"Адрасмон" кор намекунад. Рухсатии тӯлонӣ ва пирии бе нафақа

Корхонаи "Адрасмон". Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Баҳс миёни моликони қазоқистонии корхонаи маъдани “Адрасмон” ва мақомоти Тоҷикистон ахиран ба фоидаи дувумӣ анҷом ёфт ва корхона давлатӣ эълон шуд. Ин корхона аз соли 2006 ба ширкати қазоқии “Кони Мансур” тааллуқ дошт ва умдатан хокаи нуқра истеҳсол мекард. Корхонаи "Адрасмон" фаъолияташро соли 2012 қатъ карда ва худро муфлис эълон карда буд. Огоҳон мегӯянд, баъди давлатӣ шудани корхона низ вазъ дар ин самт тағйир накарда, корхона дар вартаи азҳампошӣ қарор дорад.

Баҳси ҳукумат бо моликони "Адрасмон" ба Додгоҳи олӣ рафт

Вазъи корхона бениҳоят вазнин аст. Мо нақбҳои зеризаминӣ дорем, ки 300 метр чуқурӣ дорад ва ҳар рӯз дар онҷо об ҷамъ мешавад. Барои ҳар рӯз берун кардани об маблағ зарур аст.

“Мардикорӣ мекунем, вале он барои зиндагӣ намерасад”

Ориф Мамадиев, сокини 47-солаи шаҳри Гулистон, то соли 2013 ҳамроҳи ҳамсараш дар корхонаи маъдани “Адрасмон” кор мекард. Онҳо дар якҷоягӣ 1100 сомонӣ маош мегирифтанд, ки ба гуфтаи Ориф ҳарчанд ночиз, аммо барои рӯзгузаронӣ кофӣ буд. Соли 2013 Ориф ҳамроҳ бо тақрибан 600 корманди корхонаи “Адрасмон” ба рухсатии бемузд фиристода шуд. Як қисми ҳамкорони Ориф ба сафи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия пайвастанд. Худи ӯ ҳоло ба мардикорӣ машғул аст ва бар ивази маблағ корҳои гуногунро дар шаҳри Хуҷанд анҷом медиҳад.

Ориф қаблан дар корхонаи маъдани “Адрасмон” ба ҳайси тақсимкунандаи масолеҳи таркишӣ кор мекард ва мегӯяд, аз кораш розӣ буд, чун баъди кор метавонист “дар манзилаш истироҳат кунад”. «Ҳоло аз саҳар баромада то бегоҳ кор мекунем. Баъзе рӯзҳо 50 сомонӣ, баъзе рӯзи дигар 30 сомонӣ меёбем. Маблағи мардикорӣ барои зиндагӣ бо як азоб мерасад», - афзуд ӯ.

Ориф танҳо нест ва якбора аз кор мондани корхонаи маъдани “Адрасмон” наздики 600 сокини шаҳри Гулистонро аз ҷойи кор маҳрум кард.

“Чаҳор сол дар интизори нафақа”

Аз кор мондани корхонаи маъдани “Адрасмон” натанҳо коргаронро аз маош, балки собиқадорони корхонаро аз нафақа маҳрум намудааст. Мелиқузӣ Умаров, сокини 62-солаи шаҳри Гулистон, мегӯяд, муддати тақрибан чаҳор сол мешавад, ки дар интизори гирифтани нафақа мебошад. Мелиқузӣ мегӯяд, беш аз 25 сол дар корхонаи маъдани “Адрасмон” дар шароити тоқатфарсо кор кард, вале имрӯз наметавонад нафақаи худро дарёфт кунад.

Пештар соҳибмулк кам-кам дастгирӣ мекард, аммо давоми ду моҳи ахир ягон дастгирӣ нест.

Мелиқузӣ мегӯяд, “моҳи феврали соли 2014 ба нафақа баромадам, ҳамагӣ даҳ моҳ нафақа гирифтам. Нафақаам пештар 624 сомонӣ буд ва акнун бояд 741 сомонӣ бошад. Се сол аст, ки нафақа намегирам. Вақте ба мақомот муроҷиат мекунем, мегӯянд, ки кадом вақте корхона ба кор дарояд, пулатонро мегиред. Мегӯянд, ки тоқат кунед. Тоқатамон тоқ шуд.”

Ҳамроҳ бо Мелиқузӣ Умаров боз 50 нафари дигар ҳастанд, ки мунтазири гирифтани нафақа истодаанд.

