Ду рамаи иборат аз 3000 гӯсфанд бар асари бориши барфи зиёд дар ағбаи Ғузни кӯҳистони Мастчоҳ, зери тарма монд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки дар ин рухдод беш аз 100 гӯсфанд талаф шудааст. Тайи чанд рӯзи гузашта манотиқи шимоли кишвар шоҳиди сардӣ ва барфбориҳои ғайримунтазира буд ва мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ аз ин қабл сокинонро, аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ, ҳушдор дода буданд.
Латиф Бобоҷонов, раиси хоҷагии ба номи Бобоҷон Ғафурови ҷамоати деҳоти "Ғузн"-и ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ рӯзи 2-юми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ду рамаи иборат аз 3000 гӯсфанд, ки ба сокинони Мастчоҳ нав ва Мастчоҳи кӯҳӣ тааллуқ дорад, рӯзи 28-уми сентябр ҳангоми интиқол аз чарогоҳи тобистонаи Яғноб ба чарогоҳи зимистонаи "Дилварзин", дар ағбаи Ғузн зери барфу тарма монд.
Чорвои сокинони Мастчоҳи нав ва кӯҳистони Мастчоҳ дар фасли гармо умдатан дар чарогоҳҳои минтақаи Яғноб ва кӯҳистони Рашт, нигоҳубин мешавад.
Ба гуфтаи вай, дар пайи ин ҳодиса ҳудуди 100 гӯсфанд талаф ёфт ва низ ду чӯпонро сармо задааст. Латиф Бобоҷонов афзуд, ки танҳо як рӯз баъд бо кӯмаки 30 тан аз сокинони деҳоти атроф, рамаи парокандашударо ҷамъ оварданд.
"Вақте ки мо ба ҷои ҳодиса расидем, ду чӯпон -- Маҳмадулло Гиёев ва Бурҳониддин Мансуров сармо зада буд, онҳо ҳаракат намекарданд ҳардуро дар чакмани чӯпонӣ печонида, зуд ба деҳаи наздиктарин овардаем ва онҳо баъди нигоҳубин ба худ омаданд",- гуфт Латиф Бобоҷонов.
Сайфулло Зиёев, сарчӯпони яке аз рамаҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте соатҳои тақрибан 14-и рӯзи 28-уми сентяб аз минтақаи Яғноб ба ағбаи “Ғузн” расиданд, резиши барф оғоз шуд ва баъди ним соат ончунон тунд борид, ки чӯпонҳо ба кадом самт ҳаракат кардани гӯсфандҳоро намедиданд ва то соати 18:00 вазъ бадтар шуд.
"Ду чӯпонамонро сармо зад, шах шуда монданд. Мо надонистем чӣ кор кунем, рамаро гузошта, ба деҳа фаромадем ва мардумро ҷамъ кардему баромадем, аллакай ҳаво торик буд, ду чӯпонро ба мавзеи “Тарақ” фаровардему дар хонаи гарм ҷой додем. Онҳо ба худ омаданд, баъд субҳи рӯзи дигар тақрибан соати 5-и саҳар мардуми деҳа тақрибан аз 30 нафар бештар ҷамъ шуданд ва ба ағба баромадем. Аз ҳар гӯша -- аз зери шахҳо ва баландиҳои атроф гӯсфандҳои парокандашударо ҷамъ намудем. Ман ба мардуми деҳа, ки ба кумакамон расиданд, ҳазор бор ташаккур мекунам”.
Дар ҳамин ҳол, Бобо Қозиев, як масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз дарёфти ин хабар, 15 тан аз сокинони деҳоти атрофро ба мусоидати чӯпонҳо фиристоданд ва ду чӯпони сармозадаро аз зери барф ба як деҳаи наздик оварданд ва кӯмакҳои аввалияи тиббӣ расонданд.
Ба гуфтаи вай, субҳи рӯзи дигар беш аз 30 нафар аз сокинони деҳоти афрофро барои кӯмак ба чӯпонон фиристонданд ва рамаи парокандашудро ҷамъ намуданд. Вай афзуд, ки рӯзҳои наздик, ин рамаҳо ба чарогоҳҳои тобистонаи тобистонаи "Дилварзин" интиқол дода мешаванд.
Вале ҳоло то расидан ба "Дилварзин" чӯпонҳоро лозим меояд, то аз ду гарданаи мушкилгузар -- "Камодон" ва "Обурдон" убур намоянд. Ин дар ҳоле, ки мақомоти маҳаллӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳ мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир бо сабаби резиши барфи зиёд, ҳаракат дар ағбаи "Обурдан" низ қатъ шудааст.
Чорвои сокинони Мастчоҳи нав ва кӯҳистони Мастчоҳ дар фасли гармо умдатан дар чарогоҳҳои минтақаи Яғноб ва як қисми дигар ба ноҳияи Рашт оварда мешаванд ва бо фаро расидани фасли тирамоҳ, ба чарогоҳҳои ноҳияҳои Мастчоҳи нав, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт интиқол меёбанд.