Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия реактори "Аргус"-ро дар Тоҷикистон бозсозӣ мекунад? САДО


Дар ҷараёни дидори Владимир Путин аз Тоҷикистон рӯзи 27 феврал миёни Академияи улумиТоҷикистон ва ширкати давлатии "Росатом"-и Русия дар мавриди истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ санади ҳамкорӣ имзо шуд. Дар ҳоле ки ҷузъиёти ин ҳамкориҳо эълон нашудааст, расонаҳои Русия ба кумаки "Росатом" дар бозсозии реактори ҳастаии "Аргус" дар канори шаҳри Душанбе ишора кардаанд.

"Росатом" ба Тоҷикистон чӣ ёрӣ мекунад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:05 0:00
Линки мустақим

Мутахассисони рус ба "Аргус" меоянд

Санади ҳамкорӣ дар соҳаи ҳастаӣ аз ҷониби Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи улуми Тоҷикистон ва Алексей Лихачев, раиси ширкати давлатии "Росатом"-и Русия ба имзо расид. Ба гуфтаи масъулони Академияи улуми Тоҷикистон, ин нахустин санадест, ки заминаи ҳуқуқиро барои ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар самти энержии атомӣ ҳамвор карда ва роҳро барои ширкати мутахассисони рус дар бунёд ва бозсозии иншооти ҳастаӣ, аз ҷумла, реактори ҳастаии "Аргус"-и Тоҷикистон боз хоҳад кард.

Фарҳод Раҳимӣ
Фарҳод Раҳимӣ

Сохтмони ин реактор дар нимаи дувуми соли 1980 шурӯъ шуда ва ба дунболи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар даҳаи 1990 корҳои сохтмонӣ дар ин тарҳи муҳим мутаваққиф шуд. Бар асоси барномаи давлати Тоҷикистон, ки 2 ноябри соли 2015 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ин кишвар имзо шудааст, ин реактор бояд то соли 2020 мавриди истифода қарор гирад. Масъулони Академияи улуми Тоҷикистон мегӯянд, сеяки таҷҳизоти реактор консерватсия ва ҳифз шуда ва барои бозсозии реактор 35 миллион доллар лозим аст.

Масъулони Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи Академияи улуми Тоҷикистон мегӯянд, имкон дорад, реактори мазкур дар бахшҳои тиб, геология ва кишоварзӣ босамар истифода шавад. Аз ҷумла, тавассути нурҳои нейтронӣ ва изотопҳои ҳосилшуда аз ин нурҳо ҳамаи захираҳои маъдание, ки дар қаъри қаламрави Тоҷикистон маҳфуз ҳастанд, ташхис ва таркиби ин маъданҳо, аз ҷумла вуҷуди тилло, нуқра ё маъдану минералҳои дигар мушаххасан маълум шавад. Дар бахши тиб низ барои ташхису табобати бемориҳои саратон ба пизишкон ёрӣ мерасонад.

Табошар.
Табошар.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи коршиносони Оҷонсии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Тоҷикистон, ин реактор аз худ ташашшӯъ ё радиатсия хориҷ намекунад ва барои муҳити атроф ва саломатии инсон зарар надорад. Намояндагони Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ борҳо аз маҳалли бунёди ин реактор дар шаҳри Душанбе боздид кардаанд ва бо нақшаву сохтори он ошно шудаанд. Онҳо низ гуфтаанд, ки бунёди чунин реактори ҳастаӣ бо меъёрҳои байналмилалии амнияти ҳастаӣ мутобиқат карда, бо Аҳдномаи Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ дар бораи манъи густариши аслиҳаи ҳастаӣ муғойират ё зиддият надорад.

Тибқи Созишномаи истифодаи сулҳомез аз энержии атомӣ коршиносони рус дар корҳои сохтмони реактор ҷалб шуда, ашёи хоми урани ғанишудаи 20-дарсадӣ низ аз Русия ба Тоҷикистон ворид шавад. Чун ин реактор сохти Русия аст, ин навъи сӯхт ва таҷҳизоти дигари заруриро имкон дорад Тоҷикистон аз Русия ворид кунад.

