Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори Мавҷудаю Ризвон аз таҳхонаҳои Сурия ба Қӯрғонтеппа


Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ки ду сокини ҷавони Қӯрғонттеппа баъд аз чанд муддати будубош дар маҳалҳои таҳти итоати "Давлати исломӣ" ба Туркия фирор карда ва аз он ҷо ба Тоҷикистон омадаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз бозгашти ду ҷавони дигари тоҷик аз майдонҳои ҷанг дар Сурия хабар дод. Ин ниҳод рӯзи 30 май бо нашри иттилоъ дар торнамои расмияш гуфт, Мавҷуда Сабурова (1988) ва Ризвон Аҳмадов (1993) – сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа баъди чанд моҳи будубош дар таҳхонаҳои ҷангиён дар Сурия ва омӯзиши фаъолиятҳои террористӣ аз Раққаҳ фирор карда, худро ба Туркия расондаанд ва аз он ҷо бо ёрии намояндагони ВКД ба Душанбе баргаштаанд.

Масъулони ВКД мегӯянд, ин ду сокини Қӯрғонтеппа пеш аз он ки ба Сурия раванд, дар шаҳри Самара ва Маскави Русия машғули кор будаанд.

"Аммо гирифтор шудан ба муҳит ва афкори носолим ва ташвиқоти ҳар гуна ақидаҳои ботил, ифротиён Ризвонро бо мақсади иштирок дар амалиёти мусаллаҳона ба Сурия бурдаанд. Мавҷуда, ки ҳамчун парастор ба нигоҳубини пиронсоле машғул буд, барои аз сари нав гузаштани сарҳад мехоҳад ба давлати Туркия сафар намуда, бозпас ба

​шаҳри Маскав баргардад, вале дар он ҷо ба доми ифротиён афтода, фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғ мегардад ба Сурия рафта, муддати ду моҳ дар он ҷо мемонад,"-- омадааст дар хабари расмии ВКД.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ҷавононе, ки ба Сурия, Ироқ ва дигар давлатҳо рафта, дар муноқишаҳо иштирок кардаанд ва ҳоло аз кардаи худ пушаймонанд, метавонанд ба хонаҳои худ баргарданд ва ин қабил сокинон аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд буд. Вале ВКД нагуфта, ки бозгашти ду сокини Қӯрғонтеппа кай сурат гирифтааст.

Сукути "ҷиҳодиён" дар посух ба даъвати ВКД

Ин дар ҳолест, ки бо гузашти бештар аз 3 ҳафта аз эълони аввалини Вазорати корҳои дохилӣ барои мусоидат ба бозгашти шаҳрвандони тоҷик аз Сурияву Ироқ, ягон нафари онҳо бо тақозои кумак ба вазорат муроҷиат накардаанд. Як манбаъ дар Вазорати умури дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "ягон нафар аз ҷиҳодиён то ҳол ба вазорат арз накардааст, ки аз рафтанаш пушаймон аст ва мехоҳад ба Тоҷикистон баргардад ва ба ман ёрдам кунед, ки ба хона равам."

Ӯ афзуд, се ҳафта вақти кам аст, ки даъвати вазорати умури дохилӣ "ба гӯши ҷавонони фиребхӯрдаи тоҷик, ки ба Ироқу Сурия рафтаанд, бирасад, вале мо умед дорем, ки шуморае аз онҳо бармегарданд."

Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 9 май эълон кард, омодааст, ба ҷавононе, ки барои ширкат дар муноқишаҳо ба Сурияву Ироқ рафта ва аз ин корашон пушаймон шудаанд, ҳаматарафа кумак расонад, то ба назди хонаводаҳои худ ба Тоҷикистон баргарданд. Ба гуфтаи вазорат, онҳое, ки тавонистаанд аз Сурияву Ироқ берун омадаанд ва дар Туркия, ё дигар ҷой ҳастанд, дар сурати бозгашт ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Вазорат аз ҷавонон хост, ба телефони +992 37 221 2121, ки телефони боварии вазири умури дохилӣ аст, занг зананд.

