Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Қаноат: "Эрих Ҳонеккерро аз маҳбаси Ҳитлер тоҷик наҷот дода буд"


Мӯъмин Қаноат
Мӯъмин Қаноат

​Мӯъмин Қаноат мегӯяд, ба далели он ки муҳаққиқони ҷангноманавис набуданд, бисёре аз корнамоиҳои тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватании 1941-45 паси парда монда ё ба номи миллатҳои дигар сабт шудааст.

"Барои ман бисёр аламовар буд, ки қаҳрамонҳои тоҷики мо ба унвони дигар миллатҳо, аз қабили тотору узбек дар ҳуҷҷатҳо сабт шудаанд. Барои намуна, раҳбари коммунистони олмонӣ Эрих Ҳонннекерро аз маҳбаси ҳитлерӣ як тоҷики ховалингӣ рейд гузаронда, наҷот дода буд, вале дар ин бора чизе гуфта намешавад. Шеъри "Гули бодом"-и ман ба ӯ бахшида шудааст, зеро аспаш чунин ном дошт. Ба ҷангноманависӣ рӯй оварданам маҳз ҳамин алам буд, ки дар ҳамон вақт низ тоҷикони мо пушту паноҳ надоштанд, то аз қаҳрамонҳои худашон дифоъ кунанд," -- гуфт Мӯъмин Қаноат.​

Шоири маъруф дар маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо", ки шоми 30 апрел дар Душанбе баргузор шуд, ба баҳсҳои дигари рӯз ҳам дахл кард. Аз ҷумла, ӯ бозгашти комил ба хатти форсиро дар ин шабу рӯз муҳим надонист ва аммо гуфт, Тоҷикистон метавонад корро бо ду хат - кириллӣ ва форсӣ - ба роҳ монад. "Бозгашти комил ба хатти ниёгон фурсати зиёд ва имконияти бештар металабад, ки ҳоло Тоҷикистон надорад,"--шарҳ дод Мӯъмин Қаноат.

Вай илова кард, "дақиқ гуфтани он ки кай ба хатти ниёгон бармегардем, душвор аст. Ба хотири он ки агар гӯем, ба алифбои аввалияи худамон гузарем, аслан хатти мехӣ аст. Зеро "Авасто" бо хатти мехӣ буд. Айни ҳол розӣ ҳастам, маводи мо ба ду хат бошад, яъне алифбои форсӣ ва кириллӣ. Аммо хатти аввалашро имрӯз ва ҳамин лаҳза ҳал карда наметавонем. Зеро ба корҳои майда-чуйда худамонро беҳуда банд мекунем."

Мӯъмин Қаноат: Ҳонеккерро тоҷик наҷот дода буд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:51 0:00

Дар ҷавоб ба саволи он ки "чаро бо алифбои русӣ ё хатти кириллӣ боқӣ мондем?" Мӯъмин Қаноат гуфт, "умед буд, шояд дар ҳамин вазъи парешонию суқути давлат ва аз байн рафтани он кириллиро истифода барему таваҷҷӯҳи Русияро ба худ ҷалб кунем ва дар бисёр мавзӯъҳо ба мо кумак кунад. Лекин афсус, ки на ҳамеша ба мо кумак кард ва на дар ҳама масъалаҳо."

Бозор Собир
Бозор Собир

Мавзӯи баҳси бозгашт ба хатти форсӣ ё имкони бозгашти Тоҷикистон ба алифбои ниёгон аз сӯи Мӯъмин Қаноат дар ҳолест, ки ду ҳафтаи пеш Бозор Собир - яке дигар аз шоирони тоҷик, ки бо баёнияҳои зиддунақизаш маъруфият дорад, дар ин бора сӯҳбат карда буд. Ӯ бо нашри матлабе дар рӯзномаи мустақили "СССР" гуфт, "ин хати ниёгон, ки солҳо инҷониб мавриди ҳангома... қарор гирифтааст, дар дебочаи ҳассосу барангезандаи барномаи мушаххаси панисломӣ ва сионистӣ аст. Ғараз, ҷумҳурии исломӣ сохтан аст. Варна дар ин дағдаға баҳонаи казоие нест."

