Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комил Одилов: “Писарамро, ки бемори сил буд, ба артиш бурданд”


Хонаводаи ҷавоне, ки дар гузашта аз бемории сил ранҷ мебурд, аз вазъи саломати фарзандашон дар саффи нирӯҳои мусаллаҳ ва хатари сироятёбии ҳамхидматонаш нигаронанд. Некрӯзи Комили 22-сола, ба гуфтаи наздикон, баҳори имсол аз хонаашон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) ба артиш бурда шуд. Ба иддаои наздикон, бо вуҷуди онки исми Некрӯз дар дафтари гирифторони сил сабт аст, ӯ барои адои хидмат ба қисми низомии 02267-и шаҳри Исфараи Суғд сафарбар шудааст.

Комил Одилов, падари Некрӯз, 18-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писарашро кормандони комиссариати ҳарбӣ аз хона бурданд, аммо онҳо бовар доштанд, ки баъди ташхис ҳатман ҷавоб мешавад. Комил Одилов падари 10 фарзанд аст ва мегӯяд, чаҳор писараш дар рӯйхати беморони сил қарор доранд.

“Худаш чизе нагуфт, аммо месулфид”

Ӯ гуфт, “зидди хидмати писарам дар артиш нестам. Фақат аз он нигаронам, ки бо фарорасии фасли сармо бемориаш дубора хуруҷ накунад ва боис ба сироятёбии ҷавонони дигар нашавад. Чаҳор рӯз пеш телефонӣ суҳбат доштем. Худаш чизе нагуфт, аммо месулфид.”

Дар Тоҷикистон ҷавонони синни даъватие, ки бемории сил доранд, аз хидмат дар артиш озоданд. Валиҷон Одилов, бародари Некрӯзи Комил гуфт, додараш бояд хуб муоина мешуд, чун як соли пеш ӯ дар беморхона табобат гирифта буд. Вай мегӯяд, тасмим дорад, дар ин бора ба додситонии ҳарбии Кӯлоб шикоят барад.

Масъулини комиссариати ҳарбии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гуфтанд, дар воқеъ, Некрӯзи Комил ба хидмат дар артиш ҷалб шудааст. Аммо Муъминов, як масъули ин комиссариат, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Некрӯз соли 2009 аз маризии сил табобат гирифта буд. «Баъди 5 соли табобат аз ин беморӣ онҳо ба сафи нирӯҳои муссалаҳ даъват мешаванд. Мо натиҷаи ташхис ва тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро дар даст дорем, ки комилан сиҳат аст. Ба ҷуз ин, мо феҳристи ҷавонони мубталои силро дар рӯйи мизамон дорем ва онҳоро даъват намекунем», - афзуд ӯ.

"Соли 2009 табобат гирифт ва то ҳол дар рӯйхат аст"

Дар бемористони сили ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гуфтанд, ки номи Некрӯзи Комил дар феҳристи мубталоёни сил ҳаст. Шариф Бекназаров, сардухтури беморхонаи сил дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Некрӯз соли 2009 табобат гирифта сиҳат шуда буд. Вале то ҳанӯз дар қайди бемориҳои сил қарор дорад.”

Силшиносони тоҷик мегӯянд, дар воқеъ, баъд аз 5 соли табобат беморони сил дигар аз қайди беморони фаъол берун мешаванд, аммо чун қишри осебпазир боқӣ мемонанд. Мирзомад Ашӯров, силшиноси тоҷик, гуфт, сил бемории сироятӣ ва иҷтимоӣ ҳаст ва дар шароити на чандон хуби зиндагӣ, аз ҷумла сардӣ ва камғизоӣ эҳтимоли дубора хуруҷ карданаш зиёд аст.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мирзомад Ашӯров то 3 соли пеш дар бемористони сили ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба ҳайси сардухтур фаъолият дошт. Ӯ гуфт, ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши бемориҳои сил дар сафи нирӯҳои мусаллаҳ, дар мавсими даъвати ҳарбӣ ба комиссариатҳо ду феҳрист ирсол мекард, ҳам рӯйхати беморони фаъол ва ҳам ғайрифаъол ё онҳоеро, ки 5 соли қабл табобат гирифтаву дигар муроҷиат накардаанд. Ин силшиноси тоҷик даъвати ҷавононеро, ки дар феҳрасти дувум қарор доранд, яъне бемории силро аз сар гузарондаанд, ба сафи қувваҳои мусаллаҳ тавсия намедиҳад. Ӯ гуфт, «чун агар дубора беморӣ хуруҷ кунад, на ба манфиати давлат ва на дигарон аст. 4,5 ҳазор доллар лозим мешавад, то ӯро дигарбора табобат кунем.»

Тақрибан 60 ҷавони мубталои сил дар Шамсиддини Шоҳин

Иддаои хонаводаи сарбоз Некрӯзи Комил дар мавриди иҷборӣ ба хидмат ҷалб шудани фарзанди беморашон дар ҳолест, ки масъулони бемористони сил мегӯянд, онҳо ҳар сол як моҳ қабл аз мавсими даъвати ҳарбӣ рӯйхати беморонро ба комиссариатҳои ҳарбӣ мефиристанд. Афроди шомили ин феҳрист аз хидмат озод мешаванд. Дар феҳристи имсолаи беморхонаи сили ноҳияи Шамсиддини Шоҳин номи 57 ҷавони синни даъват оварда шудааст.

Сил бемории сироятӣ аст ва аз тариқи роҳи нафас метавонад аз як нафар ба нафари дигар гузарад. Тибқи иттилои расмӣ то ҳол 10 ҳазор нафар дар Тоҷикистон аз бемории сил табобат гирифтаанд. Бино ба пажӯҳишҳо, то соли 2015 дар миёни ҳар 100 ҳазор сокини Тоҷикистон 60 нафари онҳо ба сил мубтало будааст.

Интиқод аз пизишкон барои иҷозаи хидмат ба беморон

Азим Иброҳим
Азим Иброҳим

Соли равон як мақоми баландпояи кишвар ба вуҷуди ҳолатҳои ҷалби ҷавонони бемор ба саффи артиш таъкид карда буд. Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон, дар мавсими даъвати баҳорӣ аз он нигаронӣ кард, ки ҳолатҳои ҷалби ҷавонони бемор бо хулосаи нодурусти тиббии пизишкон мушоҳида шудааст.

Охири соли гузашта ҳам ҳукумати Тоҷикистон расман аз мақомоти тандурустӣ интиқод карда буд, ки дар ҷараёни ҷалби ҷавонон ба артиш ба чанд ҷавони мариз иҷозаи хидматро додаанд. Дар миёни маризиҳои ошкоршуда илтиҳоби шуш, илтиҳоби кӯррӯда, захми меъдаву хунравӣ ва ҳам хомӯшӣ ё тағйири вазъи рӯҳӣ номбар шуд. Дар вокуниш ба ин изҳорот, мақомоти тандурустӣ аз кори мутахассисонашон ҳимоят карда гуфтанд, фаъолияти комиссияҳои тиббии даъвати артиш нисбат ба солҳои гузашта ба маротиб беҳтар аст. Онҳо гуфтанд, 7 ҳодисаи ошкоршуда наметавонад баёнгари вазъи куллӣ бошад.

XS
SM
MD
LG