Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари Мӯъмин Қаноат: "Вазъи саломатии устод як ҳафта пеш бад шуд" ВИДЕО, САДО


Мӯъмин Қаноат, шоири тавонои тоҷик
Мӯъмин Қаноат, шоири тавонои тоҷик

Вазъи сиҳатии Мӯъмин Қаноат, шоири шинохтаи тоҷик, дар ду ҳафтаи охир "вазнин" шудааст ва ба гуфтаи пайвандонаш феълан тавони озодона сӯҳбат карданро надорад. Матлуба Қаноат, ҳамсари Мӯъмин Қаноат, рӯзи 30-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш ду сол боз аз дарди дил ва фишорбаландӣ табобат мегирад. Ба қавли ӯ, бо вуҷуди ин, то як ҳафтаи пеш бо кумаки пайвандон аз ҷой баланд мешуд.

Мӯъмин Қаноат беш аз чаҳор моҳ боз дигар чизе эҷод накардааст ва ба табобат машғул аст.

"Як ҳафта пеш зуком шуд ва вазъияташ якбора нохуб гашт. Пизишкон барои барқарории саломаташ кӯшиши зиёд доранд. Нисбат ба ду рӯзи қабл як андоза хуб шудааст, аммо мисли ду ҳафтаи пеш нест. Ба саволҳо ҳам ҷавоб додан барояш мушкил шудааст ва пурсишҳои моро ҳам дуруст намефаҳмад", - гуфт Матлуба Қаноат.

Гузориш дар бораи вазъи саломати Мӯъмин Қаноат
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00
Линки мустақим

Ҳамсари Мӯъмин Қаноат бо такя ба гуфтаи пизишкон гуфт, чунин вазъи шавҳараш муваққатӣ аст ва рӯзҳои наздик саломаташ дубора барқарор хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, Мӯъмин Қаноат беш аз чаҳор моҳ боз дигар чизе эҷод накардааст ва ба табобат машғул аст.

Парвин Қаноат, духтари шоир низ ба Радиои Озодӣ гуфт, пайвандонаш зуд-зуд ба дидорбиниаш меоянд ва аз ӯ муроқибат мекунанд.

Видео аз бойгонии Радиои Озодӣ:

"Эй додгоҳи хокиён..." Мӯъмин Қаноат 85-сола шуд. ВИДЕО
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:19:36 0:00

Мӯъмин Қаноат соли 1932 дар ноҳияи Дарвоз таваллуд шудааст ва моҳи майи имсол 86-сола мешавад. Ӯ соли 1956 бахши забоншиносии тоҷикии донишкадаи таъриху забоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон собиқ ба номи Ленинро хатм кардааст.

Солҳо дар ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Садои Шарқ» кор кардааст ва дар нашриёти давлатии «Ирфон» масъулиятҳоеро низ бар зимма дошт. Аз соли 1976 то 1991 раҳбари Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон буд. Солҳои 1989 - 1991 вакил дар маҷлиси Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Нахустин маҷмуаи ӯ бо номи «Шарора» соли 1960 нашр шудааст. Соли 1977 барои достонҳои «Сурӯши Сталинград» ва «Модарнома» ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравиро дарёфт кард.

Зиёда аз 12 маҷмӯаи ашъораш нашр шудааст. Достонҳои “Сурӯши Сталинград”, “Тоҷикистон – исми ман”, “Гаҳвораи Сино”, “Масъуднома” ва силсилаи “Созҳои Шероз” аз маъруфтарин осори ӯ дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG