Муроҷиати вазорат ба ифротгароён: Баргаштан хоҳед, кӯмак мекунем

Бобоҷон яке аз онҳоест, ки соли 2016 аз Сурия ба Тоҷикистон баргашт ва афв шуд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба онҳое, ки ба хориҷ аз ҷумла Сурияву Ироқ рафта ба сафи гуруҳҳои ифротӣ пайвастаанд, ва ё ба ифротгароӣ муттаҳам мешаванд, муроҷиат карда ва гуфтааст, агар майли бозгашт ба ватан доранд, бо мақомот тамос бигиранд.

Дар як эълони вазорати умури дохилӣ, ки дар ҳафтаномаи вазорат нашр шудааст, омадааст, «Ба ҳамаи онҳое, ки мақсади баргаштан ба ватанро доранд, муроҷиат менамоем,ки ба Раёсати мубориза ба зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорат муроҷиат кунанд.”

Дар эълон дар нашрияи "Қонун ва Ҷомеа" омадааст, ин афрод ҳар ҷое, ки набошанд, метавонанд, мустақим бо шумораи телефони +992 93 444 00 66 ба ин раёсат аз тариқи Вайбер, ИМО, Телеграм ва Вотсапу Вичат муроҷиат кунанд ва “кафолати ҳимояи шахсӣ, ҳавасмандгардонӣ ва хабардор намудани муроҷиаткунанда аз натиҷаи баррасии масъала таъмин карда мешавад.”

Ҳарчанд мақомот дар гузашта гуфтаанд, ки афродеро, ки ихтиёрӣ аз Ироқу Сурия баргаштаанд, авф мекунанд, вале бори аввал аст, ки мустақим ба онҳо муроҷиат мекунанд, ки баргарданд ва агар собит кунанд, ки гуноҳе накардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Оё ҷангиёни бозгашта ба амнияти Тоҷикистон хатар доранд?

Ин ду духтари тоҷик ҳануз ҷустуҷу мешаванд.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар муддати як моҳи ахир 4 нафарро, ки ба ифротгароӣ муттаҳам мешуданд ва мехостанд, ба ватан баргарданд, “аз роҳи корбарӣ, фаҳмондадиҳӣ ва шарҳу эзоҳи дурусти қонунгузории кишвар мутақоид кард, ки ба ватан баргарданд.“

Афви аъзои Ансоруллоҳ

Афроде, ки дар якуним моҳи ахир ба Тоҷикистон баргаштаанд, бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои ифротгаро аз ҷумла гуруҳи мамнуъи “Ансоруллоҳ” дар ҷустӯҷуи байналмилалӣ қарор доштаанд ва яке аз онҳо Абдумалик Розиқов, сокини 50-солаи Исфара будааст, ки бо мусоидати Интерпол дар Русия дастгир вале баъди 6 моҳ озод шудааст.

Баъди озод шудан, ӯ бо ташвиқи мақомоти интизомӣ ва волидонаш розӣ шудааст, ки ба Тоҷикистон баргардад. "Ансоруллоҳ" аз созмонҳои мамнуъ дар Тоҷикистон аст, ки умдатан аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ташкил ёфтааст ва бино ба гузоришҳо аъзои он дар Покистон паноҳ ёфтаанд.

Ба гуфтаи вазорат, мақомоти милиса ҳамчунин волидони ин афродро мутақоид кардаанд, ки баъди бозгашт фарзандони онҳо ҷазо намегиранд ва барои ҳамин онҳоро моил кунанд, ки ба ватан баргарданд.

Ду сокини дигари Исфараро, ки ба узвият дар созмони “Ансоруллоҳ” муттаҳам мешудаанд, мақомоти интизомӣ аз Русия баргардондаанд ва мегуянд, азбаски онҳо ба ҷиноятҳои сангине даст назадаанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ намекашанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тағйири шеваҳои мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон (ВИДЕО)

Як ҷавони дигар Мирзохуҷа Исмоилов, сокини Мастчоҳро, ки ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ муттаҳам мешудааст, чанде пеш ба Тоҷикистон баргардондаанд ва вазорат мегӯяд, ки ин ҷавон акнун имкон дорад, “зиндагиро на дар паси панҷара, балки дар қатори мардуми дигар озодона сипарӣ кунад.”

Аз Сурияву Ироқ муроҷиат нест?

Вазорат нагуфтааст, моҳҳои ахир чанд нафар аз Ироқ ва ё Сурия ихтиёрӣ ба Тоҷикистон баргаштаанд, вале дар гузоришҳои пешин гуфта мешуд, ки дар умум мақомот мусоидат кардаанд, то бештар аз 70 ҷавоне, ки фирефтаи гумоштаҳои гуруҳҳои ифротӣ бахусус Давлати исломӣ шуда ба Ироқу Сурия рафтаанд, ба Тоҷикистон баргарданд.

Тақрибан 60 нафари онҳо бо хоҳиши худ аз қаламравҳои зери назорати гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё наздикии марзи Туркия бо Сурия баргаштаанд ва мавриди афв қарор гирифтанд.

Баъди зуҳури гурӯҳи ифротгарои ба ном "Давлати исломӣ" дар Сурияву Ироқ, дар соли 2015 беш аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон ба ин кишварҳо рафта ва ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайвастаанд ва на камтар аз 300 нафарашон ҳам кушта шудаанд.

Аммо ин афрод на фақат танҳо балки хонаводаҳои худро ҳам ба Ховари Миёна бурдаанд. Дар як гузориши ҳукумати Тоҷикистон, ки тобистон ба Созмони Милал фиристодааст, гуфта мешавад "ҳоло дар қаламрави Сурия, Ироқ ва дигар кишварҳое, ки гирифтори ҷанг ҳастанд, 234 оила иборат аз 840 нафар аз Тоҷикистон қарор доранд. Дар байни онҳо 309 мард, 279 зан ва 110 духтару 142 писар ҳастанд.”

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ироқ 4 зани тоҷикро барои узвият дар ДОИШ ба ҳабси абад маҳкум кард

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, баргардонидани онҳое, ки фирефтаи гуруҳҳои ифротӣ ва ё гумоштаҳои онҳо шуда ба Ироқу Сурия рафтаанд, як роҳи дурусти ҷилавгирӣ аз густариши ифротгароӣ аст.

Ба қавли онҳо, дар сурати роҳ надодани он афрод ба Тоҷикистон мумкин аст, гуруҳҳои ифротӣ аз онҳо “бомбгузорони маргталаб” омода карда ва барои ҳадафҳои худ истифода баранд ва сабаби латма дидани обруи Тоҷикистон шаванд, ки ҳатто дар замони ҷанги дохилии 5 сола дар кишвар ҳеҷ гоҳ шоҳиди чунин ҳамлаҳо нашудааст.