Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абӯбакр Азизхоҷаев зиндонӣ шуд (ВИДЕО)


Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе соҳибкори тоҷик Абӯбакр Азизхоҷаевро ба ҷурми "барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ" ба дуним соли зиндон маҳкум кардааст. Масъулони додгоҳ рӯзи 2 август ба Озодӣ гуфтанд, ки ҳукми Азизхоҷаев ҳафтаи гузашта содир шуда ва ӯ дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ба гуноҳаш иқрор кардааст.

Вале наздикони Абӯбакр Азизхоҷаев гуфтанд, мурофиаи ин соҳибкори шинохта бе ҳузури онҳо ва вакили дифоъ сурат гирифта ва онҳо аз болои ин ҳукм ҳеч шикоят накардаанд. Худи Азизхоҷаев қаблан гуфта буд, афроди алоҳидае, ки аз номи мақомоти баландпоя сӯҳбат мекарданд, тиҷорат ва ширкати ӯро аз худ кардаанд.

Абӯбакр Азизхоҷаев 60 сол дорад ва муҳокимааш дар охири моҳи июни соли ҷорӣ ва баъди чанд муддати муолиҷа дар бемористони касалиҳои руҳии Кӯктош оғоз ёфта буд. Раҳбарии мурофиаи Азизхоҷаевро додрас Темур Ҳафиззода, муовини раиси додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба уҳда дошт.

Гуфтугӯ бо Абӯбакр Азизхоҷаев як моҳ пеш аз боздошташ:

"Ин хона қашанг аст, дигар хонаи ман нест.."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00

Боздошти ин соҳибкори тоҷик мавриди нигаронии созмонҳои байналмилалие назири Human Rights Watch ва Парлумони Аврупо шуда буд. Дар изҳороти онҳо боздошти Абӯбакр Азизхоҷаев ва иттиҳому парвандаи ӯ “сиёсӣ” арзёбӣ шуда, аз мақомоти Тоҷикистон тақозо мешуд, ки соҳибкорро озод кунанд. Ба қавли онҳо, Азизхоҷаев барои шикоятҳояш ба раисиҷумҳури кишвар аз болои ноадолатиҳо дар пешбурди бизнесу тиҷорат аз ҷониби афроди наздик ба ҳукумат азият мешавад.

Қабл аз боздошт давоми тахминан панҷ соли охир соҳибкор бо афрод ва ширкатҳои гуногун баҳсҳои додгоҳӣ дошт ва бештар аз ноодилона баррасӣ шудани аризаҳояш шикоят мекард.

Охири соли 2015 ӯ дар пайи баҳсе бо як бонки маҳаллӣ хонаи худро ҳам дар маркази Душанбе аз даст дод. Хешовандони Азизхоҷаев гуфта буданд, ки эҳтимол шарикони собиқи тиҷоратии ӯ хостаанд, барои халос шудан аз шикоятҳои соҳибкор кори ӯро ба дасти тафтишот супоранду худашро боздошт кунанд.

Исми Абӯбакр Азизхоҷаев бори аввал дар охирҳои солҳои 1980-ум ҳамчун як тоҷир ва ҳам як шахси фаъоли ҷамъиятӣ вирди забон шуд. Ӯ бо навгониҳо дар нашру табъи буклетҳои хос шӯҳрат баровард.

Дар соли 1989 барои эҳёи забони тоҷикӣ ба “Фонди забони тоҷикӣ” беш аз 50 ҳазор рубл тақдим кард, ки барои он даврон як маблағи хеле бузург маҳсуб мешуд. Ширкати ӯ ҳамин тавр бори аввал дар ҳамкорӣ бо Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ба истеҳсоли рақамҳои давлатии мошинҳо оғоз кардааст.

Соли 2010 дар авҷи маъракаи фурӯши пуштибонии Роғун ӯ эълон кард, ки бо маблағи як миллион сомонӣ саҳмия харида барои бунёди нирӯгоҳи азим саҳм мегузорад. Соли 2008 Азизхоҷаев барои пирӯзиашон дар мусобиқоти гуштии Бозиҳои олимпии Пекин ба Юсуф Абдусаломов 5 ҳазор доллари амрикоӣ ва ба Расул Боқиев 3 ҳазор доллар тӯҳфа карда буд.

XS
SM
MD
LG