Абубакр Азизхоҷаев, соҳибкори шинохтаи тоҷик, баъди давраи адои ҷазояш аз зиндон озод шудааст. Ин соҳибкори тоҷик тобистони соли 2016 бо ҷурми "барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ" ба дуним соли зиндон маҳкум шуда буд.
- Созмонҳои байналмилалие ба мисли Human Rights Watch ё Дидбони ҳуқуқи башар ҳукми Азизхоҷаевро сиёсӣ номида, борҳо озодии ӯро талаб кардаанд.
Соли 2010 эълон кард, ки бо маблағи як миллион сомонӣ саҳмияи Роғунро харида, дар бунёди ин нирӯгоҳ саҳм мегузорад.
Як нафари наздик ба Абубакр Азизхоҷаев рӯзи 1-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ субҳи шанбе аз зиндон озод шуд ва феълан дар хонааш аст.
Абубакр Азизхоҷаеви 62-сола моҳи феврали соли 2016 боздошт шуд ва муҳокимааш дар охири моҳи июни ҳамон сол, баъди чанд муддати муолиҷа дар бемористони касалиҳои руҳии Кӯктош, оғоз ёфт.
Қабл аз боздошт давоми тахминан панҷ соли охир соҳибкор бо афрод ва ширкатҳои гуногун баҳсҳои додгоҳӣ дошт ва бештар аз ноодилона баррасӣ шудани аризаҳояш шикоят мекард.
Охири соли 2015 ӯ дар пайи баҳсе бо як бонки маҳаллӣ хонаи худро ҳам дар маркази Душанбе аз даст дод. Хешовандони Азизхоҷаев гуфта буданд, ки эҳтимол шарикони собиқи тиҷоратии ӯ хостаанд, барои халос шудан аз шикоятҳои соҳибкор кори ӯро ба дасти тафтишот супоранду худашро боздошт кунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ин хона қашанг асту дигар хонаи ман нестИсми Абӯбакр Азизхоҷаев бори аввал дар охири солҳои 80-ум ҳамчун як тоҷир ва ҳам як шахси фаъоли ҷамъиятӣ вирди забонҳо шуд. Ӯ бо навгониҳо дар нашру табъи буклетҳои хос шӯҳрат баровард.
Дар соли 1989 барои эҳёи забони тоҷикӣ ба “Фонди забони тоҷикӣ” беш аз 50 ҳазор рубл тақдим кард, ки барои он давра як маблағи хеле бузург ба ҳисоб мерафт. Ширкати ӯ ҳамин тавр бори аввал дар ҳамкорӣ бо Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ба истеҳсоли рақамҳои давлатии мошинҳо оғоз кардааст.
Соли 2010 дар авҷи маъракаи фурӯши пуштибонии Роғун ӯ эълон кард, ки бо маблағи як миллион сомонӣ саҳмия харида барои бунёди нирӯгоҳи азим саҳм мегузорад. Соли 2008 Азизхоҷаев барои пирӯзиашон дар мусобиқоти гуштии Бозиҳои олимпии Пекин ба Юсуф Абдусаломов 5 ҳазор доллари амрикоӣ ва ба Расул Боқиев 3 ҳазор доллар тӯҳфа карда буд.
Видео аз бойгонии Радиои Озодӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад