Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолланд: Тоҷикистон боздошти Гадоевро тасдиқ кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар посухи расмиаш ба Радиои Озодӣ вазорати хориҷаи Ҳолланд 21 феврал хабар дод, ки мақомоти Тоҷикистон ба онҳо тасдиқ кард, ки ҷаноби Гадоев дар Тоҷикистон аст ва бар асоси айбномаи ҷиноӣ боздошт шудааст.

  • Шарофиддин Гадоеви 33-сола рӯзи 15 феврал дар Душанбе ҳозир шуд ва Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки ин фаъоли мухолифин "пушаймон шуда ба ватан баргаштааст". Вале ҷонибдорони Гадоев бовар доранд, ки Гадоев "боздошт ва рабуда шуд".

Шоми панҷшанбе дар имейли сухангӯи Вазорати умури хориҷии Ҳолланд Вилемен Велдман ба унвонии Радиои Озодӣ гуфта шуд, ки ин сохтор роҳҳои кӯмак ба ҷаноби Гадоевро андеша дорад ва ин қазияро аз наздик пайгирӣ мекунад.

Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин рӯз дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки "Шарофиддин Гадоев дар боздошт қарор надорад ва танҳо соатҳои муайян барои сӯҳбат ба идораҳои дахлдор меояд". Як мақоми ин вазорат ба шарти чоп нашудани номаш гуфт:

“Санадҳояш барои афв пешниҳод шудааст. Албатта, ин кор дар як ё ду рӯз анҷом намешавад, вале ӯ дар боздошт нест. Бо ваъдаи афв ба Тоҷикистон омадааст ва ҳатман афв мешавад”, -гуфт як мақом аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бидуни зикри номаш.

Модар: "Шарофиддин 100 фоиз озод шуд, баъд бовар мекунам".

Оишамоҳ Абдуллоева, модари Шарофиддин Гадоев рӯзи 21-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш якуним рӯзи гузашта дар Фархор ҳамроҳаш буд. Ба гуфтаи модар, рӯзи 19-уми феврал писараш ҳамроҳ бо чанд нафар ба хонаи падариаш ба Фархор омад. Ӯ гуфт, писараш шаби дуюм низ бо ҳамроҳонаш монданӣ буд, вале ногаҳон “соати 8-и шаби 20-уми феврал баромада рафтанд”.

Модари Шарофиддин низ субҳи панҷшанбе ба Душанбе рафт.

“Ҳозир дар Душанбе ҳастем. Мебинамаш, лекин ҳоло пурра ҷавобаш надодаанд. Мегӯянд, ки ҷавоб медиҳем, вале намедонам кай. Ҳеҷ чизро нафаҳмида истодаам. Кадом вақте ки сад фоиз озод шуд, баъд бовар мекунам. Ҳайрон шудам, хаста шудам, фишорам баланд аст”, - гуфт Оиша Абдуллоева.

15 феврал Гадоев дар як навори видеоии ВКД гуфт, "бо ихтиёри худ ба Тоҷикистон баргаштааст"
15 феврал Гадоев дар як навори видеоии ВКД гуфт, "бо ихтиёри худ ба Тоҷикистон баргаштааст"

Аз замони пайдо шудани Гадоев дар Душанбе наворҳои зидду нақизе бо ширкати ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Дар наворҳое, ки аз ҷониби сохторҳои интизомии Тоҷикистон нашр шуд, ӯ ба бозгашти ихтиёриаш ба Тоҷикистон таъкид мекунад, вале дар наворе, ки пас аз бозгашташ мухолифин нашр карданд, ӯ мегӯяд, “ба Душанбе баргаштанӣ нест”.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Шарофиддин Гадоев ихтиёрӣ баргаштааст ва дар ростои татбиқи афв қарор дорад. Гадоев, ки чанд соли охир дар Аврупо зиндагӣ карда ҳамчун мунаққиди шадидлаҳни ҳукумати Тоҷикистон маъруф шудааст, бар асоси Кодекси ҷиноӣ дар “сохтакорӣ” ва “тақаллуб” гумонбар мешавад. Вале барои мақомоти тоҷик Гадоев бештар барои фаъолиятҳои сиёсии интиқодиаш аз ҳукумати Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳ буд.

Оишамо Абдуллоева. Акс аз бойгонӣ
Оишамо Абдуллоева. Акс аз бойгонӣ

Талошҳо барои озодии Гадоев

Абудсаттор Бобоев, раиси “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон”, ки дар Аврупо созмон ёфтааст, гуфт, аз он нигарон ҳастанд, ки “Гадоев шиканҷа шудааст”. Ӯ гуфт, ки бо Гадоев дар тамос нестанд ва ҳеҷ иттилои мустақим ва бетарафе аз ҳоли Шарофиддин Гадоев надоранд. Ӯ гуфт, ба он наворҳое, ки ҳамарӯза Шарофиддин Гадоевро дар иҳотаи пайвандон нишон медиҳад, чандон бовар намекунанд.

“Мо созмону кишварҳои дахлдорро дар ҷараён гузоштаем ва тамоми талоши худро барои озодии Шарофиддин Гадоев анҷом хоҳем дод,” - гуфт ӯ.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри изҳороте дар вебсайти худ дар рӯзи 15-уми феврал гуфт, Шарофиддин Гадоев, ки муваққатан дар шаҳри Эйндҳовени Ҳолланд зиндагӣ мекард, рӯзи 15-уми феврал ба Шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе “ихтиёран ҳозир шуда, изҳор намуд, ки ман аз кирдорҳои кардаам пушаймонам, ихтиёран бо хатсайри Маскав-Душанбе ба ватан баргаштам.”

Бо гузашти ҳафт рӯз аз “бозгашти ихтиёрӣ”-и ӯ наворҳои зиду нақизе бо иштироки Шарофиддин Гадоев нашр шуд, ки қазияи ӯро печидатар мекунад. Ҳанӯз маълум нест, ки ин бозгашти ӯ то куҷо ихтиёрӣ ва ё маҷбурӣ буд ва феълан дар куҷо ба сар мебарад.

Муаммои "бозгашт"-и Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

XS
SM
MD
LG