Дар Тоҷикистон феҳрасти нави бемориҳоеро тасдиқ карданд, ки гирифторонаш ҳақ надоранд, дар донишкадаву донишгоҳ ва омӯзишгоҳҳои тиббӣ таҳсил кунанд ва ё табиб шаванд.
Кӣ табибу парастор шуда наметавонад?
Феҳрасти мазкурро раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25-уми сентябр бо имзои як қароре тасдиқ кард ва бар асоси он, гирифторони 50 навъи беморӣ ҳаққи дар муассисаҳои таълимии тиббӣ таҳсил карданро надоранд.
Дар феҳраст, ки ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид, асосан бемориҳое шомиланд, ки гирифторони он дар гузашта ҳам ҳақ надоштанд, дар муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ омӯзиш бигиранд ва табибу парастор шаванд.
Бар гуфтаи мақомот, ҳадаф аз тасдиқи феҳраст, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ва амалӣ кардани чорабиниҳо барои сиҳатии мардуми Тоҷикистон аст.
Ба ин феҳраст, аксаран бемориҳои рӯҳӣ шомиланд, чун ба гуфтаи табибон, гирифторони чунин бемориҳо метавонанд, ҳам ба худу ҳам ба атрофиёнашон зарар расонанд.
Шизофренияи шадид, бемориҳои системаи марказӣ ва атрофии асаб, мӯътодӣ ва беморони саръ аз ҷумлаи бемориҳое ҳастанд, гирифторони он аз ҳаққи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои тиббӣ маҳрум шудаанд.
Гирифторони чандин навъи бемории саратон ва ҳам афроди маҳрум аз дасту пой, якчашмӣ ва нобиноӣ ҳам ба феҳрасти онҳое шомил шудаанд, ки ҳаққи таҳсил донишгоҳу омӯзишгоҳҳои тиббиро надоранд.
Гирифторони "далтонизм" наметавонанд табиб шаванд
Яке аз масъулони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 15-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ санади мазкур ба онҳо расидааст ва яке аз бемориҳое ба ин феҳраст шомил шудааст, "далтонтизм" аст, ки гирифторони он қудрати ташхиси рангро надоранд ва асосан сиёҳу сафед мебинанд.
"Дар маҷлис гуфтанд, ки қарор баромадааст ва дар рӯйхат касалии далтонизмро ворид кардаанд. Гуфтанд, ки донишҷӯёнеро, ки чунин беморӣ доранд, рӯйхат кунед, онҳоро ба факултетҳое, ки бо беморон сарукор надоранд, мегузаронем. Ташкилотчии соҳаи тандурустӣ шуда метавонанд ва ё дар санэпидемстансия кор карда метавонанд. Бевосита бо беморон сарукор гирифта наметавонанд",-гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Ҳар моҳ дар Тоҷикистон 100 кас олудаи ВИЧ мешавад"Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, азбаски гирифторони ин беморӣ масалан, ранги сурхро ташхис дода наметавонанд ва ё "мисол дар компютер ҳазор навъ ранг аст, ки онҳо наметавонанд, бубинанд."
Мусоҳиби мо афзуд, ки баъди қабули қарор ба онҳо дастур додаанд, донишҷӯёни гирифтори бемории далтнозим, ки чиҳил ё чанд нафаранд, рӯйхат кунанд, то онҳоро ба факултаҳое, ки гузаронанд, ки донишҷӯёнаш мустақим бо табибон кор намекунанд.
"Гирифторони сил ҳини беморӣ ҳаққи таҳсил надоранд"
Бар асоси ин феҳраст, шахсоне, ки ба бемориҳои давомноки сироятӣ гирифторанд ва ҳомилони барангезандагони бемориҳои сироятианд, мисли тамоми дигар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи таҳсил дар донишгоҳу омӯзишгоҳҳои тиббиро доранд, аммо ба як шарт.
"Бемориҳои сил ва дигар бемориҳои сироятӣ ҳаст, ки дар замони авҷи беморӣ ҳақ надоранд, таҳсил кунанд, вале баъди муолиҷа чунин ҳақро пайдо мекунанд",- гуфт, Миралӣ Одинаев, ҷарроҳи тоҷик.
Ончӣ ки дар ин феҳраст метавонад, мояи нигаронӣ ва ҳайрати созмонҳову табибон шавад, ворид кардани бемори вируси норасоии масунияти инсон аст, ки чун давлати Тоҷикистон дар Кодекси тиббӣ "кафолат медиҳад, ки ҳаққу ҳуқуқи мубталоёни вируси норасоии масунияти одам ва аъзои оилаи онҳо, мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон риоя карда шаванд".
Яке аз устодони Донишгоҳи тиббӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки агар дар донишгоҳ ягон нафар гирифтори ин беморӣ бошад, аз донишгоҳ хориҷ мекунанд. Ӯ ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки "Оё дар Донишгоҳи миллӣ чунин маврид буд, гуфт, ман ба ин суоли шумо ҷавоб дода наметавонам."
ВИЧ/СПИД дар феҳрист
Вируси норасоии масунияти бадан, дар ин феҳраст дар охир ва 50-умин навъи беморист, ки гирифторонаш ҳаққи табибу парастор шуданро надоранд. Ду табиб ва кормандони созмонҳои ҷамъиятӣ, ки дар масъалаи мубориза бо бемории вируси норасоии масунияти бадан кор мекунанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ворид кардани ин беморӣ ба феҳраст мухолифи қонунҳои кишвар аст ва бешак сабаби интиқоди давлати Тоҷикистон мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Ман кай сиҳат мешавам?" -- суоли ҳамешагии кӯдакони олуда ба ВИЧ аз волидон. ВИДЕО"Дар кишвар гирифторони бемории мазкур бе ин ҳам табъиз мешаванд ва аз ҳаққи таҳсил дар донишгоҳу омӯзишгоҳҳои тиббӣ маҳрум кардани ин гирифторон табъиз дар сатҳи давлатӣ мешавад",-гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ дар яке аз ин созмонҳо.
Тоҷикистон дар миёни чанд кишвари камшумори ҷаҳон аст, ки вируси норасоии масунияти бадан дар он дар муддати 10 соли гузашта 25 дарсад афзудааст. Аз замони пайдо шудани беморӣ дар кишвар то кунун беш аз 2400 нафар ҳалок шудаанд.
Аксари гирифторони беморӣ, тақрибан 4 ҳазор нафари онҳо мӯътодони маводи мухаддир ҳастанд ва беш аз 2 ҳазор нафарашон ба танфурӯшӣ машғул будаанд. Дар ин муддат 300 кӯдак дар Тоҷикистон ба ҳар васила ба бемории вируси норасоии масунияти бадан гирифтор шудаанд.
Тақозои санади махсус
Бар асоси муқаррароти қонун, ҳар довталабе, ки мехоҳад, ба донишгоҳ ва ё омӯзишгоҳи тиббӣ дохил шавад, бояд аз муоинаи дақиқи табибон гузашта ва санади махсус баранд. Табибон дар санад хулоса медиҳанд, ки довталаб солим аст ва бемории хатарнок барои атрофиён надорад.
Довталабро бояд табиби чашм, асабшинос, ҷарроҳ, дандонпизишк, гӯшу гулу ва бинӣ муоина кунанд ва ташхиси умумии хун, пешоб ва қафаси синаро ҳам гузаронанд. Аммо ба гуфтаи як донишҷӯи тоҷик, дар ҳар муассисаи тиббӣ ин санадро ба осонӣ ва дар ивази маблағ мегиред ва шарт нест, барои он шуморо табибон муоина кунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Роҳи номаълум". Ҳар сол беш аз 70 кӯдаки тоҷик ба ВИЧ мепечад. САДОМутахассисони соҳаи тибро дар Тоҷикистон асосан дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯали ибни Сино, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тиббӣ омода мекунанд.
Тарбияи мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи тиббӣ ва фармасевтӣ дар 4 коллеҷи тиббӣ ва 10 омӯзишгоҳи тиббӣ сурат мегирад. Дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ тақрибан 6000 нафар ва дар коллеҷу омӯзишгоҳҳои тиббӣ тақрибан 19000 нафар донишҷӯён таълим мегиранд.