Дар ҳукумат, додгоҳ ва Раёсати корҳои дохилии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Се рӯз қабл раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомоти вилоят ва ниҳодҳои интизомӣ ба хотири онки натавонистаанд тартиботро дар шаҳри Хоруғ ҷорӣ кунанд, ба шиддат интиқод намуд ва барои ҳалли масъала ба онҳо як моҳ муҳлат дод.
Мақомот мегӯянд, ҳайати тозатаъйин баъди вохӯрӣ бо раиси ҷумҳур озими Бадахшон шудаанд.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 18-уми сентябр хабар дод, ки бино ба тағйироти нав, Алишер Мирзонаботов муовини аввал, Назира Амирбекзода, Анвар Имматшозода ва Умедҷон Носиров муовинони раиси вилояти Бадахшон таъйин шуданд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Курсии муовини аввали раиси вилояти Бадахшон аз моҳи июли имсол ва баъди ба вакилӣ интихоб шудани Нуралӣ Риоев холӣ буд. Алишер Мирзонаботов, ки ҳоло ба ин мақом таъйин шудааст, аз моҳи сентябри соли 2017 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор мекард. Назира Амирбекзода, муовини нави раиси Бадахшон, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон буд.
Ба иттилои манбаъ, Давлатмо Додихудозода аз вазифаи раиси Додгоҳи вилояти Бадахшон озод шуда, ба ҷои ӯ Шоғуфрон Усмонзода омадааст. Абдураҳмон Аламшозода сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон таъйин шудааст. Вай ҳамзамон мақоми муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистонро ҳифз мекунад.
Ҳамчунин, сардорони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб, сардори шуъбаи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар вилояти Бадахшон аз мақомҳояшон озод шуданд. Хадамоти матбуоти президент мегӯяд, ба вазифаҳои масъул дар Бадахшон “мутахассисони варзида, кордону поквиҷдон ва содиқ ба давлату миллат” таъйин гардиданд.
“Раиси ҷумҳур барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, нигоҳдории силоҳ, убури ғайриқонунии сарҳад, вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза алайҳи нашъамандӣ ва тарбияи насли солиму солеҳ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар хидматчиёни давлатӣ вазифа дод”, - гуфтанд дар хадамоти матбуоти президент.
“Кор аз фардо шуруъ мешавад”
Дар ҳамин ҳол, мақомот мегӯянд, ҳайати тозатаъйин баъди вохӯрӣ бо раиси ҷумҳур озими Бадахшон шудаанд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони нав имрӯз роҳии Хоруғ шуданд ва, дар назар аст, 19-уми сентябр корро шуруъ кунанд.
Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар Бадахшон ҳамакнун зери роҳбарии Абдураҳмон Аламшозода корро шуруъ мекунанд. То ин вақт Раёсати умури дохилии Бадахшонро Мансур Бухоризода роҳбарӣ мекард. Ӯ нуҳ моҳи пеш ба ин вазифа таъйин шуда буд.
Ин тағйирот баъди он ҷараён гирифт, ки рӯзи 15-уми сентябр президент Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ аз вазъи тартибот дар шаҳри Хоруғ интиқод кард. Дар ҳамин мулоқот, ки дар боғи марказии Хоруғ бо иштироки садҳо нафар ҷараён гирифт, президент ба раиси Бадахшон ва дигар мақомоти вилоят як моҳ муҳлат дод, ки тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонунро дар шаҳри Хоруғ барқарор кунад, дар акси ҳол курсиашонро холӣ мекунанд.
“Чаро 4 ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонед?
“Чаро волоияти қонунро таъмин намекунед? Агар наметавонед, пас дар курсӣ нишастан даркор нест. Дилу гурда надоред, виҷдони пок надоред ба сиёсати раҳбари давлату ҳукумат, вазифаи давлатиро холӣ кунед. Вазири корҳои дохилӣ ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ. Омӯзед! Ин чӣ хел корманди милитсия будааст, ки ман ҳисоб кардам, фақат дар шаҳри Хоруғ қариб 1000 нафар. Чӣ, чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонед?” - суол гузошт раиси ҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон дар назди сохторҳои вилояти Бадахшон шарт гузошт, ки агар як ҷиноят беҷазо монад, ягон нафари онҳо дар вазифааш кор намекунанд. Раиси ҷумҳур зимни интиқод аз вазъи тартибот дар Хоруғ гуфт, “фармон додам, ман ба уҳда мегирам, лозим шавад, қувваҳои мусаллаҳро истифода кунед. Бас будагист.”
Раисҷумҳури Тоҷикистон вазъи феълии шаҳри Хоруғро як монеае барои омадани сайёҳон хонд: "Ин ҷинояткорон дар ҳаққи 220 ҳазор сокини вилояти Бадахшон зомин мешаванд, чунки сармоя намеояд, сайёҳон намеоянд, вақте мефаҳманд, ки ноором аст. Вақте бетартибиву бенизомист, тартиботи ҷамъиятӣ риоя намешавад, хоҳед ё нахоҳед, намеравад ягон кас."
Вохӯрӣ бо сокинони Хоруғ
Ҳарчанд мақомоти вилояти Бадахшон аз шарҳи расмии масъала худдорӣ мекунанд, аммо бино ба хабарҳои расида, беэътиноӣ ба дастурҳои мақомоти маҳаллӣ корро то инҷо расондааст. Аммо феълан маълум нест, ки мақомоти қудратӣ барои ислоҳи вазъ чӣ нақшаҳое рӯи даст доранд. Ҳамсуҳбатони мо аз шаҳри Хоруғ мегӯянд, назорати ҳаракати нақлиёт дар шаҳр пурзӯр шудааст ва мошинҳои бидуни рақами қайди давлатӣ дигар дида намешаванд.
Як масъули ҳукумати Бадахшон рӯзи 18-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои ислоҳи камбудҳое, ки аз ҷониби раиси ҷумҳур садо дод, корбарӣ шуруъ шудааст ва талош доранд давоми як моҳ камбудҳоро ислоҳ кунанд. Ҳамсуҳбати мо гуфт, “имрӯз Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон низ бо як гуруҳ сокинони Хоруғ вохӯрӣ дошт.”
Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи тартибот дар шаҳри Хоруғ дар ҳоле садо медиҳад, ки солҳои қабл дар ин шаҳр чанд дафъа амалиёти низомӣ барои дастгир кардани ҷинояткорон анҷом шудааст. Аз ҷумла, соли 2012, баъди кушта шудани Абдулло Назаров, сардори Идораи амнияти вилояти мухтори куҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ барои боздошти гумонбарон амалиёти низомӣ анҷом ёфт. Баъдан, дар моҳи майи соли 2014, дар пайи як тирандозӣ эътирозҳои Хоруғ шуруъ шуд. Дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат гирифт, се нафар, аз ҷумла як афсари нерӯҳои махсус (ОМОН) кушта шуда ва чаҳор тани дигар захм бардоштанд.
Дар ду ҳодисаи гузашта ангушти ишорати мақомот бештар ба сӯи ашхоси таъсиргузор ё раҳбарони ғайрирасмӣ дар Бадахшон равона шудааст. Дар миёни онҳо асосан собиқ қумандонҳои мухолифин буданд. Ҳарчанд ин нафарон мегӯянд, барои пурра ҷорӣ кардани тартибот бо ҳукумат кор мекунанд.
Шаҳри Хоруғ бо беш аз 29 ҳазор аҳолӣ маркази вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон аст. Ба хотири кӯҳҳои осмонбӯси минтақа, Хоруғ макони марказии ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба шумор меравад. Роҳҳои мошингарду кӯҳӣ Хоруғро бо Ӯши Қирғизистон, Бадахшони Афғонистон, Ҷумҳурии Чин ва шаҳри Душанбе мепайвандад. Дар шаҳр се донишгоҳ амал карда, чанд корхонаи дӯзандагӣ, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, осоишгоҳҳову нирӯгоҳи барқи обӣ амал мекунад. Вале боз ҳам сокинон аз камбуди кор азият мешаванд.
“Истифода аз нерӯ танҳо дар ҳолати мабодо аст”
Мақомоти вилояти Бадахшон то ҳол расман нагуфтаанд, ки барои таъмини пурраи тартибот дар шаҳри Хоруғ чӣ корҳоро шуруъ кардаанд. Аммо як масъули ҳукумати Бадахшон бидуни зикри номаш гуфт, баъд аз мулоқот бо раисҷумҳур корбарӣ бо мардум шуруъ шудааст.
Дар ҳоле, ки аксар мақомоти вилояти Бадахшон рӯзи 17 сентябр аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ карданд, як масъули ҳукумати Бадахшон ба шарти нашр нашудани номаш гуфт, ки ҳамаи кормандони ҳукумати вилоят ва шаҳри Хоруғ барои вохӯрӣ бо мардум сафарбар шудаанд, то мушкилоти мардумро аз наздик бифаҳманд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯяд, ҳушдори президент дар бораи «истифодаи қувваи мусаллаҳ» ба ҳолате рабт мегирад, ки вазъ қобили ислоҳ набошад. Ин андешаро, аз ҷумла, Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар як сӯҳбати мухтасар бо Радиои Озодӣ баён кард. Ӯ, боз таъкид ба ин ки «вазъ дар Хоруғ муътадил аст», гуфт:
“Мабодо ягон гап шавад. Чун як вақтҳо чунин ҳолатҳо шудагӣ буд. Гуфтанд, дар ҳолате, ки агар талабот пайдо шавад, мо метавонем аз нерӯ истифода мебарем.”
Айёмбеков: "Кӣ аст ҷинояткор? Ба мо нагуфтанд”
Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи тартибот дар шаҳри Хоруғ дар ҳоле садо медиҳад, ки солҳои қабл дар ин шаҳр чанд маротиба амалиёти низомӣ барои дастгир кардани ҷинояткорон анҷом шудааст.
