Баъзе аз вакилони порлумони Тоҷикистон аз банд мондани ҳазорҳо сомонӣ пули мардум дар бонкҳои кишвар ба шиддат интиқод карда, дар сурати ба зудӣ ҳал нашудани масъала истеъфои Ҷамшед Нурмуҳаммадзода – раиси Бонки Миллиро талаб карданд. Бори аввал аст, ки дар порлумон истеъфои як мақоми давлатии Тоҷикистон дар миён гузошта мешавад.
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон, гуфт, бо вуҷуди ёриҳои ҳукумат ҳанӯз "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" пули сокинонро барнагардонданд ва Бонки Миллӣ ҳам дар ин замина коре карда натавонист. Ӯ, инчунин, аз фоиз ё дарсади баланди қарзҳои бонкӣ барои мардуму соҳибкорони кишвар интиқод кард ва гуфт, "чунин дарсадҳои баланд танҳо дархӯри наркобаронҳои Колубмия ва Мексика буда метавонад".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин баҳс рӯзи 18-уми октябр, ҳангоми баррасии тарҳи иловаҳо ба қонун дар бораи таърихи қарз, дар Маҷлиси Намояндагон сурат гирифт. Бино ба ин тағйирот, ки аз тарафи вакилони порлумон тасвиб шуд, феҳристи ягонаи қарздорон ташкил хоҳад шуд.
Шукурҷон Зуҳуров – раиси Маҷлиси Намояндагон – дар ин иҷлосия гуфт, масъалаи қарздории бонкҳо аз мардум бовари сокинонро ба ҳукумату порлумон ва бонкҳо коста кардааст. Ӯ ба Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ду ҳафта муҳлат дод, то ҳисоб кунанд, ки чӣ қадар аз пули сокинон дар бонкҳои кишвар дармондааст. "Ин мушкилро зуд ҳал кунед, ки он як дарди сар ба Бонки Миллӣ, порлумон ва дар ниҳоят ба раҳбарияти ҳукумат хоҳад шуд", - таъкид кард Зуҳуров.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар посух Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфт, ки вакилон ҳангоми баёни андеша ва пешниҳоди суол ба иззати нафс нарасанд ва афзуд, ки пули мардум марҳила ба марҳила баргардонда мешавад. Баъдан ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки беш аз 4 миллиард сомонӣ пули бонкҳо дар дасти мардум мондааст ва онҳо низ наметавонанд ин маблағро бигиранд.
Масъалаи қарздории бонкҳо аз мардум ва ҳарчи зуд баргардондани пули онҳо рӯзи 27-уми октябри соли гузашта низ дар Маҷлиси Намояндагон баҳси тундеро ба по карда буд. Он вақт Шукурҷон Зуҳуров то охири соли 2016 ба раҳбарияти Бонки Миллӣ муҳлат дода буд, то ин масъаларо ҳал кунанд.
Садҳо муштарии бонкҳо дар Тоҷикистон ду сол боз наметавонанд маблағҳои пасандози худро бозпас бигиранд. Бештари пасандоздорон аз бонкҳои дучори мушкили “Агроинвестбонк”, “Тоҷиксодиротбонк” ва бонки варшикастаи “Тоҷпромбонк” шиква доранд, ки моҳҳо боз пасандози муштариёнашонро барнамегардонанд.
Мақомоти давлатӣ, бунгоҳҳои марбут ба умури бонкӣ ва созмонҳои молиявӣ чанде аз сабабҳои сар задани буҳрони бонкиро дар Тоҷикистон дар ду соли охир номбар карда буданд. Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон, дар шарҳи буҳрони бонкҳо гуфта буд. ки бисёре аз бонкҳо ба фаъолиятҳои ғайрибонкӣ "аз ҷумла сохтмони манзил, заводу фабрика даст заданд" ва бинобар ин дучори буҳрон шуданд.
Аммо бонкдорон дар ин росто коҳиш ёфтани қурби рубли русӣ ва кам шудани ҳаҷми пули интиқолии муҳоҷирон аз 4 миллиард доллари соли 2014 то ба беш аз 1 миллиард долларро низ яке аз сабабҳои буҳронӣ шудани вазъияти бонкҳо медонанд. Чун як қисмати даромади бонкҳо аз ҳисоби фоизи интиқоли пулҳои муҳоҷирони корӣ аст.
Дар ин зимн созмонҳои байналмиллалӣ мудирияти нодуруст ва қабули қарорҳо бар асоси хешу табориро низ аз омилҳои буҳрон медонанд. Чун бонкҳо дар баъзе маврид будани таҳлили дурусти пардохтпазирии муштарӣ зери таъсири хешу таборӣ ва ё дӯстӣ, занги телефонӣ аз идораи пурнуфуз ба муштариёнашон қарз додаанд, вале дар ниҳоят қарзгиранда дар бозгардони қарз оҷиз мондааст.
Бюрои қарзии Тоҷикистон ба навбати худ мегӯяд, муштариён ҳам дар баъзе маврид бидуни таҳлил ва барномаи мушаххасе аз бонкҳо қарз мегиранд ва баргардонда наметавонанд. Чун, ба гуфтаи масъулони Бюро, шаҳрвандоне, ки пой ба роҳи бизнесу тиҷорат мегузоранд, бисёр вақт бидуни донишу таҷриба ба ин кор мераванд ва дар ниҳоят, муфлису қарздор мешаванд.