Бино ба хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Жан Асселборн - вазири умури хориҷии Люксембург - рӯзҳои 3-4-уми март ба Тоҷикистон меояд.
- Барномаи сафар ва диду боздидҳои вазири корҳои хориҷии ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо феълан нашр нашудааст ва ҳамчунин маълум нест, ин сафар аз пеш барномарезӣ шуда буд ё ба қазияи бозгашти мармузи Шарофиддин Гадоев, паноҳандаи ин кишвар аз Аврупо рабт дорад.
“Агар “бирёнаш” кунанд, пас, дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии пурнуфуз чӣ ҷавоб медиҳанд? Агар раҳояш кунанду дубора ба дарё андозанд, пас, метавонанд аз роҳбарони худ “гап шунаванд”
"ҚАЗИЯРО ПАЙГИРӢ ДОРЕМ"
Дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе ва Вазорати корҳои хориҷии Ҳолланд рӯзи 26-уми феврал дар посухи расмӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “қазияи Гадоевро пайгирӣ доранд ва мақомоти Тоҷикистон дар посухи расмӣ ба онҳо хабар доданд, ки “Гадоев дар робита бо ҷурмҳои ҷиноӣ боздошт шудааст”.
Сохторҳои дипломатии аврупоӣ мавзӯъро бештар аз ин шарҳ намедиҳанд. Фаъолони ҳуқуқи башар аз Ҳолланд, ки ба Шарофиддин Гадоев ҳаққи паноҳандагӣ додааст, талаб доранд, ки мавзӯъро ҷиддӣ бигирад ва аз ҳуқуқи паноҳандааш ҳимоят кунад. Аз ин рӯ, аз эҳтимол дур нест, ки сафари вазири умури хориҷии Люксембург ба масъалаи Гадоев ҳам рабт дошта бошад.
Сафари аввалин ва охирини вазири корҳои хорҷиии Люксебург ба Тоҷикистон моҳи июли соли 2010 дар аҳди вазирии Ҳамроҳхон Зарифӣ сурат гирифта буд.
АЗ "БОЗГАШТ"-И ГАДОЕВ 12 РӮЗ ГУЗАШТ, Ӯ ДАР КУҶОСТ?
Аз санаи бозгашти мармузи Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон 12 рӯз мегузарад, вале аз макони будубош ва шароити нигаҳдории ӯ ҳеч иттилои расмӣ вуҷуд надорад. Бори охир рӯзи 21-уми феврал навори видеоии мухтасаре аз саҳнаи гӯиё хайрухуши Гадоев бо хешовандонаш дар ноҳияи Фархор дар шабакаҳои интернетӣ пахш шуд ва баъди ин ҳеч иттилоъ дар бораи ин фаъоли мухолифон дастрас нашудааст. Маълум нест, ин навори видеоиро кӣ ва дар чӣ шароит сабт кардааст.
Мақомоти масъул дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфанд, ки парвандаи Гадоев, ки бар асоси Кодекси ҷиноӣ дар “тақаллуб” ва “сохтакорӣ” муттаҳам мешавад, дар ихтиёри ин вазорат нест ва баррасии парвандаи ӯро сохторҳои дигари ҳифзи қонун дар ихтиёр доранд. Як масъули ин вазорат гуфт, қазияи Гадоевро Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситонии кулл баррасӣ мекунанд, вале дар ин сохторҳо ҳам қазияи Гадоевро шарҳ намедиҳанд.
Гадоеви 33-сола, собиқ раҳбари созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” ва раиси пешини Ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон», 15-уми феврал дар Душанбе пайдо шуд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки Гадоев “бо ихтиёри худ баргашта” аз фаъолиятҳои оппозитсиониаш “пушаймон шудааст” ва мехоҳад масъалаи афви худро бо мақомоти тоҷик матраҳ кунад. Дар чанд навори видеоие бо сӯҳбатҳои Гадоев, ки бо кумаки мақомот дар интернет нашр шуд, ин фаъоли мухолифин гуфт, “озод аст”, “ихтиёрӣ баргаштааст” ва аз фаъолиятҳои сиёсиаш “пушаймон шудааст”.