“Корхона дубора ба фурӯш гузошта мешавад”

Масъулони корхонаи маъдани “Адрасмон” мегӯянд, ҳоло тамоми талош барои нигоҳ доштани корхона сафарбар шудааст, чун шахтаҳои корхона дар ҳоли хароб шудан қарор дорад. Барот Каримов, сардори пешин ва ҳоло яке аз масъулони корхонаи “Адрасмон”, рӯзи 27-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “пештар соҳибмулк кам-кам дастгирӣ мекард, аммо давоми ду моҳи ахир ягон дастгирӣ нест. Мо то ҳозир дошта истодаем, ки шахтаҳо нобуд нашаванд. Ҳоло агарчӣ корхона кор намекунад, барои нигоҳ доштани шахта қариб 140 нафар коргар ҳаст.”

Ба гуфтаи Барот Каримов, барои дубора ба фурӯш гузоштани корхона бо сармоягузорон музокирот ҷараён дорад. Дар назар аст, ки моҳҳои наздик тендер эълон шуда, саҳмияҳои корхонаи маъдани “Адрасмон” дубора қисман ва ё пурра ба сармоягузорон фурӯхта шавад.

“Вазъи корхона бениҳоят вазнин аст”

Як масъули дигари корхонаи маъдани “Адрасмон” бо шарти ифшо нашудани номаш мегӯяд, вазъи корхона бисёр нигаронкунанда аст, чун бо гузашти бештар аз як моҳ то ҳол вазорати саноат ва технологияҳои нав ба ин корхона роҳбар таъин накардааст.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, “вазъи корхона бениҳоят вазнин аст. Мо нақбҳои зеризаминӣ дорем, ки 300 метр чуқурӣ доранд, ҳар рӯз дар онҳо об ҷамъ мешавад. Онро ҳар рӯз берун кардан даркор ва барои ин маблағ лозим аст. Мо умед доштем, ки баъди давлатӣ шудани корхона дар ин самт ягон беҳбуд мешавад.”

Матлуба Сатториён

Масъулони вазорати саноат ва техологияҳои нав, сарпарасти корхонаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон дар ин бора шарҳе надоданд. Аммо моҳи январи соли равон Матлуба Сатториён – раиси шаҳри Гулистон гуфта буд, ҳукумати Тоҷикистон бо таъсиси як гурӯҳи корӣ барои аз нав фаъол кардани ин корхона талош дорад.

Мушкили қарзҳои корхонаи “Адрасмон” ҳам аз дардисарҳои дигари ин коргоҳ гуфта мешавад. Ҳаҷми умумии қарзи корхонаи маъдани “Адрасмон” ҳудуди 30 миллион сомонӣ, муодили беш аз 4 миллион доллар ҳисоб шудааст ва ин маблағ асосан аз ҳисоби қарзи андоз ва нафақаву моҳонаи коргарон аст.

Тоҷикистон барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ё бозсозии корхонаҳои Шӯравии собиқ пул надорад ва бештар сармояҳои хориҷӣ, умдатан аз Чинро ҷалб мекунад

Ин корхонаи ба истилоҳ “шаҳрсоз” дар нимаи дуюми қарни 20 таъсис гардида, дар канораш шаҳраке ҳам бо ҳудуди 10 ҳазор аҳолӣ ба вуҷуд омад. Вале пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти он қатъ шуд. Соли 2006 ширкати қазоқии "Кони Мансур" корхонаро харида, сармоягузорӣ кард ва пас аз 3 сол ба кор даромад. Ҳудуди 700 коргари маҳаллӣ соҳиби кору моҳона гардиданд. Вале пас аз 3 соли дигар фаъолияташ пурра қатъ гардид.

Минтақаи шимолии Тоҷикистон дорои 622 корхонаи саноатӣ аст, ки дар соли гузашта ба маблағи наздики 7 миллиард сомонӣ молу маҳсулот тавлид кардаанд. Бино ба омори расмӣ, 330 корхонаи саноатӣ назар ба соле қабл пешрафт карда, вале ҳудуди 100 корхона, таҳти фишори бӯҳрони иқтисодӣ аз фаъолият мондаанд. Таҳлилгарони масоили иқтисодии минтақа мегӯянд, Тоҷикистон барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ё бозсозии корхонаҳои Шӯравии собиқ пул надорад ва бештар сармояҳои хориҷӣ, умдатан аз Чинро ҷалб мекунад. Барои мисол, ҳоло Чин дар шаҳри Истиқлол бо ихтисоси ҳудуди ним миллиард доллар сармоя корхонаи бузурги метамлургӣ месозад.