Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шодихон Ҷамшед: "Ман хидматчӣ ҳастам, дар куҷое гуфтанд, кор мекунам" САДО


Шодихон Ҷамшед
Шодихон Ҷамшед

Шодихон Ҷамшед баъди чанд соати барканорӣ аз мақоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Хоруғ гуфт, ки корашро дар вазифаи дигар идома хоҳад дод. Ӯ аз соли 2013 раиси вилоят буд.

  • Ду ҳафта қабл раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинон ва фаъолони Бадахшон аз вазъи тартибот дар Хоруғ ба шиддат интиқод кард ва барои камбудҳо як моҳ фурсат дод. Пас аз се рӯзи мулоқоти президент, дар ҳукумат ва идораи умури дохилии Бадахшон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Ҳоло Ёдгор Файзов, раиси намояндагии Бунёди Оғохон иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Бадахшон шудааст.

Шодихон Ҷамшед: "Як чизро дуруст дарк кунед: тақозои замона ҳамин аст. Вақте ки буҳрони идоракунӣ боло рафт, тими нав бо услубу тафаккури нав онро раҳбарӣ хоҳад кард. Вақте раҳбари давлат ҳамин қарорро қабул кардааст, ба пуррагӣ онро дастгирӣ мекунем. Муҳлати фаъолияти хидматчии давлатӣ панҷ сол аст. Ба ҳайси раиси вилоят панҷ сол кор кардам. Меравам ва дар ҷойи дигар кор мекунам.”

Гуфтугӯ бо Шодихон Ҷамшед, баъди чанд соати барканорӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Вазифаи нави Шумо маълум аст?

Шодихон Ҷамшед: “Вазифаи нав маълум нест. Рӯзҳои наздик роҳбари давлат онро муайян мекунад. Дар фармон сабаби озодшавии ман “ба кори дигар гузаштан” гуфта шудааст. Дар кадом мақом кор кардани маро ҷоиз шуморанд, дар ҳамонҷо кор мекунам. Ман хидматчии давлатӣ ҳастам.”

Радиои Озодӣ: Шинохти Шумо аз Ёдгор Файзов, раиси нави вилояти Бадахшон чӣ гуна аст?

Шодихон Ҷамшед: “Ман Ёдгор Файзовро хеле хуб мешиносам. Ӯ яке аз одамони шинохта аст, ки дар бахшҳои сиёсату иқтисод ва самти хоҷагидорӣ кор кардааст. Гузашта аз ин, солҳои тӯлонӣ дар вилояти Бадахшон кор кардааст ва бо мардум аз наздик ошност. Фикр мекунам, бо ҳимояти мардум дар иҷрои дастурҳои раҳбари давлат муваффақ мегардад.”

Радиои Озодӣ: Президент барои бартараф кардани камбудҳо дар вилоят як моҳ муҳлат дода буд, аммо чаро барканории Шумо пеш аз муҳлат эълон шуд?

Шодихон Ҷамшед: “Гап дар сари ин аст, ки Ҷаноби Олӣ дар умум як моҳ муҳлат дода буданд. Барои раванди силоҳсупорӣ, таслими гунаҳкорон, тоза кардани мошинҳои сиёҳшиша ва риояи волоияти қонун. Барои ҳамаи ин кор як моҳ муҳлат муқаррар шуда буд. Ҳоло кор бо як мароми муайян ҷараён дорад.”

Радиои Озодӣ: Метавонед гӯед, ки дар ин муддат чӣ қадар силоҳ ҷамъоварӣ шуд ва, ба қавли мақомот, чанд ҷинояткор боздошт гардид?

Шодихон Ҷамшед: “Бо ин кор мақомоти қудратӣ сарукор доранд. Хуб мешуд, иттилои дақиқро аз онҳо мепурсидед. Вале дар умум як чизро гуфта метавонам, ин раванд хуб ҷараён дорад. Имрӯз Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ин чорабинӣ ширкат доштанд. Ва қарор аст боз чанд рӯзи муайян дар вилоят монанд. Яъне, тамоми корҳо идома дорад. То охири муҳлате, ки раҳбари давлат муайян карда буданд, камбудҳо ҳалли худро меёбанд.”

Радиои Озодӣ: Вақте раҳбарони чанд шаҳру ноҳияи вилояти Бадахшонро иваз карданд, интизор будед, ки курсиро холӣ мекунед?

Шодихон Ҷамшед: “Фармони роҳбари давлат барои мо чизи ғайриинтизор набуд. Мо инро интизор доштем. Дар сурате ки ин қадар интиқоди шадид буд ва камбудҳои ҷиддӣ гуфта шуд, маълум аст, дар кадом давлате набошад, истеъфои тамоми раҳбарият қабул карда мешавад. Ин як амри муқаррарӣ аст.”

Радиои Озодӣ: Шумо чанд сол раҳбарии вилоятро бар дӯш доштед ва вазъро аз дохил хуб медонед. Тағйироти кадрии охир барои беҳбуди вазъи вилоят мусоидат мекунад?

Шодихон Ҷамшед: “Рости гап, бояд дар ҳама ҳолат манфиати мардум ба назар гирифта шавад. Вақте ки мо мебинем ҳамаи тағйироти кадрӣ ба фоидаи ҷомеа, беҳтар кардани зиндагӣ ва аз байн бурдани омилони зишт аст, пас, мо ҳам инро қабул дорем.”

Радиои Озодӣ: Шумо бо раҳбари нави вилоят дидор доштед?

Шодихон Ҷамшед: “Ҳамин ҳоло, ки бо Шумо суҳбат дорам, дар утоқи кориам нишастаам. Чанд лаҳза пеш бо раиси нав Ёдгор Файзов суҳбат доштем. Якҷо роҳҳои ҳалли баъзе мушкилҳоро баррасӣ кардем.”

XS
SM
MD
LG