Як мутахассиси Вазорати умури дохилӣ, ки ҷиҳоду ифротгароиро таҳқиқ мекунад, рӯзи 27 май ба Радиои Озодӣ гуфт, саъйи мақомоти интизомӣ барои бозгардонидани ҷавонон аз ҷангҳои Ховари Миёна бо ҳадафи кам кардани хатар ба амнияти миллӣ ва ҳам аз нигоҳи башардӯстӣ аст. Ӯ афзуд, мақомот медонанд, ки бозгардонидани ҷавонон ба осонӣ муяссар намешавад, чун гурӯҳҳои манфиатдоре, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Сурияву Ироқ бурдаанд, онҳоро раҳо намекунанд.

"Онҳоро аз роҳи фиреб бурдаанд, бисёриашон ҳуҷҷатҳояшон нест, аксарияташон дар ҷойҳое ҳастанд, ки ягон воситае надоранд, ки аз онҷо гурехта биёянд,"--афзуд мусоҳиби мо.

Аз ҳисоби бештар аз 300 шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо баҳонаи “ҷиҳод” ба Сурияву Ироқ рафтаанд, бино ба гузоришҳо 7 нафарашон баргаштаанд. Яке аз онҳо Одил Пулодов, сокини 30-солаи Спитамен

Фаррух Шарифов, ҷавоне, ки аз Сурия баргаштааст
Фаррух Шарифов, ҷавоне, ки аз Сурия баргаштааст

аст, ки тобистони соли 2014 ба Сурия рафт, вале баъди ду ҳафта аз онҷо гурехт. Бародараш Турдиалӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, Пӯлод ҳоло машғули кор аст.

Фаррух Шарифов, сокини шаҳри Хуҷанд, ки дар Сурия саргузаштҳое дорад, рӯзи 7 май дар як нишасте дар ҳузури вазири умури дохилии Тоҷикистон қиссаи бо сад азоб гурехтанаш аз Сурияро нақл кард ва аз ҷавонони тоҷик хост, ки ба онҷо нараванд. ​Фаррух гуфт, баъди дидани сарбуриҳо ва бераҳмиҳои ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва дидани он ки занони муҷоҳидони тоҷик хариду фурӯш мешаванд, аз онҷо фирор кард.

Аммо на ҳамаи ҷавонони тоҷике, ки ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва ба сафи ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастаанд, азми баргаштан ба Тоҷикистонро доранд, зеро ба ин боваранд, ки ҷанги онҳо дар Сурияву Ироқ “ҷиҳод” аст. Абдулғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд: “Баъзе ҳастанд, ки аз рӯи ақида рафтаанд, барои ҷиҳод ё чун ғозӣ рафтанд, баъзеи дигар барои пул рафтанд, чунки мо худамон натавонистем, вазъи иҷтимоии онҳоро беҳтар кунем. Онҳо аввал Русия, Қазоқистон, ё дигар ҷой рафта, кори дуруст наёфтанд, барои ҳамин рӯҳафтода шуда, барои пул кор кардан рафтаанд.”

Таҳлилгари тоҷик тарафдори баргардонидани ҷавонони тоҷик аз Сурия аст ва онро кори хайр медонад, зеро бисёре аз онҳо ба қавли Абдулғанӣ Мамадазимов хато кардаанд ва бозгашти онҳо ба назди хонавода кори инсонпарварона мебуд. Мамадазимов, мегӯяд, тоҷикон таҷрибаи

Абдулғанӣ Мамадазимов
Абдулғанӣ Мамадазимов

бозгардонидани ҳазорон ҳамватани худ аз Афғонистонро доранд, ҳарчанд ин кор осонтар буд, чун танҳо як марз дар миён буд: "Мо бояд кӯшиши худро чанд маротиба пурзӯр кунем, мо консулгарӣ дар Сурия надорем. Мо муроҷиат карда метавонем ба давлатҳои шарики стратегӣ ба Русия, ба Қазоқистон, ки консулгариҳои онҳо мусоидат кунанд, ки он вақте ки онҳо шаҳрвандони худро бармегардонанд, дар як вақт тавонанд, ки тоҷиконро ҳам баргардонанд."

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аввали ҳамин моҳ гуфт, ки чандин зани тоҷике, ки шавҳаронашон дар Сурия кушта шудаанд, аз вазорат хостаанд, барои берун овардани онҳо аз Сурия мадад расонанд, вале маълум нест, ки ягон нафари онҳо аз онҷо баргаштааст, ё не.

XS
SM
MD
LG