Шарофиддин Гадоев, яке аз мунтақидони шадидлаҳни ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ, ки ду ҳафта пеш ба таври мармуз дар Душанбе пайдо шуда буд, рӯзи 2-юми март аз фурудгоҳи Франкфурти Олмон паёми кӯтоҳи видеоӣ дод ва гуфт, ба Аврупо баргаштааст. Ӯ гуфт, ҷузъиёти қазияи "бозгашт"-аш ба Тоҷикистонро ба зудӣ дар шакли изҳорот нашр хоҳанд кард.
"Дуруду салом ҳамватанони азиз ва дӯстони арҷманд. Ба ҳамаи онҳое, ки дар қазияи ман бетараф набуданд, арзи сипос мекунам. Меҳнати шабонарӯзии Шумо буд, ки дар фазои обод ва ором суҳбат карда метавонам. Ба ҳамаи созмонҳо ва кишварҳое, ки садо баланд карданд, ташаккур мегӯям. Шояд соатҳои наздик тафсилоти бештарро расман аз номи Паймони Миллии Тоҷикистон пахш кунем", - афзуд ӯ. Суҳбати Гадоев дар саҳифаи Паймони миллӣ, эътилофи созмони мухолифон дар хориҷ, дар Фейсбук пахш шуд.
Ду ҳафтаи радду бадалҳо
Қабл аз он намояндагони мухолифони тоҷик дар Аврупо бо нашри чанд акс тасдиқ карда буданд, ки Шарофиддин Гадоев, узви Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини тоҷик дар хориҷ, ба Олмон расидааст ва ба эҳтимоли зиёд ба Ҳолланд хоҳад рафт. Дар яке аз ин тасвирҳо, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, Гадоев дар фурудгоҳи Франкфурт бо Алишер Абдураҳмонов, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон истодааст.
Гуфт, ки дубора бармегардам. Аммо нагуфт, ки кай меоядОишамо Абдуллоева
Шарофиддин Гадоев, ки дар Ҳолланд ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ дорад, рӯзи 15-уми феврали имсол ба таври мармуз дар Душанбе пайдо шуд. Мақомот иддао карданд, ки вай бо хоҳиши худ баргаштааст, аммо мухолифон гуфтанд, ӯро дар Маскав рабуда, зӯран ба Душанбе бурдаанд. Шарофиддин Гадоев тақрибан ҳафт сол пеш тарки Тоҷикистон карда буд.
Мухолифон бозгашти Шарофиддин Гадоевро ба Аврупо натиҷаи фишори онҳо ва кишвару созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ба Тоҷикистон медонанд. Тибқи баъзе хабарҳо, ин кор бо миёнравии сафоратҳои ғарбии муқими Душанбе сурат гирифтааст.
Чанд узви собиқи "Гурӯҳи 24" ва манобеи наздик ба мақомоти Тоҷикистон субҳи шанбе хабар доданд, ки Шарофиддин Гадоев, раҳбари собиқи Ҷунбиши "Ислоҳот ва рушд", ба Олмон рафтааст.
"Афв шуд ва баргашт"
Файзуллоҷон Сафаров, узви собиқи "Гурӯҳи 24" дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Гадоевро субҳи барвақти дувуми март тавассути ҳавопаймои "Сомон Эйр" ба Франкфурт “гусел карданд”. Ба қавли ӯ, "мақомот Шарофиддин Гадоевро авф карданд ва ӯ ба Аврупо баргашт". Маълум нест, ки мақомот иттиҳоми "қочоқи мошин" ва "сохтакории аснод"-ро аз номи ӯ бардоштаанд ё мухолиф буданашро "бахшидаанд".
Худи мақомот дар бори афв ва, ҳамин тавр, бозгашти муовини раиси Паймони Миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифони тоҷик дар хориҷ ҳарфе нагуфтаанд. Як манбаъ дар Вазорати корҳои дохилӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "Шарофиддин Гадоев аз аввал озод буд". Ҳарчанд қаблан мақомоти Тоҷикистон ба ҷониби Ҳолланд гуфта буданд, ки ӯ дар боздошт аст.
Додситонии кулли Тоҷикистон, ки масъалаи авфи Шарофиддин Гадоевро баррасӣ мекард, дар ин бора ҳеч шарҳ надодааст.
