Баҳси келину хушдоманҳои тоҷик, ки ҳар ду тараф баъзан якдигарро барои бадбиниву муносибати дурушт муттаҳам мекунанд, дар филми нави “Хушдоманҳо” тасвир ёфтааст. Ин филм шоми 12-уми ноябр дар Душанбе намоиш дода шуд. Қаҳрамонҳои филм ду хушдомане ҳастанд, ки яке хубу ғамхор ва дигаре – дурушту сахтгир.
- Як садамаи нақлиётӣ зиндагии ин ду хушдоманро тағйир медиҳад. Рӯҳи онҳо бо ҳам иваз мешавад ва дар идомаи филм хушдомани сахтгир бо келинҳои гапнодаро рӯ ба рӯ мешавад ва хушдомани хуб бо арӯсҳое, ки ҳамеша хидмати ӯро ба ҷо меоранд.
Мушкили келину хушдоман – дар зери як бом
Муаллифони филм гуфтанд, ки бо ин тасвир бархӯрдҳои номуносиби ду тарафро аз роҳи ҳаҷв нишон доданд ва орзу доранд, ки “душманӣ”-и келину хушдоман аз байн биравад. Маснадҷони Дӯстӣ, коргардони филми “Хушдоманҳо”, рӯзи 13-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “якдигарнофаҳмӣ дар хонавода ё рафтори нодурусти хушдоман бо келинҳо дар ҳар давру замон будааст. Мо ин мушкилро рӯи навор овардем, то ҳар кас зиндагии худро дар оина бинад, хулоса кунад ва рафторашро тағйир диҳад.”
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хушдоман дар аксар хонаводаҳои Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Дар аксар хонаводаҳо аз таҳияи ғизо сар карда то тасмимҳои ҷиддие ба мисли кор кардани арӯс бо ширкати хушдоманҳо гирифта мешавад. Мушкили келину хушдоман дар зери як бом аксар маврид пӯшида мемонад, вале гоҳе ҳодисаҳои қатли хушдоман аз сӯи келинҳо, мисли он ки се соли пеш дар ноҳияи Қубодиён рух дод, ваҳшонияти муносибатҳои дохилихонагиро ба намоиш мегузорад.
Вале ҷомеашиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон намунаҳои хубу бомашварати ҳамзистии хушдоману арӯс низ зиёд аст, ки асрори он ҳам эҳтироми якдигар ва суботи иқтисодии оилаҳост.
Нисо Муҳаммадҷонова – хушдомани хуб
Нақши асосӣ ва хушдомани хубро дар филми “Хушдоманҳо” ҳунарманди маъруф Нисо Муҳаммадҷонова бозидааст. Ӯ рӯзи сешанбе гуфт, филм бозгӯи зиндагии имрӯзаи келину хушдоманҳо аст.
“Бархӯрди ин ду нафар аз рӯзҳои аввали хонадорӣ шуруъ мешавад ва гоҳе то ба вайронӣ мебарад. Замоне ки дар оила шароит хеле вазнин аст ё инки зиддият зиёд аст, зиндагӣ кардан мушкил аст. Дар ин ҳолат як тараф бояд вазнину сабур бошад. Бояд хушдоман вазнин шавад, ба ҳар чиз эрод нагирад”, - мегӯяд ин ҳунарманд.
Нисо Муҳаммадҷонова афзуд, намоиши филми мазҳакавии “Хушдоманҳо” дар шароите ки хушунати хонаводагӣ зиёд аст ва дар ҳодисаҳои зиёд арӯсони ҷавон аз оиладорӣ ноумед мешаванд, метавонад нақши созанда бозӣ кунад.
Аммо ба назари Зулфия Содиқова, ҳунарманди дигар, ки нақши хушдомани сахтгирро офаридааст, ин филм барои модарарӯсҳо низ хеле омӯзанда аст.
“Хушдоман бояд ҷои худро донад, келин ҳам”
Дилхоҳ Шарипова, ки соҳиби чаҳор келин аст, махсус аз шаҳри Ваҳдат ба тамошои филми “Хушдоманҳо” ба Душанбе омада буд. Вай мегӯяд, бо онки нақши хушдомани хуб писандаш омад, дар воқеъ, набояд хушдоманҳо то ин ҳад нарм бошанд.
“Ба ҳар ҳол, бояд хушдоман мақоми худро донад. Ин хел нест, ки хушдоман хидмат кунад ва келин хӯраду гардад”, - гуфт ӯ.
Ин филм, ки давоми тақрибан ду моҳ дар Душанбе ва атрофи он ба навор гирифта шудааст, то як ҳафтаи дигар дар пойтахт ва баъдан дар вилояти Суғд намоиш дода хоҳад шуд.
Бархе аз мунаққидони кино дар Тоҷикистон мегӯянд, филм аз рӯи воқеиятҳои зиндагии мардум бардошта шудааст ва ҳар чизе аз дил баромад, ба дил хоҳад нишаст. Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “вижагии филм дар он аст, ки бо паёми мусбат анҷом меёбад. Ба ҷомеа паёми хуб медиҳад, ки ба душманиҳо хотима диҳанд. Якдигарфаҳмӣ кунанд”.
Ҷанҷол барои ба даст гирифтани зимоми хонавода?
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Дедовшина" дар оила. Хушдоманҳои тоҷик арӯси гапдаро меҷӯяндБаҳси келину хушдоман ҳамеша дар ҷомеаи Тоҷикистон матраҳ будааст. Ҷомеашиносон мегӯянд, тамоми баҳсҳо аз он сар мезанад, ки ҳар кадоме аз онҳо мехоҳанд зимоми идораи хонаводаро дар даст бигиранд, шуруъ аз анбори маводи ғизоӣ то ҷиҳози ҷевони хона. Ва нобаробарӣ дар “тақсими идора” гоҳе онҳоро ба муборизаи шадид ва занозаниву хонавайронӣ ва гоҳе худкушиву куштор мебарад.
Тобистони имсол Додгоҳи ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ) Зӯҳро Ҷӯрабекова, сокини 63-солаи ин ноҳияро дар худкушии келинаш Фаризаи Хӯҷаназар гунаҳкор донист ва 5 солу 6 моҳ зиндонӣ кард. Ин баландтарин ҳукм нисбат ба як хушдоман дар Тоҷикистон аст, ки дар худкушии келинаш гунаҳкор дониста мешавад.