ШУБҲАИ СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Вале ин мавзӯъ мавриди шубҳа ва интиқоди тарафдорон ва ҳам ҳомиёни ҳуқуқи башар қарор гирифт. Чаҳор созмони ҳомии ҳуқуқи инсон бо пахши изҳороте дар вебсайти Human Rights Watch гуфтанд, мақомоти Русия ва Тоҷикистон Гадоевро “худсарона” боздошт кардаанд ва ӯ дар ҳавопаймои Маскав-Душанбе шаби 14 ба 15-уми феврал “шиканҷа” шуд. Ба иттилои муҳаққиқони Human Rights Watch ва ҳам намояндаи ҳуқуқии Гадоев дар Ҳолланд Виктория Надеждина, ӯ рӯзи 13-уми феврал бо ҳадафи дидору мулоқот бо мақомоти Русия аз Амстердам ба Маскав рафт, вале 14-уми феврал рабуда шуд.
Дар як изҳороти видеоии Гадоев, ки моҳи ноябр сабт шуда, рӯзи 19-уми феврал ба интернет роҳ ёфт, худи ӯ мегӯяд, дар остонаи сафар ба Маскав қарор дорад ва бояд дар он ҷо бо намояндагони Шӯрои амнияти Русия дидору гуфтугӯ кунад. Human Rights Watch масъулияти нопадидшавии Гадоев ва дар Душанбе бидуни ихтиёри худ пайдо шудани ӯро ба дӯши ҳукумати Русия ва Тоҷикистон вогузор кард.
НАМОЯНДАИ ПЕСКОВ: "МО ҲЕЧ ХАБАР НАДОРЕМ"
Вале мақомоти баландпояи Русия дар посух ба саволи Радиои Озодӣ дар ин замина гуфтанд, ки аз қазияи Гадоев хабар надоранд. Рӯзи 27у-уми феврал дар посухи телефонӣ ба Радиои Озодӣ намояндаи Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин гуфт: “Мо дар бораи ин қазия ҳеҷ иттилоъ надорем”. Ба суоли такрории Радиои Озодӣ дар бораи ин ки то куҷо дуруст аст, Гадоев ният дошт дар Маскав бо намояндагони Шӯрои амнияти Русия дидору мулоқот кунад, ӯ гуфт, “дар ин бора ҳеҷ иттилоъ надорем”.
Намояндагони хонаводаи Гадоевҳо дар ноҳияи Фархор ҳам дар бораи макони будубош ва аҳволи ӯ иттилои дақиқ надоранд. Аммо як узви ин хонавода дар Фархор рӯзи 27-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, “Шарофиддин ва модараш дар Душанбе ҳастанд, вале мо ҳам намедонем, ки дар куҷо ба сар мебаранд”.
Бархе нозирони қазия дар Тоҷикистон ҳам мегӯянд, нашри хабарҳои расмӣ дар бораи Гадоев баъди он хотима ёфт, ки мухолифон дар Аврупо як навори видеоии сӯҳбатҳои ин фаъоли сиёсиро пахш карданд. Дар ин видео, ки баъдан маълум шуд моҳи ноябр дар остонаи сафари аввали Гадоев ба Маскав сабт шудааст, ӯ мегӯяд, ҳеҷ нияти ба Тоҷикистон рафтанро надорад ва агар дар он ҷо пайдо шуд, ин бидуни ихтиёри ӯ сурат мегирад.
Баъзе коршиносон мегӯянд, мақомот талош мекунанд аз Шарофиддин Гадоев ҳамчун абзори таблиғотӣ алайҳи мухолифон дар хориҷ истифода кунанд ва талоши онҳоро барои таъсиргузорӣ ба нуфузи мақомоти кишвар кам кунанд.
Онҳо аз назарҳо нопадид шудани Гадоевро ба баррасии "сенария"-ҳои чӣ гуна истифода шудани ӯ марбут медонанд. Баъзе ҳам хушбин ҳастанд, ки эҳтимол мақомот ӯро афв мекунанд, ба фаъолияташ иҷоза медиҳанд ва ба чеҳари мухолифи идорашаванда табдил медиҳанд.
"БИРЁН" КУНАНД, Ё "БА ДАРЁ АНДОЗАНД"?