Модар: "Гуфт, ки дубора бармегардад"
Дар видеои гусели Шарофиддин Гадоев аз Фурудгоҳи Душанбе, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ӯро модару хоҳараш ва чанд узви собиқи “Гурӯҳи 24” гусел мекунанд.
Оишамо Абдуллоева, модари Шарофиддин Гадоев, рӯзи 2-юми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш пеш аз сафар ба Аврупо гуфтааст, "дубора ба ватан бармегардад". "Гуфт, ки боз меоям, бармегардам. Аммо кай бармегардад, нагуфт. Аз замони рафта расиданаш ҳам тамос нагирифтааст", - афзуд ӯ.
Абдуллоева мегӯяд, ба онҳое, ки дар ду ҳафтаи гузашта нисбат ба тақдири писараш бетараф набуданд, изҳори сипос мекунад: "Ба касе, ки дар фикри бачаи ман буд ва дар бораи ӯ гап зад, раҳмат мегӯям. Худоё, ҳаргиз оби чашми модарон нарезад. Ба хона омада буд ва мо бурда гусел кардем."
"Бозгашт"-и мармуз
Шарофиддин Гадоев рӯзи 15-уми феврал ба таври мармуз дар Тоҷикистон пайдо шуд ва Вазорати умури дохилӣ билофосила эълон кард, ки ӯ бо ибрози пушаймонӣ аз "кирдорҳояш" тавассути хатсайри Маскав-Душанбе ба кишвар баргаштааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: HRW: "Шарофиддин Гадоев ихтиёрӣ ба Тоҷикистон нарафтааст"Вале мухолифон ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Human Rights Watch гуфтанд, ки ӯ рӯзи 14-уми феврал дар шаҳри Маскав рабуда шуда, зӯран тавассути ҳавопаймои "Сомон Эйр" ба Душанбе бурда шудааст.
Эътилофи созмонҳои мухолифон як навори пеш аз сафари Гадоевро низ нашр кард, ки дар он мегӯяд, агар ногаҳон дар Тоҷикистон пайдо шуд ва изҳорот дод, ки бо хоҳиши худ баргаштааст, бовар накунанд, “чун худро ба ҳукумат таслим карданӣ нест”. Гадоев дар ин навор мегӯяд, ӯ барои суҳбат бо мақомот баландпояи амниятии Русия ба Маскав меравад.
Тайи чанд рӯзи охир дар куҷо ва дар чӣ ҳолат будани Шарофиддин Гадоев маълум набуд. Бо вуҷуди вокунишҳои зиёди байналмилалӣ мақомот дар бораи Шарофиддин Гадоев ҳеч гапе нагуфтанд.
Дар ин муддат мақомоти Ҳолланд ба таҳқиқи ҳодиса оғоз карда, созмони Афви Байналмилал аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки ӯро бе ҳеч қайду шарт озод кунад.
Гадоев қазияро шарҳ хоҳад дод
Худи Шарофиддин Гадоев давоми ду ҳафтаи дар Душанбе будан барои расонаҳо дастнорас буд. То ҳол назари ӯ дар бораи “бозгашт” ба Тоҷикистон ва бозгашти дубора ба Аврупо ва шарту шурути озодиаш маълум нест. Вай гуфт, ба зудӣ қазияро дар шакли як изҳорот шарҳ медиҳанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ё ба зӯрӣ, ё ба зорӣ, ё ба зар. Чаро ҳукумат мухолифонашро бармегардонад?Шарофиддин Гадоев яке аз чеҳраҳои фаъоли мухолифини тоҷик дар Аврупо буд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста мақомоти тоҷикро интиқод мекард. Ӯ соли 2015, баъди кушта шудани муассиси созмони “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов, муддате раҳбарии созмонро ба ӯҳда дошт.
Қувватов соли 2015 дар Туркия аз тири ҳамлагари ношиносе кушта шуд ва ҷонибдоронаш ангушти иттиҳомро ба тарафи мақомоти тоҷик дароз карданд.
Гадоев, ки хеш ва шарики тиҷоратии Қувватов буд, ба мунтақиди шадидлаҳни ҳукумати Тоҷикистон табдил шуд ва аз ҳамин хотир, бисёриҳо ба бозгашти ихтиёрии ӯ ва ҳам гӯё пушаймон шуданаш аз фаъолиятҳои сиёсӣ бо шубҳа менигаранд.