Аз ҷумла, соли 2012 баъди кушта шудани Абдулло Назаров, сардори Идораи амнияти вилояти мухтори куҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ барои боздошти гумонбарон амалиёти низомӣ анҷом ёфт. Баъдан, дар моҳи майи соли 2014, дар пайи як тирандозӣ эътирозҳои Хоруғ оғоз ёфт. Дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат гирифт, се нафар, аз ҷумла як афсари нерӯҳои махсус (ОМОН) кушта шуда ва чор тани дигар захм бардоштанд.
Дар ду ҳодисаи гузашта ангушти ишорати мақомот бештар ба сӯи ашхоси таъсиргузор ё раҳбарони ғайрирасмӣ дар Бадахшон равона шудааст. Дар миёни онҳо асосан собиқ қумандонҳои мухолифин буданд. Аммо ин нафарон мегӯянд, барои пурра ҷорӣ кардани тартибот бо ҳукумат кор мекунанд.
Толиб Айёмбеков, аз собиқ фармондеҳони саҳроӣ дар Бадахшон мегӯяд, феълан дар ҷамоатҳо маҷлис рафта истодааст ва ӯ ҳам, ба гуфтааш, омода аст, ки дар амри кӯмак дар таъмини тартибот мусоидат кунад.
Ҷаноби Айёмбеков рӯзи 17 сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 15 сентябр хост дар вохӯрӣ бо раисҷумҳур иштирок кунад, аммо барояш чунин иҷозаро надоданд.
Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, намедонад ва барояш ҳам то ҳол нагуфтаанд, ки “5-6 ҷинояткоре, ки онҳоро мақомот ба тартиб надаровардаанд» киҳо ҳастанд. Толиб Айёмбеков гуфт:
“Мо маҷлис кардем дар ҷамоатҳо, ки бифаҳмем кӣ ҳастанд ҳамон чор-панҷ ҷинояткор? Онҳо кистанд, бигӯед, маслиҳат мекунем, масъаларо ҳал мекунем. Чӣ ҷиноят аст? Ҳеҷ чиз намегӯянд. Мо ҳоло чизе гуфта наметавонем, барои ҳамин гуфтем, бо ҳукумат бишинем, гап занем, ки чӣ гапу чӣ ҷиноят ва чӣ проблема аст. Пагоҳ бояд бо ҳукумат гап занем, ҳоло бо ҷамоатҳо гап зада истодаем,” - гуфт Айёмбеков.
“Мушкили Хоруғ аз бекорӣ аст”
Дар кулл ҳамсуҳбатони мо аз шаҳри Хоруғ ва ҳам мақомот мегӯянд, вазъ дар Хоруғ ором аст, танҳо баъзе падидаҳо онҳоро нигарон кардааст. Аз ҷумла, зиёд будани мошинҳои берақам дар кӯчаҳои шаҳр, ки маълум нест ба кӣ тааллуқ доранд. Дар ин миён бархе таҳлилгарон аз Хоруғ мегӯянд, решаи мушкили ин шаҳр аз бекорӣ об мехӯрад ва бояд нахуст ин масъала ҳал шавад, то қишри бекору нирӯманди ҷавонон банд шаванд.
Набот Додхудоева, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон гуфт, вазъи иқтисодии мардум дар шаҳри Хоруғ воқеан вазнин аст.
Ба қавли хонум Додхудоева, бекорӣ як мушкили тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аст, аммо набуди замин ин мушкилро барои сокинони Хоруғ вазнинтар кардааст. Ӯ гуфт, ҳадди ақал тендери сохтмони иншоот ба ширкатҳои маҳаллӣ дода намешавад, то ба ин восита як қисми мардум соҳиби ҷойи кор шаванд.
“Барои ҷавонони Хоруғ бояд як барномаи мукаммал сохта шавад. Вақте як шахс бекор аст, майнаи ӯро «обработка» кардан осон аст. Мақомоти шаҳр ба масъалаҳои шаҳр диққат намедиҳанд. Ба ҷуз бекорӣ, инчунин ҷойҳои фарҳангӣ ва варзишӣ ҳам нестанд. Вақте дар як шаҳр зиндагӣ мекунӣ, ки ягон ҷойи фароғат, макони варзишӣ надорад ва вақте одам ҳар рӯз безебиро мебинад, психологияш вайрон мешавад”, - гуфт Набот Додхудоева.
Шаҳри Хоруғ бо беш аз 29 ҳазор аҳолӣ маркази вилояти мухтори Бадахшонӣ кӯҳӣ аст. Ба хотири кӯҳҳои осмонбӯси минтақа, Хоруғ макони марказии ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба шумор меравад. Роҳҳои мошингарду кӯҳӣ Хоруғро бо Ӯши Қирғизистон, Бадахшони Афғонистон, Ҷумҳурии Чин ва шаҳри Душанбе мепайвандад. Дар шаҳр се донишгоҳ амал карда, чанд корхонаи дӯзандагӣ, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, осоишгоҳҳову нирӯгоҳи барқи обӣ амал мекунад. Вале боз ҳам сокинон аз камбуди кор азият мешаванд.