Абдумалик Қодиров, ки қазияи Гадоевро аз матбуот ва интернет пайгирӣ кардааст, мегӯяд, созмонҳо ва кишварҳои хориҷӣ бо такя ба ҳамин навори қабл аз сафари Гадоев интизор доранд, ки Тоҷикистон мавриди зӯран ба Душанбе бурдани Гароевро шарҳ медиҳад. Ин коршиноси тоҷик гуфт:
"Ҳолати имрӯзаи Шарофиддин моҳиеро мемонад, ки ба шасти мақомоти Тоҷикистон уфтодаасту «моҳигиронаш» намедонанд чӣ кораш кунанд: аз як тараф, агар «бирёнаш» кунанд, пас дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии пурнуфузе, ки аз ӯ дифоъ мекунанд, чӣ ҷавоб медиҳанд? Агар раҳояш кунанду дубора ба дарё андозанд, пас метавонанд аз роҳбарони худ "гап шунаванд". Яъне, як ҳолати хеле ногувор. Аз ин рӯ, ба гумони ман, мақомот як роҳи муносиберо меҷӯянд, ки "на сих сӯзаду на кабоб", то онҳо тавонанд аз вуҷуди Шарофиддин дубора дарак бидиҳанд. Албатта, мегӯянд, ки "Гадоев озод аст ва мо танҳо масъалаи ӯро омӯхта истодаем", вале дар айни ҳол иҷоза намедиҳанд, ки ӯ озодона фикрашро баён кунад, гуфтугӯ кунад. Ҳолати имрӯзаи Шарофиддин ҳолати Гулнора Каримова то замони ҳабсашро мемонад: мақомот мегуфтанд, ки ӯ озод аст, вале дар асл ӯ пурра таҳти назорати онҳо буд ва аз хона берун рафта наметавонист."
"ТОҶИКИСТОН ДАР ДУРОҲА МОНДААСТ"
Ба гуфтаи коршиноси соҳаи ҳуқуқ ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов, масъалаи Шарофиддин Гадоев Тоҷикистонро дар як дуроҳа қарор додааст.
“Чун вокуниш аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ва аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҳолланд садо дод ва ба масъалаи Шарофиддин Гадоев мутаваҷҷеҳ шуданд, воқеан Тоҷикистонро дар дуроҳа қарор дод. Чунин амали кишварҳои хориҷа ба эътибори ҷаҳонии Тоҷикистон таъсир мерасонад ва агар Тоҷикистон Шарофиддин Гадоевро раҳо кунад, эҳтимол масъулони мақомоте, ки дар роҳи овардани ӯ саҳм доштанд, барканор ва муҷозот шаванд”, - мегӯяд Шокирҷон Ҳакимов.
Тавре коршиносон мегӯянд, сарфи назар аз ин ҳам Шарофиддин Гадоев ба ҳайси лидери як созмони сиёсӣ барои Тоҷикистон муҳим ба назар мерасад. Зеро вуҷуди ӯ дар Тоҷикистон ва ба таври қонунӣ иҷозаи фаъолияти дубора пайдо кардани “Гуруҳи 24” метавонад як ҷиноҳеро шакл диҳад, ки дар ҷалби аъзои дигари он дар хориҷа ба кишвар мусоидат кунад.
Шарофиддин Гадоев яке аз чеҳраҳои фаъоли мухолифини тоҷик дар Аврупо буд, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста мақомоти тоҷикро интиқод мекард. Ӯ давоми шаш-ҳафт соли охир дар Аврупо ба сар мебарад ва соли 2015, баъди кушта шудани муассиси созмони “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов, муддате раҳбарии ин созмонро ба ӯҳда дошт. Қувватов соли 2015 дар Туркия аз тири ҳамлагари ношиносе кушта шуд ва ҷонибдоронаш гуфтанд, ки дар қатли ӯ мақомоти Тоҷикистон даст доранд.
Гадоев, ки як хеш ва ҳам шарики тиҷоратии Қувватов буд, ба мунаққиди шадидлаҳни ҳукумати Тоҷикистон табдил шуд ва аз ҳамин хотир ҳам, бисёриҳо ба бозгашти ихтиёрии ӯ ва ҳам гӯё пушаймон шуданаш аз фаъолиятҳои сиёсӣ бо шубҳа менигаранд.