Э.Раҳмон: “Мӯъмин Қаноат абадӣ дар ёди мардум хоҳад монд”. ВИДЕО, АКС

Mumin Qanoat

Мӯъмин Қаноат, шоири тавоно ва яке аз сутунҳои устувори адабиёти муосири тоҷик, 18-уми май, ду рӯз пеш аз онки ба 86-солагӣ бирасад, дар Душанбе даргузашт. Мақомот гуфтанд, ки маросими видоъ бо Мӯъмин Қаноат соати даҳи рӯзи 19-уми май дар масҷиди марказии Душанбе баргузор ва, сипас, дар оромгоҳи Лучоб дафн карда хоҳад шуд.

  • Аз Мӯъмин Қаноат ба унвони шоири достонсаро ва соҳибмактаб ёд мешавад, ки дар адабиёти нав тоҷик аз ҷойгоҳи баланде бархӯрдор аст.

Мӯъмин Қаноат

Мӯъмин Қаноат тақрибан ду моҳи пеш ба бистари беморӣ афтод. Наздиконаш гуфта буданд, ки ӯ аз дарди қалб ва фишорбаландӣ ранҷ мекашад. Ширин Қаноат – духтари Мӯъмин Қаноат – дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вазъи саломати шоир ду рӯзи охир бад шудааст.

“Аз фарзандон ману Парвин дар хона ҳастем. Далер дар Канада аст. Ӯ чанд муддат пеш ба ватан омада, тӯли як моҳ падарамро нигоҳубин карда буд”, - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мӯъмин Қаноат, шоири тавонои тоҷик даргузашт

Ҳамдардии президент

Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – шоми 18-уми май дар як нома даргузашти Мӯъмин Қаноатро ба хонавода ва наздикону пайвандонаш таслият гуфтааст. Дар номаи президент Раҳмон аз ҷумла омадааст, “наслҳои гуногуни адибони тоҷик аз эҷодиёти Мӯъмин Қаноат ғизои маънавӣ гирифта, ба камол расидаанд”.

"Муъмин Қаноат дар рушди адабиёти муосири тоҷик хидмати шоистаеро ба анҷом расонда, солҳои зиёд ба ҳайси раиси Иттифоқи нависандагон, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, муовини раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият дошт",-гуфтааст президент Раҳмон.

Мӯъмин Қаноат дар аксҳо

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, даргузашти Мӯъмин Қаноатро талафоти бузург барои адабиёти тоҷик донист. Раҳмонзода рӯзи 18-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳори умед кард, ки мактаби шеъри Мӯъмин Қаноатро шогирдонаш идома хоҳанд дод. “Дар ҳақиқат, хидмати устод Мӯъмин Қаноат дар рушди шеъри тоҷик, назми муосир бениҳоят бузург аст. Мактаби хеле бузург доштанд, ки шогирдонашон онро бояд идома бидиҳанд”, - афзуд ёвари президент.

“Охирин лаҳзаҳои Мӯъмин Қаноат”

Мӯъмин Қаноат бо Муҳаммад Осимӣ. Акс аз бойгонии шоир

Наздикони Мӯъмин Қаноат гуфтанд, ки ӯ дар охирин нафасҳояш ҳам аз чизе шикоят надошт ва дар фикри миллат буд. Ҳайдаршоҳ Акбаров, яке аз наздикони Мӯъмин Қаноат, ки дар охирин лаҳзаҳои зиндагии шоир бо ӯ буд, гуфт, “устод то охир озодагӣ ва сарбаландиашро ҳифз кард”.

Акбаров афзуд, “аз дарди худ шикоят намекарданд. Оромона, бе ягон сару садо охирин нафаси худро супориданд. Ҳамон озодагие, ки аз аввал доштанд, онро то охир нигоҳ доштанд. Ягон васияти хосе накарданд, вале ҳамеша сӯҳбаташон сари Тоҷикистон ва адабиёт буд.”

Низом Қосим: "Шеъри моро нав кард"

Мӯъмин Қаноат бо Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсори Сафӣ. Акс аз бойгонии шоир

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, рӯзи 18-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ Муъмин Қаноатро яке аз ислоҳгарони шеъри нави тоҷик ном бурд. Ӯ гуфт, “аз беҳтарин шоирони адабиёти навини мо буд. Дар таҳаввули шеъри мо, дар нав кардани шеъри тоҷик саҳми аввалдараҷа дорад. Дар солҳои шастум тақрибан тани танҳо ин шеърро нав карданд, бисёр заминӣ карданд ва аз умумигӯӣ ва ҳарфҳое, ки муносиби шеър набуданд, адабиётро пок карданд. Як шеъре офариданд, ки муносиби адабиёти ҳазорсолаи мо буд. Чанд нафар шоире тарбия карданд, ки дар оянда кори он касро идома доданд. Аз ҷумла, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир аз шогирдони Устод Қаноат ҳастанд.”

Усмонов: “Мактаби миллат”-ро созмон дод

Мӯъмин Қаноат бо Раҳмон Набиев. Акс аз бойгонии шоир

Ба бовари Иброҳим Усмонов, донишманди тоҷик, Мӯъмин Қаноат бунёдгузори як роҳи нав дар адабиёти муосири тоҷик аст, ки ин роҳи навро мешавад "мактаби миллат" ном гузошт. Усмонов гуфт, “Мӯъмин Қаноат дар шеър парастиши миллат, ҳақиқати миллат ва таърихи миллатро замина гузошт ва "мактаби миллат"-ро созмон дод, ки пайравони он Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар ва дигар аз шоирони миллисарои солҳои 80-ум ба ин тараф буданд.”

