Ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки то чаҳор соли дигар дар деҳоти кишвар ҳаммомҳои замонавӣ, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо сохта шавад.
"Кошонаи ҳусн фахри мост"
Вақте марди деҳқон аз кор меояд, дар ҳаммом шустушӯ кунад, саҳар бо энергияи нав ба кор меравад. Зани деҳотӣ ҳам худро ороиш диҳад, ҳеҷ гоҳ шавҳараш аз канораш дур намеравад.
Дар деҳаи дурдасти Ғурунги ҷамоати Оби Гарми Роғун аллакай ба бунёди ҳаммоми замонавӣ оғоз кардаанд. Сохтмони бинои «Кошонаи ҳусн», ки барои ороишу зебоии занон пешбинӣ мешавад, анҷом ёфтааст. Ин деҳа бештар аз 200 хоҷагӣ дорад ва аз маркази шаҳри Роғун 22 километр дур аст.
Маҳтоб, сокини 22-солаи ин деҳа, ки моҳҳои наздик арӯсӣ дорад, гуфт, бунёди кошонаи ҳусн фахри духтарони деҳро бештар кард. Ин духтар мегӯяд, пештар наздиконаш деҳаи онҳоро ба ақибмондагӣ таъна мезаданд ва як далелашон ҳам набудани кошонаи ҳусн буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Қарори нави ҳукумат. Ҳатман хонаҳои 5 ошёна созед“Духтарони деҳаи мо ҳама ҳунарро доранд. Фақат барояшон ҷой зарур буд, ки сохта шуд. Пештар агар барои худро ороиш додан ба шаҳр мерафтем, ҳоло дар ин ҷой худро ороиш дода, сипас ба шаҳр меравем. Ҳама духтарон 100-200 сомонӣ сарф карда, пеш аз маросими арӯсӣ ба шаҳр мерафтанд, ки ҳоло ба он ҳоҷат нест”, - афзуд ӯ.
Сокинони ин деҳа, мисли Маҳтоб, бунёди кошонаи ҳусн ва ҳаммомро як қадаме барои наздик шудан ба шаҳрнишинон медонанд.
Вақте марди деҳқон ҳаммом меравад...
Соима Ширинзода, раиси ҷамоати Оби Гарми шаҳри Роғун, ки деҳаи Ғурунг дар он ҷо воқеъ аст, рӯзи 5-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, духтарони деҳа қабл аз тӯй барои ороиши мӯю рӯй 22 километр ва мардони деҳа барои ҳаммом кардан 7 километрро тай карда, аз деҳа берун мерафтанд.
НАЗАРИ СОКИНОН: БА МО БОҒЧАИ БАЧАГОНА СОЗАНД
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳаммому кошонаи ҳусн ва дигар мараказҳои маишӣ дар деҳоти Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорон сохта мешавад. Соима Ширинзода мегӯяд, вақте ҳамроҳ бо соҳибкорони маҳаллӣ ниёзҳои мардум пурсида шуд, духтарон ба зарурати кошонаи ҳусн ва мардон ба сохтмони ҳаммом таъкид кардаанд.
“Вақте марди деҳқон аз кор меояд, дар ҳаммом шустушӯ кунад, саҳар бо энергияи нав ба кор меравад. Зани деҳотӣ ҳам худро ороиш диҳад, ҳеҷ гоҳ шавҳараш аз канораш дур намеравад. Ба ҳамин хотир, ба чунин иншоот сокинон ниёз доранд”, - гуфт ӯ.
Танҳо деҳаи Ғурунги Роғун нест, ки дар он кошонаи ҳусн ва ҳаммом месозанд.
"Ҳама соҳиби ҳаммом бошад"
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон тарҳи меъмории сохтмони ҳаммом, кошонаи ҳусн, сартарошхона ва дигар навъи иншооти маиширо таҳия карда, сохтмонашонро дар деҳот тавсия додааст. Бар асоси тавсияи ин Кумита, то ҷашни 30-солагии истиқлол, ки соли 2021 таҷлил хоҳад шуд, дар деҳоти кишвар бояд ҳаммому кошонаҳои ҳусн сохта шавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сокинон: "Бомпӯшҳои зебо мехоҳем, аммо тавони молӣ надорем". ВИДЕОАбубакр Сафарзода, як намояндаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи меъмории сохтмони ҳаммому кошонаҳои ҳусн ва дигар иншоати маиширо ройгон ба соҳибкорон медиҳанд. “Муроҷиат аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҳаст, ки дар ҷамоатҳои деҳот ва марказҳои ноҳияҳо ҳаммому сартарошхона ва кошонаи ҳусн месозем. Ба мо муроҷиат мекунанд, масоҳати замини сохтмонро мегӯянд ва мо барояшон ройгон тарҳи меъморӣ таҳия мекунем”, - гуфт ӯ.
