Садҳо нафар аз 46 кишвари дунё дар шаҳри Душанбе ҷамъ омадаанд, то роҳҳои пешгирӣ аз ифротгароӣ ва терроризмро баррасӣ кунанд, ки таҳдиди ҳарду зуҳурот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон зиёдтар шудааст.
Дар конфронси байналмилалӣ зери унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки рӯзи 3-уми май дар пойтахти Тоҷикистон ифтитоҳ шуд, 400 нафар намоянда аз кишварҳои мухталиф ва 30 намоянда аз созмонҳои байналмилалӣ ҳузур доранд.
Томас Гремингер, дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Владимир Воронков, муовини дабири кулл ва мудири Дафтари зиддитеррористии СММ, Генри Эншер, муовини ёвари вазири умури хориҷии Амрико оид ба Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ҳузур доранд.
Конфронс бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо сурат мегирад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт,
“Ҳадафҳои конфронси байналмилалӣ таҳкими ҳамкориҳои мутақобила оид ба масоили муайан ва пешгирии амалиётҳои террористии фаромарзӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо барои муқовимат бо терроризм миёни кишварҳо, баррасии мушкилоти амалисозии чораҳои мубориза бо терроризм, ҳамкориҳо барои муқовимат алайҳи ҷиноятҳои кибернетикӣ мебошанд.”
Иттиҳодияи Аврупо низ дар ҳамин рӯз бо нашри баёнияи расмие гуфт, “Осиёи Марказӣ ва минтақаи васеъ айни замон ба душвориҳои ҷиддии амниятӣ дучор мешаванд, ки бояд ба таври фарогир, дар чорчӯбаи манфиатҳои минтақа ва ҷаҳони дигар ҳалли худро пайдо кунанд“.
Дар ин баёния омадааст, ки Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон ҳамчун шариконе, ки бо Афғонистони ноором ҳамсарҳаданд, масъулияти муҳими ҷилавгирӣ аз густариши ифротгароӣ ва терроризмро доранд ва дар ин замина ба кӯмак эҳтиёҷ доранд.
Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки қасд дорад, дар оянда ҳам ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар ҷилавгирӣ аз терроризм ва ифротгароӣ кӯмак кунад.
Ба тахмини Гурӯҳи байналмилалии таҳқиқи бӯҳронҳо, то кунун бештар аз 4 ҳазор нафар аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Сурияву Ироқ рафта ба сафи гурӯҳи Давлати исломӣ ва ба дигар созмонҳои ифротгаро пайвастаанд.
Ҳазор нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Мақомот нигаронанд, ки бо маҳви ДОИШ дар Ироқу Сурия мумкин аст, ин ифротиён ба Осиёи Марказӣ баргарданд ва ба харобкорӣ даст бизананд. Аз ҷумла ба гуфтаи мақомоти расмӣ, аз соли 2014 то кунун ба Тоҷикистон 70 шаҳрванди Тоҷикистон аз қаламравҳои зери итоати “Давлати исломӣ” ба ватан баргаштаанд.
Хатари хазандаи ифротгароӣ ва терроризм
Рӯзе пештар аз нишасти байналмилалӣ дар Душанбе мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки аз таҷаммуи гурӯҳҳои ифротиву тундрав дар марзи Афғонистон нигаронанд.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар нишасти минтақавие дар бораи таъмини амнияти марзҳо гуфт, Толибон дар марз бо Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор ҷангӣ ва 29 пойгоҳи омӯзишии худро ҷойгузин кардаанд.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ афзуд, ки ин вазъ ҳамкории густурдаи сохторҳои интизомии кишварҳои минтақаро ба хотири таъмини амният тақозо мекунад.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, конфронси байналмилалӣ дар Душанбе “барои фароҳам овардани замина барои муколама ва ҳамкориҳои тарафҳо бо мақсади мубориза ба таҳдиду хатарҳои муосир хизмат хоҳад кард.”
Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам дар ин нишаст ширкат ва суханронӣ кунад.