Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD) эълон кард, ки дар ихтисори кормандони "Агроинвестбонк" даст надорад. Масъулони ин бонк гуфтанд, тасмими аз кор рондани бахше аз кормандони "Агроинвестбонк"-ро саҳомони бузургаш гирифтаанд. Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 12 дарсади саҳмияҳои “Агроинвестбонк”-ро дар ихтиёр дорад.
Кори Вазорати молия ва Бонки миллӣ?
Антон Усов, сухангӯи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, рӯзи 18-уми октбяр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "солҳои охир дар Шӯрои нозирони "Агроинвесӣбонк" нестем ва аз ин рӯ на дар баррасӣ ва на дар ихтисори кормандони ин бонк даст надорем. Тибқи қоида чунин тасмимҳо (манзур ихтисори кормандон) аз сӯи саҳмдорони бузург ва танзимгари соҳаи бонкӣ дар Тоҷикистон (Бонки миллӣ) гирифта мешавад”.
Ӯ афзуд, бинобар ин, БАТР дар ихроҷ кардани шумораи зиёди кормандони ин бонк даст надорад. Айни замон саҳмдори асосии "Агроинвестбонк" давлати Тоҷикистон аст. 87,3 дарсади саҳмияҳои ин бонк моли давлатанд, ки Вазорати молия аз номи давлат ба он соҳибӣ мекунад.
Чун БАТР худро аз талаби ихтисори кормандони “Агроинвестбонк” канор кашид ва гуфт, ин тасмими саҳмдорони калон аст, маълум мешавад, Вазорати молия ва Бонки миллӣ дар ихтисори кормандони “Агроинвестбонк” саҳм доранд.
Мушкили “рагҳои хунгард”-и иқтисоди Тоҷикистон чист?
Антон Усов гуфт, БАТР саҳмдори хурд ва ё миноритарии “Агроинвестбонк” аст ва бинобар ҷой доштани ихтилофҳо дар стратегияи рушди минбаъдаи ин бонк дар умури идораи ин бонк ширкат надорад. Вале, ба гуфтаи ӯ, “мушкилоти бонкҳо ба зудӣ ҳал намешавад. Барои дарки мушкили аслии умури бонкӣ дар Тоҷикистон БАТР як ширкати консалтингиеро киро кардааст, ки айни замон вазъиятро аз дохил меомӯзад. Вақте натиҷаҳои ин пажӯҳиш омода шуданд, БАТР бо Бонки миллӣ барои мӯътадил кардани вазъияти бонкҳо дар Тоҷикистон талош мекунад”.
Усов афзуд, фаъолияти муътадили бонкҳо барои ҳар кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон ниҳоят муҳим аст, чунки бонкҳо ба истилоҳ “рагҳои хунгарди” ҳар як иқтисод ҳастанд. Антон Усов гуфт, БАТР то замони анҷоми пажӯҳиши мушкили бонкҳои Тоҷикистон аз додани ҳар гуна машварат ва ё диагнози ҳолати бонкҳои Тоҷикистон худдорӣ меварзад.
"Агроинвестбонк" то ду ҳазор кормандашро ҷавоб дод
Шарҳи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар мавриди дастураш ҷиҳати ихтисори кормандони "Агроинвестбонк" дар ҳолест, ки ин бонк ахиран наздик ба 2 ҳазор кормандашро ихтисор кард. “Агроинвестбонк”, яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон аст, ки раҳбариашро Муродалӣ Алимардон, раиси собиқи Бонки миллӣ ва муовини пешини нахуствазир бар уҳда дорад.
“Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” – ду бонки бузурги Тоҷикистон тайи ду соли ахир гирифтори мушкил ҳастанд. Дар пайи чунин мушкилот «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» муфлис эълон шуданд, вале “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” бо ёрии давлат тавонистанд аз ин буҳрон то ҳадде наҷот ёфтанд. Давлати Тоҷикистон 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ба "Тоҷиксодиротбонк" ва 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ ба "Агроинвестбанк" кумак кард.
Аммо баъди кумакҳои давлат низ вазъияти ин бонк мӯътадил нашуд ва ҳанӯз ҳам дар пардохти пули амонатгузорон оҷиз аст. Бонк ҳамчунон гирфитани пулро низ аз бонкоматҳояш барои як муштарӣ дар як рӯз то 300 сомонӣ маҳдуд кардааст.
«Агроинвестбонк» яке аз бонкҳои низомсози Тоҷикистон то соли 2014 сеяки бозори бонкиро дар кишвар дар даст дошт. Ин бонк ҳамчунон муассиси ширкату корхонаҳое мисли "Шарқ", ҷамъияти саҳомии "Пахтаи Хатлон", ташкилоти қарзии "Боварӣ ва ҳамкорӣ" ва ширкати лизингии "Лизингфайненс" аст.
Ихтисори якбораи наздик ба 2 ҳазор коргар аз як идора дар Тоҷикистон бесобиқа аст, ҳарчанд Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ эълон кард, соли гузашта 24 ҳазор корманд дар Тоҷикистон аз ҷойи кори худ ихтисор шудаанд, ки нисбат ба як соли пеш 10 ҳазор нафар бештар будааст.