Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯри cил дар сели муҳоҷирон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

35 дарсади муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия гуфтаанд, ки ҳатто агар гирифтори бемории сил ҳам бошанд, онро пинҳон медоранд.

Аз як пажӯҳиши вазъи беҳдоштиии муҳоҷирони тоҷик, қирғиз ва қазоқ дар Русия метавон чунин натиҷа гирифт, ки онҳо осонтарин тӯъмаи бемории марговари силанд. Зеро шароити хуби зиндагӣ, ғизои хуб ва дастрасии комил ба хадамоти тиббӣ надоранд. Гузашта аз ин, аксари онҳо дар ҳолати стресс ё афсурдагӣ, ҳарос аз полису нажодпарастон ба сар бурда, бо кори сиёҳу сангин ва бе истироҳати кофӣ ба сар мебаранд.

Агар умед ин аст, ки бимаи саломатӣ метавонад онҳоро сари вақт аз чанголи сил раҳо кунад, бояд гуфт ҳамагӣ 5 дарсади муҳоҷирони тоҷик суғуртаи тиббӣ доранд ва мунтазам зери пӯшиши хадамоти тиббӣ қарор мегиранд. Хатари гирифтори сил шудани 95 дарсади дигар бузург аст. Ва 35 дарсади муҳоҷирон гуфтаанд, ки ҳатто агар гирифтори бемории сил ҳам бошанд, онро пинҳон медоранд, зеро ба қавли худашон, атрофиён ё дӯстонашон аз мулоқот бо онҳо худдорӣ мекунанд. 12 дарсади онҳо бим доранд, ки барои ин беморӣ онҳо метавонанд аз ҷои кор ва даромад маҳрум шаванд.

Ин ҳамаро пажӯҳише ошкор намуд, ки намояндагии Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх якҷо бо Ҳилоли Аҳмари Русия дар байни муҳоҷирони кории се кишвари Осиёи Миёна Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон барои ошкор кардани бемории сил анҷом доданд. Натиҷаҳои он 24 март дар Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории сил нашр шуданд.

Даврон Муҳаммадиев
Даврон Муҳаммадиев

Даврон Муҳаммадиев - раҳбари намояндагии Салиби Сурхи байналмиллалӣ ва ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмар дар Маскав мегӯяд, ки ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари кишварҳои Осиёи Миёна дар ин пажӯҳиш ширкат ҷустаанд. Ҳилоли Аҳмари Русия низ дар панҷ минтақаи ин кишвар, яъне дар Маскаву вилояти Маскав, Волгограду Оренбург ва Тамбов дар байни муҳоҷирони ин кишварҳо чунин таҳқиқот анҷом додааст.

Ин таҳқиқот, ки аз моҳи июни соли 2014 то ҳол давом дошт, ба се масъала ихтисос ёфтааст:

  1. Муносибати байни кордиҳанда ё ширкат бо муҳоҷирон дар давраи беморӣ;
  2. Шароити зисти муҳоҷир;
  3. Огаҳии муҳоҷир барои пешгирӣ ё муолиҷаи ин беморӣ.

25 дарсади муҳоҷирони кории Тоҷикистон гуфтаанд, онҳо дар ҷойҳое зиндагӣ мекунанд, ки кордиҳанда ба онҳо пешниҳод кардааст. 19 дарсади дигар гуфтаанд, ки онҳо дар хонаҳои иҷора ба сар мебаранд. Вале 23 дарсади дигар гуфтаанд, онҳо як ҷо бо муҳоҷирони дигар дар як ҳуҷра ба сар мебаранд, ки Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх онро мояи нигаронӣ медонад, зеро дар чунин шароит имкони шустушӯ ва ҳифзи беҳдошт маҳдуд мешавад.

Оқои Муҳаммадиев мегӯяд, коршиносони онҳо пешниҳод мекунанд, ки дар як ҳуҷра бештар аз 2-3 нафар зиндагӣ накунанд, зеро хатари сирояти на танҳо бемории сил, балки бемориҳои дигари гузаранда низ афзоиш меёбад.

10 дарсади дигари муҳоҷирони корӣ гуфтаанд, ки дар вагонҳо, дар ғурфаҳое дар бозорҳо ва ё дар сохтмонҳои нотамом зиндагӣ мекунанд ва ба шароити хуби беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд.

Муҳоҷирони тоҷик баъди кор. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирони тоҷик баъди кор. Акс аз бойгонӣ

Тақрибан нисфи муҳоҷирони кории тоҷик ё 48 дарсад дар рӯзҳои беморӣ аз кордиҳанда дастмузд гирифта наметавонанд, ҳатто агар онҳо варақаҳои бемориро низ ба кордиҳандаи худ пешниҳод кунанд. Вале бадтар аз ин баъзе кордиҳандагон бемории муҳоҷиронро эътироф намекунанд ва агар муҳоҷир аз беморӣ ба кор набарояд, вайро хатари аз кор рондан таҳдид мекунад ва онҳо ҳатто дар давраи бемории худ маҷбур мешаванд барои аз даст надодани ҷои кори худ ба кор бароянд. Чунин муҳоҷирон аз Тоҷикистон 28 дарсадро ташкил медиҳанд.

Дар бораи шумораи гирифторони бемории сил маълумоти мушаххас дар байни муҳоҷирони кории Тоҷикистон ва умуман муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Миёна вуҷуд надорад, зеро то ҳол назарпурсӣ ё таҳқиқоти фарогир дар ин замина анҷом нагирифтааст. Агар анҷом ҳам бигирад, шояд он натиҷаи дақиқ надиҳад. На ҳар кас эътироф мекунад ва ё медонад, ки вай гирифтори бемории сил аст. Вале 88 дарсади муҳоҷирони тоҷик гуфтаанд, ки дар сурати беморӣ аз пизишк тавсия ва машварат мегиранд. Ин 88 дарсад шояд ба воқеият дуруст наояд, агар ин нукта дар назар гирифта шавад, ки барои сарфаҷӯӣ аз пул ин миқдор муҳоҷир ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намекунанд. Баъзе аз онҳо ҳатто намедонанд, ки ба кадом муассисаи тиббӣ муроҷиат кунанд.

Аксари муҳоҷирони кории тоҷик гуфтаанд, ки дар давоми бештар аз як сол боре ҳам аз муоинаи тиббӣ нагузаштаанд. Вале 24 дарсади дигар танҳо дар соли 2015 ба аз муоина гузаштаанд ва он ҳам барои дарёфти патент, ки аз онҳо сертификат ё гувоҳномаи тиббӣ талаб мекунанд. Зоҳиран, аксари онҳое, ки сил бар онҳо пирӯз мегардад, барои табобат ба Тоҷикистон мераванд. Ин аст, ки бино бар омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тоҷикистон аз рӯйи шумораи гирифторони сил ба "панҷгонаи хатарнок"-и Аврупо ва Осиёи Марказӣ шомил мешавад. Ба ҳар 100 000 нафар аҳолии ин кишвар 100 бемори сил рост меояд. Ба гузориши ин манбаъ, табобати 34,5%-и ин беморон ниҳоят мушкил аст.

Солона дар ҷаҳон то 3 миллион нафар аз бемории сил мефавтанд.Пизишкон таъкид мекунанд, ки гирифтории бемории сил чанд аломат дорад: Заъфи бадан ва беҳолӣ, чарх задани сар, гум шудани иштиҳо, камхобӣ, арақ кардан дар вақти хоб ва лоғар шудан. Гузашта аз ин сулфа, диққи нафас, пайдо шудани дард дар қафаси сина низ метавонад аломатҳои бемории сил бошад, ки дар чунин ҳолат кас бояд ба пизишкон муроҷиат кунад.

Шумори умумии муҳоҷирони тоҷики гирифтори сил маълум нест, вале танҳо дар 7 моҳи аввали соли 2014 аз Русия танҳо ба вилояти Хатлон 20 муҳоҷирро маҳз бо гумони гирифтории онҳо ба ҳамин беморӣ ихроҷ кардаанд. Ба иттилои Маркази бемориҳои сили вилояти Хатлон, дар соли 2014 дар ин марказ наздик ба 100 муҳоҷири корӣ, ки бо хоҳиши худ дар шаҳрҳои Русия ташхиси тиббӣ шуда, ихтиёран ин кишварро тарк кардаанд, сабт шудааст.

Мутобиқи қонунҳои Русия дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, шаҳрванди хориҷӣ бояд дар муддати 90 рӯз аз ташхиси тиббӣ гузарад ва агар дар ӯ бемории сироятӣ бошад, бояд дар зудтарин фурсат он кишварро тарк кунад. Гирифторони бемории сил танҳо баъди 10 соли табобат ҳаққи вуруд ба Русияро доштаанд.

XS
SM
MD
LG