Фарзона Ғуломова, сокини шаҳри Кӯлоб, ки шаш рӯз пеш қасд ба ҷони худ карда буд, гуфт, асосан фишори хушдоман ва хоҳари шавҳараш ӯро ба ин ҳол овардааст. Вай иддао кард, ки онҳо “пайваста таънаву туҳмат мезаданд” ва “ин дафъа тоб наовард”.
Ин зани ҷавон субҳи 19-уми сентябр бо бадани сӯхта ба бемористони шаҳри Кӯлоб бурда шуд. Табибон мегӯянд, беш аз бист дарсади бадани Фарзона сӯхтааст ва ӯ ба назорату кумак ниёз дорад.
Хонаводаи шавҳараш мегӯянд, Фарзона Ғуломова баъди моҷаро бар сари гӯиё гум шудани як гарданбанди тиллоии хушдоман ва, ҳамчунин, пайдо шудани рақами як рӯҳонии маҳаллӣ дар телефонаш, худро дар ҳаммом оташ задааст. Онҳо ҳамагуна хушунату фишор алайҳи келини хонаро рад мекунанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Асли қазия чӣ буд?
Аммо ин зани ҷавон мегӯяд, тамоми моҷаро бар сари 150 сомонӣ ва телефоне сурат гирифт, ки шаваҳраш ба ӯ дода буд ва он дар хона “гум шуд”.
“Ба шавҳарам гуфтам, ки ё ҷавобамро деҳ ваё ягон хонаи иҷора гирифта, зиндагӣ кунем. То замоне ки хонаи худамонро созем. Хушдоманам омад ва ба шавҳарам гуфт, ки сар деҳ, зани дигарат медиҳем”, - ба ёд овард Фарзона Ғуломова рӯзи 25-уми сентябр дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ.
Ғуломова мегӯяд, дар ин моҷаро шавҳараш тарафи модар ва хоҳарашро гирифт ва ӯро зад. Ва ӯ фақат ба сӯи ҳаммом рафтанро дар ёд дораду бас. “Вақте ба ҳуш омадам, дар хона ба пуштам доруи дандон мемолиданд”, - гуфт Фарзона Ғуломова.
Фарзияи Фарзона
Қаблан Аюби Намозалӣ, шавҳари Фарзона Ғуломова, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз телефони ҳамсараш рақами мобилии як руҳониро дид ва бо ӯ ҷанҷол кард. “Шаб гуфтам, ки рақами телефони муллоро чӣ кор мекунӣ ва онро аз кӣ гирифтӣ? Саҳар дар дохили ҳаммом худашро оташ зад”, - нақл кард ӯ.
Вале Фарзона фарзияи худро дорад. Вай мегӯяд, “ҳамааш ба сабаби гум шудани пул буд. Барои 150 сомонӣ ва телефон ҷанг карданд. Ягон рақам надоштам. Сабаби асосӣ ҳамин 150 сомониву телефони гумшуда буд.”
Чанд рӯз пеш келини дигари хонавода мегуфт, муноқиша бар сари гарданбанди тилоии хушдоман сар зад, ки дар хона гум шудааст. Марҷонаи Шириҷон гуфта буд, “чанд рӯз пеш хушдоманам занҷири худро гум кард. Ҳардуямонро қасам дод, қасам хӯрдем, ки нагирифтем. Дина порча-порча ёфтанд."
Ҳоло мақомоти маҳаллӣ ин ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Чанд паҳлӯ ва решаҳои амиқи масъала
Фарзона Ғуломова мегӯяд, намехоҳад дубора шоҳиди ингуна ҷанҷолҳои хонаводагӣ шавад. Ӯ мегӯяд, агар шавҳараш хонаи алоҳида кунад, ба зиндагиии муштарак идома хоҳад дод. “Вале гӯянд, ки дубора боз ба ҳамон хона равам, азоб интизор аст. Дигар чунин зиндагӣ намекунам”, - афзуд ӯ.
Фарзона соҳиби духтари 3-сола аст ва ҳоло дар батнаш тифли дувуми худро дорад.
Як сабаби аслии сар задани моҷаро дар хонаи шавҳари Фарзонаро наздикон дар ҳамзистии шумори зиёди мардум дар як ҳавлӣ медонанд. Дар хонаводаи домод ба ғайр аз Фарзонаву оилааш, боз як келину ду хоҳари шавҳар ва модарашон якҷо зиндагӣ мекунанд. Бархе наздикон мегӯянд, ки дахолати зиёди хоҳарони шавҳар ба зиндагии хусусии Фарзона ҳам боис ба моҷаро дар хонавода мешавад.
Ҷомеашиносони тоҷик, ки хушунати хонаводагиро як мушкили усулӣ дар аксар хонаводаҳои Тоҷикистон меноманд, мегӯянд, дар асл ин масъала паҳлӯ ва решаҳои амиқ дорад ва барои кам шудани чунин ҳолатҳо бояд ҳам намояндагони мақомот ва ҳам ҷомеаи маданӣ фаъол бошанд.
Занони хушунатдида, ки аксар талош мекунанд, вуҷуди мушкил ва поймолшавии ҳуқуқ дар хонаро аз дигарон пинҳон кунанд, гоҳе ба танг омада, сӯиқасд ба ҷони худро гӯё роҳи ҳалли масъала мебинанд. Солҳои охир вазъ дар Тоҷикистон боз аз он назар нигаронкунанда шуд, ки занон ҳамроҳ бо фарзандонашон қасди ҷон мекунанд.
Матбуот дар солҳои охир дар бораи ҳадди ақал 20 чунин ҳодиса хабар додааст, ки ба андешаи таҳлилгарон, бисёр сангин будани ин масъаларо ошкор мекунад.