Умедҷон Солеҳов ин исм дар рӯйи кати кӯдаки навзоде дар хонаи кӯдакони рақами яки пойтахт навишта шуда буд. Ба гуфтаи парасторон, Умедҷон дигар ятим нест. Ӯ аллакай аз сӯӯи хонаводае фарзандхонӣ шудааст. Ҳоло волидони нави Умедҷон фақат қарори судро интизорад. Пас аз эълони ин қарор, як навзоди ятим дар оғӯши падару модар тарбия хоҳад ёфт ва як хонаводаи солҳо дар орзуи фарзанд, соҳиби тифл мешавад. Орзуе, ки барои аксар дигар хонаводаҳои бефарзанд фақат орзу мемонад.
Саодат Набиева, сардухтури парваришгоҳи рақами яки пойтахт мегӯяд, ҳоло дар ин парваришгоҳ атфоли ятиму солими партофташуда ва интизори фарзандхоҳ қариб нест. Ин ҳам дар ҳоле, ки шумори афроде, ки барои гирифтани атфоли ятим ба фарзандӣ ба ин даргоҳ меоянд, хеле зиёд аст. Ба гуфтаи хонум Саодат, махсусан пас аз паёми ахири президент, ки дигарбора ба масъалаи фарзандхонӣ ва дар муҳити оила тарбия ёфтани кӯдакон таъкид кард, сафи онҳое, ки бо мақсади фарзандхонӣ, пушти дари парваришгоҳ меоянд, боз ҳам бештар шудааст.
Саодат Набиева гуфт: “Худи дирӯз қариб 10 нафар пушти дари ман омад. Аммо теъдоди кӯдакони партофташуда хушбахтонадар ду-се соли ахир кам шудааст. Масалан, дар солҳои пеш мо дар як сол то 50 кӯдакро ба фарзандхонӣ медодем, ҳоло масалан дар як сол то 13 кӯдак ба оилаҳо дода мешавад. Ҳоло дар ин парваришгоҳ 94 кӯдаки ятим ба сар мебаранд, аммо аксари онҳо кӯдаконе ҳастанд, ки бо ягон нуқс аз модар ба дунё омадаанд ва талабот ба чунин кӯдакон кам аст албатта.”
Масъулини парваришгоҳҳо сабаби кам ворид шудани атфоли навзоди бекасу кӯйро ба коҳиш ёфтани ҳодисаҳои дасткашӣ ё партофта шудани кӯдакон рабт медиҳанд, аммо таҳлилгарон ин ҳолатро ба афзун шудани мавридҳои муомилаҳои ғайриқонунӣ ё харидуфурӯш шудани атфол вобаста медонанд. Гуфта мешавад, маҳз бинобар печидаву душвор будани раванди фарзандхонӣ, бархе аз хонаводаҳои бефарзанд ормонҳои худро аз тариқи роҳҳои ғайриқонунӣ бароварда месозанд. Тибқи оморҳои расмӣ, танҳо дар шаҳри Душанбе дар як соли ахир беш аз 200 хонавода барои гирифтани ятиме ба фарзандхонӣ ҳуҷҷат супурдаву дар навбат истодаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки раисҷумҳур солҳои ахир бештар ба осон кардани ин раванд таъкид мекунад ва тавассути васоити ахбори омма ҳам ҷиҳати фарзандхонии ятимону кори савоб кардан тарғиботи зиёде мебаранд.
Муҳаббат як зане, ки 15 сол боз орзӯйи модар шуданро дорад, мегӯянд чанд сол боз мехоҳад, ягон тифлеро ба тарбияи худ бигирад, аммо чун вазъи зисташ ба бархе аз шартҳои қонуни фарзандхонӣ мувофиқат намекунад ва ин раванд ҳам хеле душвору печида ҳаст, ӯ наметавонад муваффақ шавад. Муҳаббат мегӯяд, ӯ дигар умедашро аз ятимхонаҳо канда буд, аммо пас аз ишораи президент ба ин мавзӯъ дар сӯҳбати ахираш, ӯ дубора ба фикри фарзандхонӣ шудаву дари ниҳодҳои масъул ва парваришгоҳҳоро мекӯбад:
«Наметавонистам фарзанд гирам, чун аввал ин ки хона надоштам ва баъдан худи расмиёташ хеле зиёду мушкил аст, ба фикрам бояд каме осон шавад ин, чун ман ба ҳар ҳол кор мекунам ва тавони нигоҳубини як кӯдакро дорам, хона ҳам дар рафти зиндагӣ пайдо мешавад, аммо он вақт сини ман ба ҷое мерасаду ман дигар аз ӯҳдаи нигоҳубину тарбияи кӯдак намебароям.»
Зимнан, барои осон кардани кори Муҳуббат ва мисли ӯ модарони дар орзуи фарзанд, ҳоло дар кишвар як лоиҳае омода шудааст, ки тибқи он бояд ба чанд қонуни кишвар дар мавриди фарзандхонӣ ислоҳот ворид шавад. Лоиҳаи мазкур, ки бояд рӯзҳои наздик ба ҳукумат пешниҳод шавад, аз сӯи як гурӯҳи вижаи корӣ, соли гузашта дар пайи таъкиди президент ҷиҳати осон кардани раванди фарзандхонӣ, дар назди вазорати маорифи кишвар таъсис ёфта буд. Ҷалолиддин Амиров, як намояндаи вазорати мазкур, ки дар таҳияи ин лоиҳа ширкат кардааст, мегӯяд, дар сурати қабул шудани ин лоиҳа, тартиби гирифтани ятимон ба фарзандхонӣ осон ва мӯҳлати он кам карда мешавад.
«Воқеан муроҷиати мардум ба раёсат ва шӯъбаҳои маориф барои фарзандхонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта даҳҳо маротиб зиёд шудааст. Дар ҳақиқат дар самти ба фаразанди хондани кӯдакони ятиму бепарастор мушкилоти зиёде вуҷуд дорад. Оилаҳое, ки мехоҳанд соҳиби фарзанд шаванд, ҳуҷҷатҳои зиёдеро ҷамъоварӣ кунанд ва ман бовар дорам, ки пас аз ба тасвиб расидани қарори ҳукумат дар робита ба содда кардани ҳуҷҷатҳои фарзандхонӣ, ин мушкилоту монеаҳо аз байн меравад.»
Ба ин тартиб, дар сурати қабул шудани ин лоиҳа, дар ҷарраёни гирифтани ҳалномаи судӣ, ки ду моҳ идома мекардаст, тағйирот ворид шуда, ин муҳлат кам карда мешавад. Ва ҳамчунин барои гирифтани хулосаҳои тиббӣ, оид ба солимии шахсе, ки мехоҳад тифлеро ба фарзандхонӣ бигирад, фақат як рӯз сарф хоҳад шуд.
Сайвалӣ Қодиров, ҳуқуқшинос дар вазорати маорифи кишвар мегӯяд: «Гурӯҳи корӣ ба ин масъала диққати ҷиддӣ дод ва агар ин тағйирот ворид шавад як гурӯҳи комиссияи табибон таъсис ёбад албатта ин масъала дар як рӯз ҳалли худро меёбад. То имрӯз афроди корафтода хулосаи дахлдорро аз ҳар як табиб дар алоҳидагӣ мегирифтанд, ки вақти бештарро талаб мекард. Мо пешниҳод кардем, ки гурӯҳ таъсис дода шавад. Ҳамчунин онҳое, ки мехоҳанде тифлеро ба фарзандӣ бигиранд, аз боҷи давлатӣ озод карда шаванд.»
Тибқи қонунҳои феълӣ, оилае, ки мехоҳад тифлеро ба фарзандӣ бигирад, бояд 16 санади таъйиди ҳуввиятро пешниҳод намояд. Дар боби 19-уми Қонуни оила тартиби фарзандхонӣ дар 11 модда баршумурда шудааст, ки бисёриҳо талаботашро беш аз ҳад зиёд ва як монеа дар роҳи фарзандхонӣ мехонанд. Ҳоло хонаводаҳои бефарзанд ва муштоқи фарзанд дар орзуи ҳарчи зудтар амалӣ шудани ин таъкиди президент дар робита ба содда кардани тартиби фарзандхонӣ ва садо додани хандаи тифл дар хонаҳои худ ҳастанд.