Осоишгоҳи нимавайрони кӯдакони гирифтори cил дар ноҳияи Восеъ барои сокинони бехона, ба ҷойи истиқомат ва ҳезумхонаву оғили онҳо табдил ёфтааст.
То соли 1997 ҳар сол дар осоишгоҳ садҳо кӯдакро барои муолиҷа ва муоина меоварданд. Утоқҳои он ҳоло ҳеҷ ба осоишгоҳ монандӣ надоранд ва як ҷойи тарснокеро мемонанд.
Аз ин осоишгоҳ, ки барои пешгирӣ аз доман задани бемории сил дар ноҳияи Восеъ фавқуллода муҳим буд, дар замони ҷанги панҷсолаи дохилӣ васоилашро дуздида бурданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нураҳмад Ғоибов, дар осоишгоҳ ба ҳайси сармураббӣ кор кардааст. Ӯ рӯзи 9-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, то замони суқути шӯравии собиқ дар соли 1992 муассиса дар ҷумҳурӣ ягона ба ҳисоб мерафт ва ҳар се моҳ то 200 кӯдакро барои истироҳату табобат ба онҷо меоварданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тӯри cил дар сели муҳоҷиронИн макон як замон ҳама чиз дошт
“Ин макон аз соли 1980 тобеи диспансери касалиҳои сил буд ва мо кӯдаконро оварда семоҳу даҳ рӯз табобат мекардем. Ҳамаи шароит буд, аз мактаб сар карда то ҳаммому майдончаи варзишӣ дошт”, гуфт, ӯ.
Осоишгоҳ дар деҳаи Нонҷемаси ноҳияи Восеъ ҷойгир аст ва айни замон муассиса дар тобеияти вазорати тандурустӣ мебошад. Сокинони деҳа мегӯянд, баъди ба харобазор табдил ёфтани ин макони обод, гирифторони сил дар миёни кӯдакон афзоиш ёфт.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Кӯмаки Салиби Сурх ба сокинони “Водии марг”Ҷумъа Холматов, сокини деҳаи Нонҷемас гуфт, ки дар осоишгоҳ 80 нафар кор мекард.
“Мо дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекардем, ҳатто фарзандони мо дар ҳамин макон бузург шудаанд. Дар замони ҷангӣ шаҳвандӣ ба ин ҳол гирифтор шуд. Як маротиба таъмир кардем, вале боз ба харобазор табдил доданд”, гуфт, мусоҳиби мо.
Баъди бурдани таҷҳизоту васоили осоишгоҳ ва холӣ мондани бино, сокинони бехона онро ба ҷойи иқомат табдил доданд. Ба гуфтаи сокинони деҳа, ҳарчанд иҷозаи зиндагӣ дар инҷо надоранд, вале иқомати онҳо сабаб шуд, ки осоишгоҳ аз нобудии комил эмин монад.
Света Сафарова, яке аз онҳоест, ки ҷойи рафтан надошт ва дар бинои нимавайрона ҷойи зиндагӣ ёфт. Утоқеро гирифта обод кард ва мегӯяд, ки бо сохтани хонаи худ, ин маконро тарк мекунад.
Хона надоштам, инҷо оварданд
“Бе ҷойи зист будам, бо чаҳор фарзандам раиси маҳалла маро ба ҳамин макон овард. Ҳоло заминам доданд, худам хишт рехтам, насиб хонаамро бунёд кунам, аз инҷо кӯчида меравам. Мо омадем, инҷо дару тиреза надошт. Худамон дару тиреза мондем, зиндагӣ мекунем”, гуфт Света Сафарова.
Дар раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз вазъи осоишгоҳ бохабаранд ва бо пеш омадани имконот онро бозсозӣ мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Боз ҳодисаи инсулин такрор нашавад?" - Даъвати Зуҳуров ба шаффофияти иҷрои барномаи силСил домангири ҳазорҳо сокини Тоҷикистон, ба хусус ноҳияҳои Восеъ ва Кӯлоби вилояти Хатлон буд. Дар гузашта дар баъзе аз деҳоти Восеъ, то 5-6 нафар дар як хонавода гирифтори сил буданд ва ин минтақаро “Водии марг” ҳам ном мебурданд.