Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хавфи зери по. 97%-и ҳоҷатхонаҳои Тоҷикистон "хатарнок" будаанд


Як пажуҳиш дар Тоҷикистон маълум кардааст, ки 97 дарсади хоҷатхонаҳо дар деҳоти кишвар хавфнок ҳастанд.

Баъзе аз хоҷатхонаҳо сарпӯши дуруст надоранд, ки боиси ба дохили он афтидани мурғҳои хонагӣ ва ҳатто кӯдакон мешавад

Созмони хайриявии амрикоии Mercy Corps (Ҳайати шафқат) дар пайи омӯзиши тарҳи сохтмони хоҷатхонаҳо дар панҷ ноҳияи Тоҷикистон ба чунин хулоса расидааст. Ба қавли мутахассисони созмон, аксари хоҷатхонаҳо дар деҳоти Тоҷикистон танҳо аз як чоҳи хокӣ иборатанд.

"Қубури ҳавокашӣ надоранд"

Созмони Mercy Corp гуфтааст, аксар хоҷатхонаҳо қубури ҳавокаш надоранд ва он хавфи ҷамъ шудани гази табиӣ ва эҳтимоли оташ гирифтан ҳангоми қазои ҳоҷатро ба вуҷуд меорад. Чун ахлоти ҷамъшуда, ба гуфтаи мутахассисон, бо мурури вақт аз худ гази табиӣ хориҷ мекунад ва ҳангоми ба хоҷатхона партофтани боқимондаи сигор ё донаи гӯгирд ба якборагӣ метавонад оташ гирад.

Ато Табаров, як масъули созмони Mercy Corps дар вилояти Хатлон, рӯзи 18-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, омӯзиши онҳо як зумра камбудҳоро дар сохтмони ҳоҷатхонаҳо дар деҳот ошкор кард, ки метавонад боиси густариши ангезаҳои бемориҳои сироятӣ шаванд. Ӯ гуфт, “аксарияти хоҷатхонаҳо дар деҳот аз як чоҳи дар замин кандашуда иборатанд ва тани чоҳ бетонкорӣ нашудааст. Ин хавфи олуда шудани ахлот бо обҳои зеризаминӣ ва аз ин тариқ густариши ангезаи бемориҳои сироятиеро мисли домана ба бор меорад”.

"Аз як сӯ хавфи оташ гирифтан, аз сӯи дигар - бадбӯӣ"

Табаров афзуд, бар замми ин, аксар ҳоҷатхонаҳо қубури ҳавокаш надоранд, ки боиси ҷамъ шудани газ мегардад: “Аз як сӯ хавфи оташ гирифтан зиёд аст ва аз тарафи дигар дохили хоҷатхона доим бадбӯй мемонад”.

“Баъзе аз хоҷатхонаҳо сарпӯши дуруст надоранд, ки боиси ба дохили он афтидани мурғҳои хонагӣ ва ҳатто кӯдакон мешавад”, - иброз дошт Ато Табаров.

Cозмони Mercy Corps дар 13 ноҳияи вилояти Хатлон тарҳи “Хоҷатхонаи бехавф”-ро амалӣ кардаанд. Масъулони ин созмон тарҳи хоҷатхонаҳои бехавфро таҳия карда, то ба 40 усто тарзи сохтмони онро омӯзиш додаанд. Ба ин устоҳо қолаби ҳалқаҳои бетонӣ тақдим карда шудааст.

Ҳадаф ин аст, ки ин устоҳо ба навбати худ ҳалқаҳои бетонӣ ва болопӯшҳои бетониро рехта, ба аҳолӣ фурӯшанд. Қимати ҳалқаҳои бетонӣ барои бунёди як хоҷатхона 1-1,5 ҳазор сомонӣ аст.

"Зӯри кӣ мерасад, ки “колодетс” харад?"

Аммо сокинон дар деҳоти Тоҷикистон мегӯянд, қудрати харид ва бунёди чунин ҳоҷатхонаҳоро надоранд ва ба сохтмони ҳоҷатхонаҳо бо усули бобоӣ идома медиҳанд. Гурез Соҳибов, як сокини деҳаи Миршикорон, 20-килотметрии шаҳри Душанбе мегӯяд, хонаводаи ӯ ва аксар сокинони ин маҳал қудрати бетонкорӣ кардани чоҳи ҳоҷатхонаро надоранд.

Ӯ гуфт, “солҳои сол гузаштагони мо чоҳ кофта, хоҷатхона месохтанд. Мо ҳам ҳамин хел мекунем. Ҳоло дар ин шароит зӯри кӣ мерасад, ки аз шаҳр “колодетс” харад? То инҷо овардани он боз хароҷот дорад. Албатта, дар як ҷои хушктар ҳоҷатхона мекобем. Ҳамин ки пур шуд, боз онро чаппа карда, дар ҷойи дигар чоҳ мекобем”.

Ин сокин мегӯяд, чун дар манзили аксар мардум қубури об (водопровод) нест, насбу истифодаи “унитаз” ҳам дар ҳоҷатхонаҳои деҳот имкон надорад.

Талаби гузоришгари вижаи СММ аз Тоҷикистон

Бинобар камбуди рӯшноӣ, фаршҳои чӯбӣ ва ё сӯрохиҳои аз меъёр васеъ дар чанде аз минтақаҳои Тоҷикистон ҳодисаҳои ба чоҳи ҳоҷатхона фурӯ рафтани кӯдакон сабт шудааст. Соли гузашта яке аз дугоникҳои навзоди зане дар Ёвон ҳам ба халоҷо афтод. Пас аз ин ҳодиса навзод зинда берун оварда шуд, вале дар ҳаштмоҳагӣ фавтид.

Тобистони соли 2015 Лео Ҳоллер гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳаққи инсон ба оби ошомиданӣ ва санитария пас аз як сафараш ба Тоҷикистон ва ошноӣ бо вазъи санитарии минтақаҳо аз шеваи сохт ва мавриди истифода қарор гирифтани ташнобҳои ҷамъиятӣ интиқод карда буд. Ҳеллер дар суҳбат ба Радиои Озодӣ он замон гуфта буд, аксарияти мардум ҳангоми пур шудани ташноб болои онро бо хок мепӯшонанд, ки обҳои зеризаминиро олудаву ифлос мекунад.

Ӯ ба мақомоти Тоҷикистон тавсия дод, ки низоми коруфтодаи поккории ахлоти табииро бунёд кунанд, то ки баробари пур шудани чоҳҳо, имкони поккорӣ шудани онҳо аз ҷониби хадамоти махсуси санитарӣ вуҷуд дошта бошад.

XS
SM
MD
LG