Ба гуфтаи ӯ, устод Мъмин Қаноат дар достонсароӣ ин ҷодаи худро идома дод ва достонҳояш дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд, Носири Хусрав ва дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз намунаҳои ин шева ҳастанд.

Гулназар: “Дар адабиёти мо як марҳилаи нав буд”

Мӯъмин Қаноат бо Бурҳонуддини Раббонӣ. Акс аз бойгонии шоир

Гулназар Келдӣ, муаллифи гимни миллии Тоҷикистон, мегӯяд, шогирди Мӯъмин Қаноат аст ва дар пайравӣ ба услуби ӯ дар адабиёти муосири тоҷик бузург шудааст. "Бубинед, баъди марги Бозор Собир чанд рӯз нагузашта Муъмин Қаноатро аз даст додем ва ин талафоти беҳад бузург барои миллати тоҷик аст", - гуфт ӯ.

Ба қавли Гулназар Келдӣ, “Мӯъмин Қаноат дар адабиёти тоҷик пас аз Мирзо Турсунзода меистад ва ҳанӯз дар замони Шӯравӣ дар шеъри муосир як фазои тоҷикиро ба вуҷуд овард, ки шоирони солҳои 60-ум ҳамагӣ дар таъсири ӯ монданд.” "Мӯъмин Қаноат тайи чанд сол раиси Иттифоқи нависандагон буд ва шоиронро дар рӯҳияи миллӣ навиштани шеъру достонҳо устодӣ мекард. Мӯъмин Қаноат дар адабиёти мо як марҳилаи нав буд. Вай тавонист ба шеъри муосир ҳувияту асолати ғазалу дубайтиву рубоӣ ва достонҳои асили классикиии миллиро бубахшад. Мӯъмин Қаноат тавонист ин корро кунад ва баъдан шоирони навсаро аз ӯ пайравӣ карданд", - хулоса кард Гулназар Келдӣ.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Эй додгоҳи хокиён..." Мӯъмин Қаноат 85-сола шуд. ВИДЕО

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳо мегӯяд, таассуфангез аст, ки дар як мӯҳлати кӯтоҳ мардуми тоҷик ду шоири бузургашро аз даст дод. Президенти Академияи илмҳо афзуд, Мӯъмин Қаноат на танҳо як шоир, донишманд ва файласуф, балки дар илму адабиёт як шахси бисёр сермаҳсул буд.

Рустами Ваҳҳоб: "Классики адабиёти муосири мо рафт"

Рустами Ваҳҳоб, адиби тоҷик, аз Мӯъмин Қаноат ба унвони бузургтарин намояндаи адабиёти муосири тоҷик ном бурд, ки баъд аз Мирзо Турсунзода бо шахсият ва шеъраш адабиёти тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардааст. Рустами Ваҳҳоб Мӯъмин Қаноатро "классики зиндаи адабиёти муосири мо" номид.

"Дар моҳи май ду қуллаи азими устувори адабиёти мо Мӯъмин Қаноат ва Бозор Собир даргузаштанд. Инҳоро чаҳоргона ё чаҳорёр мегӯянд, ки бармешуморанд аз Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва Гулрухсор. Устод Қаноат дар аввали ин радаи тиллоӣ меистод. Яъне оғозкунандаи як таҳаввули азим ва шигарф дар шеъри муосири мо буданд, ки дар пайи худ ин истеъдодҳои дурахшонро оварданд ва ҳидоят карданд”, - афзуд Рустами Ваҳҳоб.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мӯъмин Қаноат: Маро бародарам шоири ҷанг кард

Тарҷумаи ҳол

Мӯъмин Қаноат соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон таваллуд шуда, соли 1956 бахши забоншиносии донишкадаи таъриху забоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳо дар ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Садои Шарқ” буд ва дар нашриёти давлатии “Ирфон” низ масъулиятҳоеро бар зимма дошт.

Ӯ соли 1968 муовини аввали раис ва аз соли 1978 то соли 1991 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Солҳои баъдӣ Кумитаи сулҳ ва Пажӯҳишгоҳи осори хаттии Фарҳангистони улуми Тоҷикистонро раҳбарӣ намуд. Солҳои 1996-2000 муовини раиси ҳаракати “Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон”, солҳои 2001 - 2011 муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ буд.

Нахустин маҷмӯи шеъраш бо номи “Шарора” соли 1960 нашр шудааст. Соли 1977 барои достонҳои “Сурӯши Сталинград” ва “Модарнома” ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравиро дарёфт кард.

Зиёда аз 12 маҷмӯаи ашъораш нашр шудааст. Достонҳои “Сурӯши Сталинград”, "Мавҷҳои Днепр", “Тоҷикистон – исми ман”, “Гаҳвораи Сино”, “Масъуднома” ва силсилаи “Созҳои Шероз” аз маъруфтарин осори ӯ дониста мешавад.

Достони "Мавҷҳои Днепр" - ситоишномаи рӯҳи баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва дӯстии байни миллатҳост ва Мӯъмин Қаноатро дар доираи 15 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шӯҳрат бахшид. Достони машҳури "Суруши Сталинград" -- садои қаҳрамонони зиндаву ҳалокшудаи муҳорибаи Сталинград, навҳаи падару модарони фарзандгумкарда мебошад.

Мӯъмин Қаноат узви вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон ва чанд дафъа вакили мардумӣ дар Шӯрои олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои олии Тоҷикистон буд. ​Ӯ, дар маҷмуъ, натанҳо дар саҳнаи адабиёт, балки саҳнаи сиёсату иҷтимои Тоҷикистон ҳам фаъол буд ва дар робита ба мушкилоти кишвар чанд дафъа садо баланд кардааст.