Додгоҳи ноҳияи Шаҳритус як зани муттаҳам ба паҳн кардани бемории ВИЧ СПИД-ро барои як сол равонаи зиндон кард. Ин зан дар оғози моҳи майи соли ҷорӣ боздошт ва парвандаи ӯ дар авоили моҳи июл ба додгоҳ фиристода шуда буд.
Додгоҳ: "Аз кардааш пушаймон шудааст"
Ҳукми додгоҳ дар нисбати ин зан ҳафтаи гузашта содир шудааст. Ин зан, ки тафтишот аз ӯ А.З ном мебарад ва ному насабаш ба далелҳои қонунӣ ифшо намешавад, ба он муттаҳам аст, ки бо вуҷуди онки медонист ба бемории вируси норасоии масунияти бадан гирифтор аст, бо чанд мард ҳамхоба шудааст.
Зане, ки ба паҳн кардани беморӣ муттаҳам мешавад, соҳиби ду фарзанд аст ва ҳамаи "мизоҷонаш" сокинони Шаҳритус будаанд.
Аз додгоҳи ноҳияи Шаҳритус рӯзи 7-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки А.З дар баёнияи худ навиштааст, ки дигар ба танфурӯшӣ даст намезанад ва аз кардааш пушаймон шудааст ва бинобар ҳамин, додгоҳ бо дарназар гирифтани вазъи хонаводагӣ, дар нисбати ӯ ҳукми сабуктаре содир кардааст.
Умед Каримзода, додситони ноҳияи Шаҳритус рӯзи 7-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, айбдоркунандаи давлатӣ дар оғоз ду соли маҳкумият аз озодиро барои А. З пешниҳод карда буд, вале додгоҳ бо назардошти пушаймонӣ, ӯро барои як сол равонаи зиндон кард: "Додгоҳ баррасӣ кард, як сол аз озодӣ маҳрум намуд, ҳамин модда аз 2 то 5 сол пешбинӣ мекунад, вале пушаймонӣ аз кирдорашро ба инобат гирифтанд."
1 сол барои олуда кардани 10 мард
Ба қавли баъзе ҳуқуқдонҳо, бо назардошти онки ҷабрдидаҳо 10 нафар будаанд, эҳтимоли ҷазои сахттар гирифтани ин зан вуҷуд дошт, вале ба қавли додгоҳ, ҳама паҳлӯҳо санҷида шуд ва ҳукм мунсифона содир гардид.
Аз эълони ин ҳукм то ҳанӯз даҳ рӯз сипарӣ нашудааст ва наздикони ин зан ҳаққ доранд, ки аз болои он шикоят баранд. Ҳамзамон чанд тан аз наздикони ин зан аз сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи шахсияти А.З худдорӣ карданд. Ин зани сокини Шаҳритус мӯҳлати ҷазои худро дар зиндони занонаи шаҳри Норак сипарӣ хоҳад кард.
Баҳси олуда кардани 10 аз сӯи ин зан баҳсҳоеро дар ҷомеа ба миён овард. Муфаттишон мегӯянд, аксари онҳое, ки аз хидмати ҷавонзани танфурӯш истифода кардаанд, ҷавонони муҷаррад ва ҳам чанд марде ҳастанд, ки зану фарзанд доранд.
Зане, ки ба паҳн кардани беморӣ муттаҳам мешавад, соҳиби ду фарзанд аст ва ҳамаи "мизоҷонаш" сокинони Шаҳритус будаанд. Ӯ баъди ҷудоӣ аз шавҳар ба танфурӯшӣ шурӯъ карда ва аз соли 2014 расман ба ҳайси гирифтори бемории норасоии масунияти бадан сабти ном шудааст. Маълум нест, худи ин зан аз кӣ сироят шудааст.
Маълум кардани онки оё касе аз ҳамсарони ин мардҳо ҳам гирифтори беморӣ шудааст, ғайримумкин аст, зеро дар Тоҷикистон бар асоси қонун, ифшо кардани номи беморону гирифторони вируси норасоии масунияти бадан мамнӯъ аст ва барои ифшоиғайриқонунии номи онҳо, ҷазо муқаррар шудааст.
Сайидо Муртазоев, як табиби Маркази мубориза бар зидди бемории ВИЧ-СПИД дар Хатлон қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "ҳамин зан дар маркази мо буд ва ҳамчун бемор сабти ном шудааст. Муштариёнро тариқи телефон пайдо карда, бо онҳо ҳамхобагӣ мешудааст. "
Гирифторони ВИС-СПИД дар Хатлон зиёд шудаанд
Ҳамасола гирифторони бемории вируси норасоии масунияти одам дар Хатлон зиёд мешавад. Гузориш дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани як зане, ки гӯё 10 нафарро ба бемории вируси норасоии масунияти бадан мубтало кардааст, бори аввал аст, ки нашр мешавад.
Аммо дар гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, аз миёни садҳо танфурӯши боздоштшуда, се нафарро бо иттиҳоми ба беморӣ гирифтор кардани муштариёнашон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.
Дар Хатлон 2863 гирифтори бемории ВИЧ-СПИД сабти ном шудаанд ва 900 нафари онҳо занон ҳастанд. Теъдоди гирифторони беморӣ дар ноҳияи Шаҳритус ба 90 нафар мерасад.
Аксари гирифторон, ё мӯътодони маводимухаддир ҳастанд ва ё заноне, ки ба танфурӯшӣ машғул шудаанд. Теъдоде ҳам аз роҳҳои номаълум ва ё аз шавҳарони муҳоҷирашон ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.