Дар ҳоле ки ба қавли Бозор Собир, "ҳар китоби арзандае, ки аз классикон буд, кайҳо ба хати русӣ чоп шудааст. Мо ҷумҳурии мавҷудаю хати мавҷудаю забони Айниамонро натанҳо ба хати ниёгон, балки ба 70 пуштамон қурбон намекунем. Бигзор, Эрону Афғонистон хаташонро ба хати мо бадал кунанд. Як муддат шодихори онҳо шуда, хеле масҷидсозию мазорсозӣ кардем, бас аст."

Мухолифону тарафдорони бозгашт ба хатти форсӣ ё боқӣ мондани сириллик дар Тоҷикистон зиёданд ва то кунун борҳо миёни якдигар баҳс кардаанд. Ин мавзӯъ сари чанд вақт дар сархатти расонаҳои кишвар ҳам қарор мегирад. Тарафдорони ин тарҳ ба ин боваранд, ки баъди бозгашт

ба хатти форсӣ сокинони кишвар ба манобеи беохири китобҳо дастрасӣ пайдо хоҳанд кард. Аммо мухолифон мегӯянд, бозгашт ба ин хат аксари сокинонро бесавод хоҳад гузошт.

Мӯъмин Қаноат дар маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо" дар бораи тарҳи муҷассамаи "Ваҳдати миллӣ" дар Душанбе низ ҳарф зад ва гуфт, идеяи яке аз ин тарҳҳоро ӯ додааст. Шоири тоҷик аз тарҳи худ ном набурд, аммо аз баъзе тарҳҳои дигар, ки ба гуфтаи ӯ рӯйбардори муҷассамаҳои кишварҳои дигаранд, интиқод кард.

"Дар як лоиҳа бурҷи Бейтереки Остонаро гирифта буданд. Ман гуфтам, рӯйирост як лоиҳаро дуздидан хуб нест. Дар зери ҳамон Бейтерек акси президент, ки бо телефон сӯҳбат мекунад, низ буд. Ман ба онҳо гуфтам, хушомадгӯйӣ то ба ин ҳад набудагист,"-афзуд ӯ.

Дар ҳоле ки ба қавли Мӯъмин Қаноат тарҳи муҷассамаи "Ваҳдати миллӣ" аз гузашта ва то имрӯзи онҳоеро дар бар бигирад, ки барои барқарории субот дар Тоҷикистон саҳм гузоштаанд: "Яъне, мо бояд бифаҳмонем, ки бо чӣ роҳе ин қарордод ва ризояити ваҳдати миллиро соҳиб гаштаем."

Иброҳим Усмонов
Иброҳим Усмонов

Ба суоли профессор Иброҳим Усмонов дар ин бораи ки "Тоҷикистон замоне як ҷузъи Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва ҳоло бояд ба он чӣ гуна назар кунем?" гуфт, "Тоҷикистон дар Иттиҳоди Шуравӣ аз нигоҳи тартиб 7-умин давлат ҳисоб меёфт. Яъне, аз байни 15 давлат мо он қадар қафои қафо набудем. Ҳарчанд нуфузи мо кам буд, вале обрӯи мо аз рӯйи диду шинохти олимони рус боло буд."

Ба қавли Мӯъмин Қаноат, таваҷҷуҳи Кремл он вақт ба Тоҷикистон ду сабаб дошт: "Якум забоне, ки аз Қораи Ҳинд то марзи Халиҷи форсу Ироқро фаро гирифта буд ва дуюм -имкониятҳои илмиву таърихиву адабӣ ва фарҳангии мо ба Русия роҳи фарохеро боз кард... Вале афсӯс, ки роҳбарони ондавраи мо саводи дуруст надоштанд ва ин имкониятҳоро ба манфиати тараққиёти миллату давлат истифода накарданд."

XS
SM
MD
LG