Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як гурӯҳи танфурӯшонро боздошт кард, ки дар гузашта аз се то даҳ дафъа барои танфурӯшӣ дастгиру ҷарима шудаанд. “Рейд”-и вазорат ҳафтаи гузашта баргузор шуд ва дар ҷараёни он 20 зани танфурӯш боздошт гардид.
- Мақомот мегӯянд, ҳадафи “рейд”-ҳо, ки сари чанд вақт дар тамоми кишвар анҷом мешаванд, аз аъмоли ғайриахлоқӣ дур кардани ин занон аст. Аммо маълум нест, дар натиҷаи чунин чораҳо чӣ қадар занҳои фоҳиша аз танфурӯшӣ даст кашидаанд.
Бисёр заноне ҳастанд, ки шароити хуб надоранд, вале ба ин роҳ намераванд. Фаррошӣ мекунанд, пешхидматӣ мекунанд, фоҳиша намешаванд.
Яке аз ин занҳо, ки худро Мафтуна муаррифӣ кард, бори даҳум ҷарима шудааст. Ӯ дар ин муддат беш аз 5 ҳазор сомонӣ супурдааст.
Вақте шумо ба қиссаи занҳои танфурӯш гӯш мекунед, дучори “дежаву” мешавед. Хотираи шумо чанд нусхаи сенарияи ба ҳам монандро пешниҳод мекунад ва саҳнае дар зеҳни шумо барқ мезанад, ки боре дар ҳамин ҳолат будед ва зани танфурӯше дақиқан ҳамин қиссаро ҳикоят мекард.
Мафтуна зодаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон аст ва 31 сол дорад. Ӯ рӯзи 25-уми август, вақте дар бораи даҳ бор ҷарима шуданаш ҳикоят мекард, зиндагиро нафрин кард ва гуфт, аз ноилоҷӣ танфурӯш шуд.
“Вақте шавҳарам маро талоқ дод, бо ду кӯдак танҳо мондам. Диплом надоштам, ки маро ба кор бигиранд. Бо маслиҳати як дугонаам ба Қӯрғонтеппа (ҳозир Бохтар) омадам ва раққоса шудам. Вақте мерақсидам, мардҳои сархуш ба ман дастдарозӣ мекарданд, пул медоданд, пешниҳоди ҳамхобагӣ медоданд. Дар аввал худро таҳқиршуда меёфтам, аммо баъд одат кардам. Ҳам ба бадахлоқии худам ва ҳам ба рафтори мардоне, ки бо ман ҳамхоба мешуданд”, - гуфт ин зани 31-сола.
Ваъда: "Дигар намекунам"
Фоҳишагӣ дар Тоҷикистон аз рӯи Кодекси ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ муҷозот мешавад ва аз 500 то 1000 сомонӣ ҷарима дорад. Дар сурати такрор боздоштшуда аз 1000 то 2000 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ мешавад. Аммо Мафтуна мегӯяд, “милисаҳо ҳам одаманд, хотирбинӣ мекунанд ва ҳар дафъа бо ваъдаи дигар намекунам ва ҷаримаи начандон бузург аз ҷавобгарӣ раҳо мешавам”.
Ин зан аз танфурӯшони сатҳи баланд нест ва ҳафтае то 500 сомонӣ кор мекунад. Ӯ бахши ин маблағро барои ду фарзандаш, ки ҳоло дар нигоҳубини модарбузург ҳастанд, ба ноҳияи Темурмалик мефиристад ва боқии пулро дар хонаи иҷора сарф мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Танфурӯшӣ зери чатри "маҳси таскинбахш"?"Зиндагии осон мехоҳанд"
Қиссаи занҳои танфурӯшро бештар аз журналистҳо кормандони пулис шунидаанд. Онҳо мегӯянд, шояд 10 дарсади ин занҳо аз ноилоҷӣ даст ба танфурӯшӣ задаанд, дигарон дар пайи зиндагии осон мегарданд.
Муҳсинҷон Муҳаммадиев, як масъули Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, рӯзи 25-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари танфурӯшон такроран боздошт мешаванд. Ӯ гуфт, онҳо ҳамеша “тангдастию нодорӣ”- ро баҳона пеш меоранд, аммо таҳлил нишон медиҳад, ки воқеият дигар аст.
“Маълумоти олӣ надоранд ва дар мактаби миёна ҳама дуруст таҳсил накардаанд. Камбағалӣ баҳона аст. Бисёрии онҳоро муайян кардем, ки шароити хуб доранд. Падару модар доранд. Аксарашон сокинони Душанбе нестанд. 80 дарсадашон аз ноҳияҳо ба Душанбе меоянд. Барои онҳо танфурӯшӣ одат ва роҳи осони даромаду дилхушӣ шудааст”, - гуфт Муҳаммадиев.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Пешниҳоди ҷазо барои мардони "сабукпо" дар ТоҷикистонБаъзе созмонҳо чизи дигар мегӯянд
Аммо “Шабакаи Шоҳ-Oим”, як созмони минтақавӣ, ки соли 2017 бо дархости Созмони Милали Муттаҳид дар бораи вазъи фоҳишаҳо гузориш омода кардааст, мегӯяд, танфурӯшон бисёр вақт мавриди суиистифода баъзе ходимони пулис қарор мегиранд. “Агар онҳо пул надошта бошанд, бояд талаби шаҳвонии маъмури милисаро қонеъ кунанд”, - мегӯяд ин созмон.
Файзигул Шарипова, ҷомешиноси тоҷик, рӯзи 25-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, “мардони ташнаи шаҳват ҷавонзанҳои камсавод, бекор ва аксаран талоқшударо ба фоҳишагӣ ҷалб мекунанд”.
“Мардони ташнаи шавҳат фоҳиша месозанд”
“Ин гурӯҳи занҳо пас аз истифодаи ба такрор ин роҳро ҳамчун роҳи осони зиндагӣ интихоб мекунанд. Бекорӣ, вазъи иқтисодӣ фақат як тарафи масъала аст. Занҳои бисёре ҳастанд, ки шароити хуб надоранд, лекин ба ин роҳ намераванд. Фаррошӣ мекунанд, пешхидматӣ мекунанд, вале фоҳиша намешаванд. Ин занҳо, ки дониши нокофӣ доранд ва мустақилона ҳеҷ гоҳ кор накардаанд, ба ин роҳ мераванд”, - гуфт Шарипова.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: О.Бобоназарова: "Ҳазорҳо зан дар ҷанги дохилӣ озори ҷинсӣ дидаанд"
Вазорати дохилии Тоҷикистон теъдоди дақиқи танфурӯшонро эълон накардааст. Аммо Бунёди ҷаҳонии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа бо нашри як гузориш гуфта буд, бар асоси арзёбиҳои тиббӣ ва демографӣ соли 2015 дар Тоҷикистон тақрибан 14 ҳазор нафар ба танфурӯшӣ машғул будаанд.
Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон рақамҳоро дафъатан рад кард ва гуфт, ки гузориши Бунёди ҷаҳонии мубориза бо СПИД дар асоси тахминҳо ва ҳадсҳо омода шуда, ҳақиқат надорад.