Ёдгор Файзов – иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Бадахшон – гуфт, дар мулоқот бо ӯ баъзе аз пешвоҳои ғайрирасмии Хоруғ ваъда додаанд, ки дар маъракаи халъи силоҳ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳми худро хоҳанд гузошт.
Дар инҷо ягон кас бетараф шуда наметавонад, худи ҳамин гуруҳҳо ҳам. Як кас бетараф бошад, кор пеш намеравад
Рӯзи 5-уми октябр дар нахустин суҳбаташ бо Радиои Озодӣ дар мақоми раиси вилояти Бадахшон Ёдгор Файзов тасдиқ кард, ки дар ин вохӯрӣ Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов ва дигар ашхоси таъсиргузор иштирок доштанд. Файзов рӯзи 1-уми октябр бо як фармони президенти Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Бадахшон таъйин шуд.
Ӯ нагуфт, ки мулоқот бо ин нафарон кай баргузор шудааст. Вале ба гуфтааш, дар “сӯҳбатҳои ошкоро” ба ӯ, аз ҷумла Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов ваъда доданд, ки дар мубориза бо нашъамандӣ ва ҷамъоварии силоҳҳои ғайриқонунӣ кумаки амалӣ мекунанд.
- "Мо суҳбат кардем ва онҳо омодагии худро ба ин кор нишон доданд. Дар бораи мубориза бо нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ ба таври хеле қотеона ваъда доданд. Дар масъалаи яроқ ваъда доданд. Гуфтанд, касе, ки дорад, марҳамат супорад, мо чизе дорем, оварда месупорем. Бисёр суҳбати ошкоро буд ва бинем, ки натиҷааш чӣ мешавад”, - гуфт Ёдгор Файзов.
Ин мулоқот дар ҳоле баргузор шуд, ки ба иттилои мақомот, дар фурсати беш аз ду ҳафтаи охир аз сокинони Хоруғ беш аз 150 мил силоҳ ҷамъоварӣ шудааст. Ба қавли мақомот, аксари ин силоҳ дар натиҷаи "корҳои фаҳмондадиҳӣ" ихтиёрӣ супурда шудааст. Мақомот феълан намегӯянд, ки ин миқдор силоҳ бо чӣ роҳ ба дасти сокинон афтода, бо кадом ҳадаф нигаҳдорӣ мешуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти маҳаллии Бадахшон ду рӯз қабл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, инчунин, бо ташаббуси ҷавонон дар Хоруғ ва ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон 190 мошини сиёҳшиша пок карда шуд.
“То замоне силоҳ дар дасти ҷинояткор аст...”
Ёдгор Файзов, раиси Бадахшон мегӯяд, то замоне ки силоҳ дар дасти гуруҳҳо аст, наметавон вазъро ба эътидол овард. Раиси нави Бадахшон ҳамчунин гуфт, талош мекунад ҷавононро дар ин вилоят аз таъсири гуруҳҳои ҷиноятпеша берун орад.
“Масъалаи ҷинояткорӣ бисёр ҷиддӣ аст. То даме ки силоҳ дар дасти гуруҳи ҷинояткор аст, ҳеҷ вақт ҷомеа осуда зиндагӣ карда наметавонад. Силоҳ бояд аз дасти инҳо гирифта шавад. Мардум, бахусус ҷавонон, бояд аз зери таъсири гуруҳҳои ҷиноятпеша бароварда шаванд. Баъдан зиндагии осоишта ташкил кардан имкон дорад”, - гуфт раиси нави Бадахшон.
Файзов афзуд, таъмини волоияти қонун, гирифтани пеши роҳи ҷинояткорӣ, қонунвайронкунӣ ва муборизаи беамон бо маводи мухаддиру майзадагӣ дар сархати кори ӯ ҳамчун раиси Бадахшон қарор доранд.
“То 15 октябр вазъро ба тартиб меорем”
Раиси нави Бадахшон дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки оё дар дасти Толиб Айёмбеков ва дигар “пешвоёни ғайрирасмӣ” силоҳ ҳаст, кӯтоҳ посух дод, ки “дар дасти инҳо ҳам ҳаст дар дасти дигар одамон ҳам ҳаст.”
Ӯ гуфт, мақомот ахборот доранд, ки дар дасти кӣ чӣ миқдор силоҳ аст. Ёдгор Файзов мегӯяд, то муҳлати муқарраркардаи раиси ҷумҳур, яъне 15-уми октябр дар Бадахшон тартибот барқарор хоҳад шуд.
Ба қавли Ёдгор Файзов дар амри иҷрои ин кор ӯ бо тамоми қишрҳои ҷомеа дар Бадахшон ҳамкорӣ мекунад. “Дар инҷо ягон кас бетараф шуда наметавонад, худи ҳамин гуруҳҳо ҳам. Як кас бетараф бошад, кор пеш намеравад”, - афзуд Ёдгор Файзов.
Ёдгор Файзов рӯзи 1-уми октябр аз сӯи Асадулло Раҳмон, ёрдамчии президент оид ба масъалаи кадрҳо, ҳамчун раиси нави вилояти Бадахшон муаррифӣ гардид. Ӯ дар ин вазифа Шодихон Ҷамшедро иваз кард, ки дар пайи интиқоди шадиди Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи тартибот дар Хоруғ аз мақом барканор шуд. Дар баробари Шодихон Ҷамшед қисми зиёди мақомдорони Бадахшон барканор шуданд.
Интиқоди президент Раҳмон аз вазъи тартибот дар Хоруғ рӯзи 15-уми сентябр боис ба тағйироти ҷиддӣ дар сатҳи раҳбарияти маҳаллӣ ва ҳам сохторҳои қудративу додгоҳӣ шуд. Баробар бо ин, дар Бадахшон амалиёти назорат аз тартибот, аз ҷумла, ҷамъоварии силоҳ ва ҳам ошкоркунии мошинҳои сиёҳшишаи бидуни иҷозат ба роҳ монда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мақомотро барои роҳ додан ба ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ дар ин минтақа сахт танқид кард. Раиси ҷумҳур ба онҳо як моҳ мӯҳлат дод, то, ба гуфтааш, тартибу интизомро барқарор кунанд. Як интиқоди вижаи ӯ аз "чор ҷинояткор" буд, ки ба гуфтааш, вазъро халалдор мекунанд.