Ин масъули Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумат мегӯяд, замони Шӯравӣ дар аксари деҳоти Тоҷикистон ҳаммому дигар марказҳои дилхушӣ вуҷуд дошт, вале аксари онҳо хароб шуданд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, “тавсия шуд, ки дар ҳамин деҳаҳо ҳаммомҳои хурд созанд”.
Зиракӣ ду ҳаммом дошт
Дар замони Шӯравӣ дар аксар деҳаҳои бузург ҳаммом, клубҳои фароғатӣ ва дигар мараказҳои дилхушӣ фаъол буд. Шӯравӣ талош дошт, дар деҳот “маҳалли аҳолинишини типи шаҳридошта”-ро бунёд кунад. Роҳи мумфарш, дӯкону мағоза, ва фаъол кардани кинотеатрҳои хурд бахе аз тарҳи сохтмони “посёлкаҳои типи шаҳридошта” буд. Бо пош хӯрдани Шӯравӣ, ин биноҳо шахсӣ шуданд ва ҳоло аксаран, дар ҳолати харобӣ қарор доранд ва ё хонаҳои истиқоматӣ шудаанд.
Озодӣ Ҳасанов, соҳибкор ва сокини деҳаи Зиракии ноҳияи Кӯлоб рӯзи 5-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, замони Шӯравӣ дар деҳаи онҳо, ки беш аз 200 хонавода дошт, ду ҳаммом фаъолият мекард. Ба гуфтаи ӯ, дар як ҳафта “Рӯзи ҳаммом” буд, ки марду зан, дар алоҳидагӣ, аз он истифода мекарданд.
Талоше, ки мақомот онро “ба шаҳр баробар кардани деҳот” ном мебаранд.
Ин соҳибкори тоҷик мегӯяд, ҳоло ҳама сокинони Тоҷикистон дар хонаашон ҳаммом доранд, вале ба ҳаммомҳои ҷамъиятӣ ниёз аст. Ӯ гуфт, ҳаммом ба ҷуз макони тозагӣ ва истироҳат, инчунин як макони ба ҳам омадани сокинон ва сӯҳбат дар мавзуъҳои муҳими деҳадорӣ буд. “Он ҷо ҳатман пас аз гармии ҳаммом баромадан сари як пиёла чой менишастанд ва бо ҳам сӯҳбат мекарданд. Ҳаммоми хона ҳеҷ гоҳ ҷойи ҳаммоми ҷамъиятиро намегирад. Ҳоло дар шаҳри Кӯлоб, ки сокинони деҳаи мо ба он ҷо барои ҳаммом кардан мераванд, қариб даҳ ҳаммом кор мекунад. Онҷо навбат намерасад.”
Озодӣ Ҳасанов мегӯяд, сохтмони як ҳаммом дар деҳот, вобаста ба масоҳати сохтмонаш аз 150 ҳазор сомонӣ то 800 ҳазор сомонӣ харҷ мехоҳад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Хавфи зери по. 97%-и ҳоҷатхонаҳои Тоҷикистон "хатарнок" будаандСоли 2021 дар Тоҷикистон аз 30-солагии истиқлол таҷлил мекунанд. Бар асоси тавсияи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бояд дар тамоми деҳаҳои бузурги Тоҷикистон ҳаммомҳои замонавӣ, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва дигар марказҳои маишӣ сохта шаванд. Талоше, ки мақомот онро “ба шаҳр баробар кардани деҳот” ном мебаранд. То куҷо деҳоти Тоҷикистон аз лиҳози доштани сохтмонҳои маишӣ ба шаҳр баробар мешавад, чаҳор соли дигар интизор хоҳад буд.