҷораи хонаи мардум беҳтар аст. Ғизо дар беруни ҳавлӣ дар оташдони худсохт таҳия мешавад. Ошхонву ташноб надорад. Нигаронии онҳо ин аст, ки бо фарорасии зимистон шароити зиндагӣ сангинтар мешавад.
На омӯзгорон ва на мардуми маҳаллӣ имкони харидории шифту тахтаро надоранд. Миёни 9 тан аз ин омӯзгорон нафароне ҳам ҳастанд, ки бо роҳхати вазорати маориф ва илм ба инҷо омадаанд. Ин омӯзгорон мегӯяд, ваъдае, ки ба онҳо дода будаанд, яъне ихтисоси қитъаҳои замин барои сохтмони хона, ҳанӯз амалӣ нашудааст.
Деҳаи Рӯдакул дар фосилаи 40 километр дуртар аз маркази ноҳияи Қубодиён ҷойгир шудааст. Дар ин ҷо узбактаборону тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Набуди омӯзгорон дар солҳои пеш мояи нигаронии онҳо буд. Аммо ҳоло ин мушкил то андозае ҳал шуда, вале масъалаи ҳавасмандии мутахассисон барои зиндагӣ дар ин деҳот ҳалли худро наёфтааст.
"Ин омӯзгорон барои фарзандони мо омаданд"
Маҳмадулло Расулов, сокини деҳаи Рӯдакул мегӯяд, ки ҳарчанд омӯзгорон дар шароити душвор ба сар мебаранд, аммо фарзандонашонро таълим медиҳанд: "Халқ чордеволиро бардошт, вале дигар имкон надорад. Ин омӯзгорон барои фарзандони мо омаданд, вале ҷой надоранд. Бояд ба мо ҳукумат кумак кунад. Ҳарчанд мушкил аст, вале онҳо омӯзгорони дилсӯз ҳастанд, ки кор карда истодаанд."
Ҷамоати деҳоти "Заркамар" ҳудуди 13 ҳазор аҳолӣ дорад. Дар ин минтақа 7 мактаб фаъолият мекунад ва ба сабаби камбуди омӯзгорон муаллимон аз Рашту Бадахшон ва минтақаи Кӯлоб даъват шудаанд. Тибқи иттилои расмӣ дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти кадрӣ дар мактабҳо омӯзгорони ҷавон аз дигар шаҳру навоҳӣ барои кор ҷалб шудаанд.
Аммо чанд нафар соҳиби замин шудаанд оморе дар даст нест.
Тоҷикистон, ки 93 дар сади қаламраваш кӯҳистон аст, аз камбуди замин ранҷ мекашад. Масъалаи таъмини сокинон бо замин ва манзил аз мушкили рақами яки кишвари дорои 8,5 миллион ҷамъият номида мешавад. Мақомот барои таъмини мактабҳо бо омӯзгорон қарору тасмимҳои ташвиқкунанда қабул мекунанд, вале зоҳиран на ҳама манотиқ тавони иҷрои ин барномаҳоро доранд.