Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табобати беморони сил бо кӯмаки USAID


Амрико барои табобати гирифторони бемории сил дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд ва тибқи лоиҳаи ҷадид, ҳамакнун беморон муддати аз 9 то 11 моҳ муолиҷа хоҳанд шуд. Ин дар ҳоле, ки то кунун табобат бо усули анъанавӣ муҳлати ду солро дар бар мегирифт.

Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар ҳамкорӣ бо шарикони маҳаллӣ ба ҷорӣ намудани реҷаи нави табобати кӯтоҳмуддати бемории сил, барои ҳамаи мубталоёни ин беморӣ дар Тоҷикистон, ки аз тарафи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ тавсия шудааст, мусоидат мекунад.

Ба иттилои сафорати Амрико дар Душанбе, натиҷаи табобати гурӯҳи аввалини беморон нишон медиҳад, ки табобат бо усули нав барои беморон аз реҷаҳои маъмулӣ дида муносибтар мебошад. Табобати кӯтоҳмуддат бо усули нав моҳи декабри соли 2016 оғоз гардида, алҳол 75 нафар аз шаш ноҳияи тобеи марказ ва шаҳри Душанбе мавриди муолиҷа қарор доранд.

Пизишкон дар мавриди таъсири ногувори доруҳо дар давоми табобат бо усули нав мегӯянд, ки шикояти беморон назар ба бемороне, ки бо усули маъмулӣ табобат мегирифтанд, камтар ба назар мерасад. Ҳамзамон, бемороне, ки бо усули нав табобатро ба анҷом расондаанд, аз бемории сил зудтар шифо ёфтанд.

Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон яке аз 30 кишварест, ки дорои шумораи зиёдтарини гирифторони бемории сили ба доруҳои гуногун тобовар, маҳсуб мешавад. Ҳар сол тақрибан 800 шаҳрванди Тоҷикистон бо бемории сили ба доруҳои гуногун устувор, ташхис мешаванд.

Ҳамакнун вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва лоиҳаи «Challenge TB» (Даъват ба мубориза бо сил) ният доранд, ки то охири соли 2019 табобати беморони силро бо усули нав дар саросари ҷумҳурӣ роҳандозӣ намоянд. Ин ибтикор имкон медиҳад, ки садҳо гирифтори бемории сил бо усули нав фаро гирифта шаванд. Чунин дастгирӣ дар давоми ду соли минбаъда низ идома хоҳад ёфт.

Тарҳи «Challenge TB» яке аз лоиҳаҳое мебошад, ки бо кӯмаки мардуми Амрико тавассути USAID ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Зимнан, дар давоми 26 соли охир, сафорати Амрико дар Душанбе маблағи беш аз 1,8 млрд доллари ИМА-ро ба амалисозии барномаҳои дастгирии амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона кардааст.

XS
SM
MD
LG