Бозгашти баҳсбарангези яке аз чеҳраҳои мухолифини Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев ба Душанбе дар ҳафтае пеш то ҳол назар ба ҷавоб, саволҳои зиёде боқӣ гузоштааст.
Дар давоми ҳафт рӯзи гузашта чандин навори видеоии марбут ба бозгашти Гадоев ба Тоҷикистон, изҳороти ӯ дар бораи пушаймон шуданаш аз фаъолиятҳои оппозитсионӣ, мулоқоташ бо раиси як идораи полиси Душанбе ва имзои аризаи афв, саҳнаҳои мулоқоташ бо модару ҳамсояҳо нашр шуд.
Рӯзи 20-уми феврал нашри изҳороти видеоии Гадоев аз тарафи мухолифон ва ҳушдори худи Гадоев аз ин ки метавонад рабуда ва маҷбуран ба Тоҷикистон истирдод шавад, ба пахши видеоҳо дар бораи гаштугузорҳои гӯё озоди ӯ дар Тоҷикистон хотима дод.
Баъди ин ҳеҷ иттилое дар бораи худи Гадоев нашр намешавад ва ҳам маълум нест, ки вокуниши мақомот ба ин видеои ногаҳонӣ, ки комилан хилофи мавқеи ҳукумат аст, чӣ будааст. Ҳамчунин маълум нест, ки худи Гадоев дар куҷо ба сар мебарад.
Рӯзи 22 феврал як мақоми вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парвандаи Гадоев дар ихтиёри додситонии кулл аст ва ин идора масъалаи афви баъдии ӯро баррасӣ мекунад. Ҳеҷ нафаре аз додситонии кулл ва мақомоти дигари Тоҷикистон то ҳол қазияи Гадоевро шарҳ намедиҳад.
Дар посухи расмӣ ба Радиои Озодӣ рӯзи 22 феврал полиси байналмилалӣ дар Фаронса гуфт, ки Интерпол “қазияҳои мушаххас ваё марбут ба шахсиятҳои алоҳидаро шарҳ намедиҳад” ва ин масъала бояд бо мақомоти кишвари узв матраҳ шавад.
Нигаронии модар ва ҳомиёни ҳуқуқ
Стив Свердлов, намояндаи Дидбони Ҳуқуқи Башар дар як баёнияе дар бораи Шарофиддин Гадоев гуфт: Ҳарчанд суолҳои зиёде боқӣ мемонад, вале ҳар қадар видеову аксу баёниҳои сохтаи чеҳраҳои тарафдори ҳукумат ин воқеиятро тағйир намедиҳад, Шарофиддин Гадоев мухолифи иродаи худаш ва бо зӯр ба Душанбе бурда шудааст. Ин воқеият, ки ӯ дар озодӣ нест, наметавонад бо вакили мустақил мулоқот ва бо матбуот суҳбат кунад, ё хешовандонашро бе ҳузури маъмурони амниятӣ бубинад, мояи ҷиддии изтироб аст."
Намояндаи ин созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ афзуд, ки созмони онҳо аз тамоми шарикони байналмилалии Тоҷикистон аз ҷумла Амрикову Иттиҳодияи Аврупо мехоҳанд, ба мақомоти Тоҷикистон таъкид кунанд, ки ба ҳуқуқи Гадоев ҳамаҷониба эҳтиром бигузоранд.
Ба иттилои Оишамо Абдуллоева, модари Гадоев, ки бори охир рӯзи 21 феврал телефонӣ дастрас буд, баъди ин ки рӯзи 20 феврал Шарофиддинро бурданд, дигар барои ӯ макони будубоши писараш маълум нест.
Модар гуфт, ки аз замони бозгашт ба Тоҷикистон писараш чанд дафъа шабро дар хонаашон дар Фархор рӯз карда, вале ҳамеша дар наздаш як нафаре ҳузур дошт, ки барои Оишамо Абдуллоева ноошност.
Тавре чандин мусоҳиби Радиои Озодӣ мегӯянд, то замоне, ки посухи ин саволҳо ба даст наояд, қазияи бозгашти мармузи Шарофиддин Гадоев, шахсе, ки то 2 феврали соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистонро бо шадидтарин лаҳн интиқод мекард, имкон нахоҳад дошт.
Ин саволҳо кадоманд:
- Чаро Шарофиддин Гадоев тасмим гирифт ба Русия биравад? (Ӯ иддао кардааст, ки ин сафари дуюмаш ба Русия буд ва дар як навори видеоии пеш аз сафар ӯ ошкоро изҳори нигаронӣ мекунад, ки имкон дорад рабуда ва маҷбуран ба Тоҷикистон истирдод шавад).
- Чаро Гадоев дар видеои пеш аз сафараш ба Русия мегӯяд, ки ният дорад бо афроде аз Шӯрои амнияти Русия дидору мулоқот кунад?
- Баъди нашри видеое, ки зоҳиран пеш аз сафараш ба Русия сабт шудаасту дар он аз эҳтимоли кушта шудан ваё истирдоди маҷбуриаш ба Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, Шарофиддин Гадоев ҳеҷ гоҳ дар ҳолати ҳаракат ва гаштугузори озод дар кӯчаҳои Душанбе дида нашуд. Ӯ феълан дар куҷост? Озод аст ваё дар зиндон мебошад? Чаро дигар аз ӯ ҳеҷ хабаре нашуд?
- То куҷо рост аст, ки исми Шарофиддин Гадоев дар феҳристи сурхи Интерпол ворид шуда буд?
- То куҷо бозгашти ӯ ба Тоҷикистон воқеан ҳам ихтиёрӣ буд, на маҷбурӣ?
- Рӯзи 21 феврал модари Гадоев гуфт, ки “чанд фарде бо либоси маданӣ писари ӯро ҳамроҳӣ мекарданд” ва билохира баъди он ки шоми чоршанбе бо онҳо берун рафт, дигар касе ӯро надид. Ин афрод кистанд ва Гадоевро ба куҷо бурданд?
- То куҷо мақомот бо ваъдаи афв воқеан ҳам ӯро озод мекунанд ва ӯ метавонад ҳамчун як шаҳрванди озод ва комилҳуқуқ зиндагии худро дар кишвар ваё берун аз он идома диҳад.
Ин танҳо чанд саволи калидие аст, ки атрофи қазияи бозгашти Гадоев мечархад.
Вале ҳамин чиз мусаллам аст, ки парвандаи Гадоев барои мақомот ҳам як имтиҳон аст. Агар рӯзе хабар омад, ки Гадоев зиндонӣ шудааст, эҳтимоли бозгашти ихтиёрии мухолифини хориҷ аз Тоҷикистон ва зиндагии оддии онҳо ҳамчун шаҳрвандони озод зери суоли ҷиддӣ меравад.