Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар куштори бераҳмонаи Беҳрӯзҷон модаркалонаш муттаҳам шуд


Додситонии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон таҳқиқи куштори тифли сесола дар ин ноҳияро аз рӯи моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (одамкушӣ) оғоз кардааст. Ба унвони гумонбари аслии куштор бибии ин тифл дар боздошт аст.

  • Қосим Ҳикматзода, нозири минтақавӣ дар деҳае, ки ин ҳодиса рух додааст, гуфт, гумонбар дар боздоштгоҳи шаҳри Бохтар нигоҳ дошта шудааст.
Муфаттишон ҳамин занро ба ҷои ҳодиса бурданд. Ӯ гуфт, ки кӯдак сараш зери хок ҷон дод. Ӯ гуфт, вақте дид, ки ҳанӯз ҳаракат мекард, ба сараш хок партофта кушт. Худамон кӯдакро пора-пора пайдо кардем

Ҳоҷарой Ашӯроваи 58-сола бозпурсиҳои аввал гӯё ба куштани наберааш Беҳрӯзҷон Ашӯрови 3-сола иқрор кардааст. Дар ин бора рӯзи 20-уми сентябр ба Радиои Озодӣ мақомоти полис ва ҳам хешовандони Ашӯрова хабар доданд.

Гулмурод Ашӯров, падари Беҳрӯзҷон мегӯяд, модараш дар ин қазия ӯро фиреб кард. "Дар Руся будам, ки модарам гуфт, ки писарат дар об ғарқ шуд. Омада чанд рӯз обро кофтем, вале билохира аз ботлоқ пайдо кардем. Ба боздоштгоҳ рафтам, вале нахостам бо модарам суҳбат кунам. Ҳолатам хуб нест", - гуфт ӯ.

Дар ҷамоати Ифтихор чӣ гузашт?

Хабари бо гумони куштори тифли сесола боздошт шудани модаркалонро рӯзи 20 сентябр дар ноҳияи Ҷомӣ вазорати умури дохилии Тоҷикистон нашр кард. Дар ин хабар гуфта шуд, ки модаркалони кӯдак рӯзи 18 сентябр боздошт шуд. Мақомот гуфтанд, ки кӯдак рӯзи 12 сентябр “зинда ба зинда” таги хок карда шуда осори ҷасадаш рӯзи 18 сентябр пайдо шуд.

Дар пурсишҳои аввалия Ҳоҷарой Ашӯрова гӯё ба қатли наберааш иқрор шудааст. Санҷиши дурустии ин иттиҳом тавассути манобеи мустақил феълан имкон надорад. Маълум нест, ки оё баъди боздошт Ашӯрова бо вакили дифоъ таъмин шудааст ё на.

Давлатманд Самадов, муовини раиси ҷамоати “Ифтихор”-и ноҳияи Абдураҳмон Ҷомӣ рӯзи 20 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса тамоми аҳли деҳаро дар ҳайрат гузоштааст. Ба қавли ҷаноби Самадов, ҷасади Беҳрӯзҷон Ашӯрови 3-сола рӯзи 18 сентябр дуртар аз хонаашон дар назди селроҳае пайдо шуд.

Муовини раиси ҷамоати “Ифтихор” афзуд, дар асл Беҳрӯзҷон Ашӯров 12 сентябр ғайб зада буд ва ба пурсишҳои наздикон модаркалони ӯ Ҳоҷарой Ашӯрова гӯё гуфтааст, ки кӯдак дар ноҳияи Ёвон ғарқ шуд.

Падар аз Русия баргашта ба ҷустучӯи кӯдак ҳамроҳ шуд

“Баъди ду рӯзи ғайб задани кӯдак падараш аз Русия омад ва каналу ҷӯйҳоро дар ноҳияи Ёвон ҷустуҷӯ карданд, то ҷасади Беҳрӯзҷонро пайдо кунанд. Аммо як чӯпон ҳангоми гузаштан аз селроҳаи деҳа ҷасади як кӯдакеро мебинад ва ба милиса хабар медиҳад. Нахуст кӯдакро, ки зери лойқа монда буд касе намешиносад, аммо баъдан аз рӯи нишонаҳо падараш мефаҳмад, ки ин писараш аст,” - афзуд Давлатманд Самадов.

Мӯсо Зоҳиров, раиси маҳаллаи Навобод, ки шоҳиди бозпурсии ин зани миёнасол дар ҷойи ҳодиса будааст, гуфт, ки зан набераашро дар назди латокҳои деҳа бурда сарашро зери хок карда шаҳодат додааст, ки ӯ сипас ба болои сараш кулӯх рехтааст:

"Муфаттишон ҳамин занро ба ҷои ҳодиса бурданд. Ӯ гуфт, ки кӯдак сараш зери хок ҷон дод. Ӯ гуфт, вақте дид, ки ҳанӯз ҳаракат мекард, ба сараш хок партофта кушт. Худамон кӯдакро пора-пора пайдо кардем: дасташ набуд, пойҳояшро алоҳида пайдо кардем, шикамаш даронида шуда буд."

Масъулини ҷамоати “Ифтихор” мегӯянд, Ҳоҷарой Ашӯрова дар бозпурсиҳои аввалин иқрор шудааст, ки набераашро ӯ ба қатл расонд. Сабабҳои рух додани ҳодиса дақиқ нестанд, аммо масъулини ҷамоат мегӯянд, шояд ҳам вазъи рӯҳии модаркалон хуб набуд. Иддаое, ки мақомот то ҳол онро рад ё тасдиқ накардааст.

Вале бархе хешовандон мегӯянд, ки ин зан бо келинаш – модари Беҳрӯзҷон ҷанҷол мекард ва муносибаташ бо ӯ хуб набуд.

Духтари Ҳоҷарой Ашӯрова - Оймо Ашӯрова, духтари Ҳоҷароӣ Ашӯрова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки модараш рӯзи 12 сентябр гуфт, набераашро ба ноҳияи Ёвон мебарад ва баъди он омаду хабар дод, ки тифл ғарқ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бархе хешовандони ин хонавода мегӯянд, ки осори ҷасади ошкоршудаи кӯдак даҳшатнок буд: пойҳо канда ва дастонаш шикаста буданд. Як масъули мақомоти интизомӣ гуфтааст, ки модаркалон гӯё дар бозпурсиҳо гуфтааст, ки аввал сари кӯдакро зери хок карда, сипас ба болои ӯ кулӯх бор кардааст.

Наздикони ин кӯдак мегӯяд, ки бо гузашти чанд рӯз аз зери хок шудани ҷасад, ба эҳтимоли зиёд сагҳо ҳам ба он дандоз задаанд, чунки пойҳояш аз ду ҷои мухталиф пайдо шуда, шикамаш дарида будааст.

XS
SM
MD
LG