Қурбонбегим Раҳматшоеваи 65-сола ҳоло дар хона машғули тарбияи набераҳояш аст. Аз ҳар қадаму муваффақияти онҳо меболад. Ӯ ба фарқ аз ҳар каси дигар қадри кӯдаку фарзанддориро медонад. Зане, ки ҳеҷ гоҳ издивоҷ накарда, баъдан писари хоҳарашро мисли ҷигарбанди худ бузург кардааст, ҳоло ғарқи меҳру шодиҳои кӯдакон ба сар мебарад.
Меояд, мегӯяд, шароит надорам. Охир ту шароит надорӣ, чаро таваллуд кардӣ? Як бор овардӣ, дуюм бор чаро овардӣ? Мегӯяд, "маро фиреб дод"
Шояд рӯзе, ки онҳо бузургтар шуданд, барояшон аз 15 соли зиндагиву кораш дар муҳити як ятимхонаи Душанбе нақл хоҳад кард. Қурбонбегим Раҳматшоева аз соли 2000 то 2015, яъне то замони ба нафақа баромадан, дар ятимхонаи рақами яки шаҳри Душанбе ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор кардааст. Мегӯяд, дар ин муддат сарнавиштҳои бисёр фоҷиаборро дидааст – шурӯъ аз саҳнаи ба ятимхона афтодани тифли ятим ё маъюб, то кӯдаки худро ихтиёран ба тарбияи давлат додани модарони ҷавон.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Яке аз онҳо Алиҷони нобинову маъюб буд. Модараш дар Русия ва фарзандаш дар ятимхона. Раҳматшоева мегӯяд, “бисёр бачаи донову хуб буд, ҳамеша модарашро мепурсид. Рӯзе ду-се дафъа бо модараш гап мезад, вале дар ниҳоят модараш аз ӯ даст кашид”. Қурбонбегим Раҳматшоева мегӯяд, модари Алиҷон ҳар дафъа дар телефон “баъди ду моҳ ё се моҳ меоям” гуфта, ба кӯдак ваъда медод ва дар ниҳоят бо сабаби маъюбии ӯ аз кӯдак даст кашид. Алиҷонро баъди шашсола шуданаш дар ятимхонаи ноҳияи Ёвон ҷой карданд. “Ин бача ғами очаашро мехӯрд. Намедонам, дар Ёвон чӣ ҳол дорад. Як бор аз телевизион ятимхонаи Ёвонро нишон доданд, ҳарчанд хостам дар миёни кӯдакон Алиҷонро бишиносам, нашуд”, - нақл кард ӯ.
Ҳамшираи шафқат мегӯяд, дар ятимхона гурӯҳи махсус барои нигоҳубини кӯдакони маъюб буд. Аксари ин кӯдакон ба хотири нуқси ҷисмониашон аз ҷониби волидон рад шуданд. “Яке синдроми Дауна дошт, дигаре каллаи аз ҳад зиёд калон. Мегуфтанд, ки дар сараш об зиёд аст”, - ба хотир овард ӯ.
Қурбонбегим Раҳматшоева ҳарчанд китоби хотираҳояшро нанавиштааст, мушоҳидаҳояш дар ятимхонаи Душанбе дар солҳои баъди хатми ҷанги дохилии кишвар худ як қиссаи қобили зикр аст. Мегӯяд, аз замони шурӯи кораш дар ятимхона дар соли 2000-ум то тахминан солҳои 2010, ҳамарӯза ба ятимхонаи кӯдакони то 6-солаи онҳо воқеъ дар назди маркази тиҷоратии “Садбарг” то даҳ кӯдаки ятим ваё радшударо меоварданд. Навзодҳоро ҳам аз зоишгоҳ меоварданд, бархеро модарон бо дасти худ месупорданд, кӯдаконе ҳам буданд, ки дар партовгоҳҳо пайдо мешуданд. Вале дар солҳои баъди 2010, ба гуфтаи ӯ, шумори кӯдакони партофташуда аз мушоҳидаҳои хусусии ӯ камтар шуд.
Падидаи наве, ки дар солҳои охир зиёд ба чашм мехӯрад, модарони муҳоҷири корӣ дар Русия аст, ки ба хотири кору талоши зиндагӣ ҷигарбанди худро ба тарбияи давлат месупоранд. “Кӯдакро меоранд, ҳуҷҷат мекунанд ва мегӯянд, ки ба Русия коркунӣ мераванд. Бархе баъд аз чанд сол омада, кӯдакро мегиранд. Зане буд, ки ӯро дар фурудгоҳ бо чизе дастгир карданд. Зан зиндонӣ шуд. Чандин сол пушти панҷара буд ва ҳамин, ки озод шуд, ба ҷустуҷӯи кӯдакаш омад. Занҳои хуб ҳам ҳастанд, вале онҳое ҳам ҳастанд, ки аслан намекобанд”, - гуфт ӯ.
Ин ҳамшираи шафқат занҳоеро, ки довталабона аз фарзанд даст кашидаанд, барои худ ба се гурӯҳ ҷудо кардааст: “онҳое, ки инсоф надоранд, шароит надоранд ё нисбат ба кӯдак бепарвоянд”.
Хонум Раҳматшоева мегӯяд, кор дар ятимхона иродаи қавиву дили бузург талаб мекунад, то ки корманди чунин як муассиаи пур аз ғам ва фоҷиа тавонад хислатҳои неки инсонии худро ба ятимон бубахшад. Худи ӯ ҳам наздик буд соле Чаман ном духтарро ба фарзандӣ хонад, вале шароити иҷтимоиаш чунин имконро надод.
Духтарчае, ки дар чоррӯзагӣ ба ятимхона оварда шуд, зуд дар дили ин ҳамшира ҷо гирифт. Вале бо сабаби надоштани манзил Раҳматшоева натавонист, ҳаққи модарӣ ба ин кӯдакро қонунӣ кунад. Чамани чорсоларо як хонавода ба фарзандӣ гирифт.
Қурбонбегим Раҳматшоева мегӯяд, занҳои зиёдеро дидааст, ки фарзанди дуюму сеюми худро ҳам ба ятимхона супурдаанд. “Меояд, мегӯяд, шароит надорам. Охир ту шароит надорӣ, чаро таваллуд кардӣ? Як бор овардӣ, дуюм бор чаро овардӣ? Мегӯяд, “маро фиреб дод. Гуфт, ки хона дорам, туро мегирам, баъд маълум шуд, ки фиреб дод”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Таҷрибаи кору дидаҳояш ва шароити атфоли чашмбароҳи модарон, ки баъди ин қадар маҳрумиятҳо боз ҳам модар дар назарашон маҳбубтарин нафар мемонад, ин ҳамшираи шафқатро дар муомила бо бархе занҳо сахтгир кардааст. Мегӯяд, вақте дар кӯча мебинад, ки зане ба кӯдак даст мебардорад, сахт ҷанг мекунад.
Вай мегӯяд, таваллуд ва тарбияи фарзанд масъулияти азимест, ки модар ва падар доранд ва ҳар хонавода пеш аз таваллуди кӯдак бояд андеша кунад, ки тавони тарбияи кӯдакро дорад, ё на ва бояд чанд фарзанд ба дунё оварад, то тавонад онҳоро бузург кунад.
Ба гуфтаи Раҳматшоева, бо онки солҳои охир шароити таъмини кӯдакон дар ятимхонаҳои Тоҷикистон назар ба солҳои гузашта хеле беҳтар шудааст, ҳеҷ як хонаи боҳашамати ятимон ҳам наметавонад кулбаи гарму пурмеҳри модари азизро иваз кунад.
Дар Тоҷикистон беш аз 46 ҳазор кӯдаки ятим сабт шудаанд, ки аксари онҳо дар тарбияи муассисаҳои давлатӣ мебошанд.