Сарчӯпон дар мақоми худ барқарор шуд, аммо бе замин монд. ВИДЕО

Шарифхон Почоев

Шарифхон Почоев, сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, ки соли гузашта аз мақоми сарчӯпони корхонаи "Тебалай" барканор шуда буд, барои барқарории адолат мубориза бурд ва ба мақсад расид. Додгоҳи ноҳияи Муъминобод моҳи ноябр қарор кард, ки Почоев дар мақоми худ барқарор шавад. Раҳбарияти кооперативи "Тебалай" ин қарори додгоҳро пазируфтааст.

Як бахши чарогоҳро дар Олимтой каси дигар гирифтааст. Ваъда карданд, ки онро ба мо месупоранд

Шарифхон Почоев рӯзи 27-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "як сол дар гапи худ истодам, далел пешниҳод кардам ва дар мақоми худ барқарор шудам. Раҳбарияти корхона ҳалномаи додгоҳро иҷро мекунад. Ман ба расонаҳо ва Дастгоҳи иҷроияи президент ҳам шикоят карда будам."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сарчӯпон дар мақоми худ барқарор шуд, аммо бе замин монд

"Вақте заминро барф пушонд, чӣ хоҳем кард?"

Барқарор шудани Шарифхон Почоев ба мақомаш ӯро ба вуҷуди адолат умедвор кардааст. Вале ӯ аз он нороҳат аст, ки ҷои чарои бузу гӯсфандонашро каси дигар соҳиб шудааст. Инчунин, агар соли гузашта дар ихтиёри худ 500 чорво дошт, ҳоло ҳамагӣ панҷоҳ бузу гӯсфанд дорад.

Шарифхон Почоев мегӯяд, ин замин дигар дар соҳибии каси дигар аст

Шарифхон Почоев дар остонаи фасли сармо ба ин сарвати ба амонат гирифтааш менигарад ва ба оқибати он меандешад. "Як бахши чарогоҳи маро дар Олимтой каси дигар соҳиб гирифтааст. Ваъда доданд, ки онро барқарор мекунанд ва ба дасти мо медиҳанд. Ҳоло интизори барқарор шудани маҳалли чаро ва нигоҳдории гӯсфандон ҳастам."

Сарчӯпони кооперативи "Тебалай" 50 сар чорвои беҷомондаро ба кӯчаҳои деҳа мебарорад, ба умеде ки аз кунҷе барои чаридан алаф пайдо мекунанд. Вақте заминро барф пушонад, намедонад чӣ хоҳад кард.

Почоевро чаро аз кор гирифта буданд?

Почоеви 44-сола бо ҳамсару ҳафт фарзанд дар деҳаи Навободи ноҳияи Мӯъминобод зиндагӣ мекунад. Дар маҷмӯъ, даҳ сол чӯпонӣ карда, фарзандонашро, ки ҳоло мактабхонанд, аз даромади ин касб мехӯронаду мепӯшонад.

Шарифхон Почоев дар кооперативи давлатии “Тебалай” аз соли 2013 то 2017 сарчӯпон буд. Баҳори соли гузашта ӯро аз кор ронданд. Абдулҳафиз Қурбонов, раҳбари кооперативи тиҷоратии "Тебалай" гуфтанд, ки ӯ нақшаи баррасупориро иҷро накард ва ба ҳамин далел аз кор ронда шуд. Аммо Шарифхон Почоев мегӯяд, ӯро ба хотири онки натавонист ба раҳбарияти корхона даҳ ҳазор сомонӣ бисупорад, аз мақом гирифтанд.

Парвариши гӯсфанди маҳинпашм

Кооперативи тиҷоратии “Тебалай” дар замони Шӯравӣ таъсис ёфта, дар гузашта бо номи совхози "Панҷ" машҳур буд. Ин корхона ба парвариши гӯсфанди маҳинпашм машғул аст.

Совхози машҳури "Панҷ"-и ноҳияи Муъминобод дар даврони Шӯравӣ 50 ҳазор гӯсфанд парвариш карда, пашмашро ба корхонаҳои истеҳсоли қолин мефурӯхт. Баъди аз ҳампошии Шӯравӣ совхози “Панҷ” ба Кооперативи тиҷоратии “Тебалай” табдил ёфт ва то соли 2016 дар ин кооператив 17 ҳазор гӯсфанд парвариш мешуд.