Дар ин китоб, ки таҳти силсилаи “Классикони адабиёти ҷаҳонӣ” ба нашр расид, шеърҳои баргузидаи шоир ва чаҳор достони ӯ “Суруши Сталинград”, “Китобҳои замин”, “Мавҷҳои Днепр” ва “Гаҳвораи Сино”, ки онро тарҷумонҳои маъруфи рус баргардонидаанд, гирд оварда шудаанд.
Китоб бо пешгуфтори адиби номвари қазоқ Олҷас Сулаймонов, ки дӯсти деринаи Мӯъмин Қаноат аст, оғоз мегардад. Дар ин пешгуфтор, ки онро метавон меҳрномаи шоири бузурги қазоқ ба шоири тоҷик ва забони форсӣ -тоҷикӣ номид, Олҷас Сулаймонов дар бораи зебоиву шевогии забони форсӣ, ки онро дар Шарқ забони шеъру шоирон меноманд, ҳарф зада, пораи шеъри “Забони модарӣ” - и Муъмин Қаноатро меорад:
Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо,
Ҳарчӣ мегӯӣ бигӯ.
Лафзи шеъру дилбарӣ гӯи варо,
Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Чунки меҳри модар аст...
Китоб ҳам аз ин шеъри машҳури шоири бузург оғоз ва бо достони “ Гаҳвораи Сино” анҷом меёбад. Сафар Абдулло донишманди шинохтаи тоҷики муқими Қазоқистон, ки раиси кулл ва сардабири Интишороти “Китобхонаи Олҷас” асту ин китоб ҳам бо кӯшишу эҳтимоми ӯ ба чоп расидааст, мегӯяд, онон ин китобро чун барги сабзе ба ҷаши 80 -солагии устод Муъмин Қаноат” пешкаш карданд. “ Ман ба гунае, ки пештар ҳам гуфта будам, ба ҷашни устод Муъмин Қаноат як асари пажӯҳишӣ ва китоби ашъори шоирро омода кардам ва ҳоло китоби ашъор ва достонҳои шоирро ба чоп расонидем. Чун имконоти молӣ фароҳам ояд, асари пажӯҳишиам бахшида ба эҷодиёти Муъмин Қаноат низ чоп хоҳад шуд.”
Сафар Абдулло чопи китоби ашъори Муъмин Қаноат дар интишороти “Китобхонаи Олҷас”-ро, аз сӯи дигар, арҷи мардуми қазоқ дар шахси Олҷас Сулаймонов ба ашъори шоири тавоно ва мардуми тоҷик медонад. Ӯ дар бораи пешинаи дӯстии ду шоири бузург, ки ба беш аз ним аср мерасад, ҳарф зада мегӯяд, ки риштаи дӯстии онон ҳоло бештар аз пештар тақвият ёфтааст ва ширкат ва суханронии пурмуҳтавои Олҷас Сулаймоновро дар маҳфили бузургдошти Муъмин Қаноат, ки ба муносибати 80-солагии шоир дар Маскав сурат гирифта буд, исботи ин гуфтаҳо медонад.
Лозим ба ёдоварист, ки Интишороти хусусии “Китобхонаи Олҷас” наздики ду сол аст, ки бо ибтикори адиби номвари қазоқ Олҷас Сулаймонов таъсис ёфтааст ва чун худи адиб дар Порис намояндаи Қазоқистон дар ЮНЕСКО аст, ҳама кор ва сарвариву масъулияти ин интишорот бар дӯши дӯсти шоир, донишманди тоҷик Сафар Абдулло вогузошта шудааст. Дар ин муддат нашриёт беш аз 50 асари адибони бузурги ҷаҳонро ба чоп расонид. Аз ҷумла, таҳти силсилаи “Классикони адабиёти ҷаҳонӣ” китобҳои адиби қазоқ Абай, классикони адабиёти рус Пушкину Лермонтов пешкаши хонандагон гардидаанд. Аз адибони тоҷик таҳти ин силсила ба ҷуз ашъору достонҳои Муъмин Қаноат, ҳамчунин китоби нависандаи маъруфи муқими Маскав Темур Зулфиқоров ба чоп расидаанд.
Ба гуфтаи Сафар Абдулло, ҳоло китоби рубоиёти Умар Хайём таҳти ин силсила дар дасти чоп аст. Дар маҷмуъ, Интишороти “Китобхонаи Олҷас” тасмим гирифтааст, ки соли оянда ашъори даҳ суханвари бузурги форс- тоҷик, мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхии Румӣ ва дигаронро ба нашр расонад. Ба таъкиди оқои Сафар Абдулло, ҳадаф аз таъсиси ин интишорот бо коғази беҳтарин ва кайфияти олӣ ба хонанда пешкаш кардани шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонӣ ва бо ин роҳ боло бурдани сатҳи маънавии ҷомиа ва ҷалби мардум ба китобхонӣ аст.
Раиси кулл ва сардабири интишороти “Китобхонаи Олҷас” бовар дорад, ки ҳарчанд бо ёрии интернет метавон китобҳои зиёдеро дастрас ва мутолиа кард, вале бо ин ҳама ҷой ва таъсири ба даст гирифта хондани китоби чопӣ дигар аст ва беҳуда нест, ки яке аз сермутолиатарин мардуми ҷаҳон ҷопониҳо ҳоло бештар рӯ ба хондани асарҳои чопӣ овардаанд. Ба вижа, дар даст доштан ва хондани китобҳои адибони машҳури ҷаҳон, ки дар он саф суханварони гузаштаву имрӯзии форс -тоҷик аз устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то Муъмин Қаноату Лоиқ ҷойи намоёне доранд, ба кас эҳсоси хуш ва гуворо ва суди маънавии беандоза мебахшад.
Насибҷон Амонӣ, Қазоқистон