Партовгоҳҳои ҳастаӣ бо талошҳои дастҷамъӣ безарар мешаванд

Илҳом Мирсаидов, раиси Оҷонсии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Тоҷикистон, рӯзи 3 март ба Радиои Озодӣ гуфт, мутахассисони бахши ҳастаии Русия барои безараргардонии партовгоҳҳои ҳастаӣ дар шимоли Тоҷикистон низ ширкат хоҳанд кард. Ӯ гуфт, "бар асоси ин созишнома дар соли ҷорӣ бо иштироки мутахассисони Русия корҳои безараргардонии партовгоҳҳои радиативӣ шурӯъ мешавад. Дар назар аст, ин партовгоҳҳо тавассути

Тибқи Созишномаи истифодаи сулҳомез аз энержии атомӣ? коршиносони рус дар корҳои сохтмони реактор ҷалб шуда, ашёи хоми урани ғанишудаи 20-дарсадӣ низ аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад.

технологияи нав рӯпӯш шуда ва ба ин тартиб хавфи паҳн шудани моддаи радиоактив ба воситаи шамолу борон ба минтақаҳои аҳолинишин бартараф шавад. Ҳоло лоиҳаҳо омода шуда ва мизони маблағҳо барои анҷоми ин корҳо мушаххас мешавад. "Росатом" дар ин замина ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард.”

Зимнан, чаҳор сол қабл, бо тавсияи Комиссияи истифодаи сулҳомези энержии атомии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкати давлатии "Росатом" як барномаи шашсолаи пӯшондани қабати болоии партовгоҳҳои Табошари Тоҷикистон ва партовгоҳҳои Каҷи Сой ва Минқушрии Қирғизистонро таҳия карда буд, ки ҳазинаи ин барнома 40 миллион доллари амрикоӣ буда ва 57 дарсади он аз буҷаи Русия пардохт хоҳад шуд.

Абдуҷаббор Саломов, коршиноси масоили ҳастаии Тоҷикистон, гуфт, дар чаҳорчӯби ин барнома асосноккунии иқтисодиву техникии безараргардонии партовгоҳҳои радиоактив дар шимоли Тоҷикистон таҳия шуда ва соли оянда корҳои рӯпӯшкунии партовгоҳҳои боз дар Бӯстон, Деҳмой, Истиқлол ва Адрасмон оғоз меёбад. "Иҷрои ин барнома дар Тоҷикистон таҳти назорати Вазорати саноат ва технологияи нав сурат гирифта, ҳоло атрофи партовгоҳҳо симхор кашида шудааст. Ҳадафи ин барнома комилан бехавф гардондани партовгоҳҳои радиоактив дар шимоли Тоҷикистон аст. Дар ин росто Иттиҳоди Аврупо низ барномаи вижа дорад", - афзуд Абдуҷаббор Саломов.

Соли 2015 бо мусоидати МАГАТЭ, Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ, Иттиҳоди Аврупо барои безараргардонии партовгоҳҳои радиоактив дар шимоли Тоҷикистон 7 миллион евро ҷудо кард, ки ин маблағ дар минтақҳои Деҳмой, Истиқлолу Бӯстон масраф хоҳад шуд.

Дар чаҳорчӯби ин барнома Тоҷикистон бо сармояву имкониятҳои фаннии худ тирамоҳи соли 2015 қисмате аз партовгоҳи радиатсионии Деҳмой, воқеъ дар канори Хуҷанд, бо беш аз ним метр хок рупӯш кард. Бино ба маълумоти расмӣ, партовгоҳи радиатсионии Деҳмой аз бузургтарин партовгоҳҳои боз дар Осиёи Марказӣ буда, дар он ҳудуди 36 миллион тонна партови дорои маводи радиоактив дар масоҳати беш аз 80 гектар хобидааст.

Тоҷикистон дар замони шӯравӣ макони тавлиди урани хом барои сохтани нахустин бомбаи атомии шӯравӣ буд ва то охирҳои солҳои 90-и асри гузашта дар ин ҷо маъдани урани воридотӣ аз Узбакистону Қазоқистон низ коркард мешуд.

Ин дар ҳолест, ки табибони тоҷик, аз ҷумла мутахассисони беморхонаи саратоншиносии Хуҷанд аз афзудани теъдоди гирифторони бемориҳое, ки аз таъсири радиатсия ба вуҷуд меоянд, изҳори нигаронӣ мекунанд. Табибон махсусан аз афзоиши теъдоди мубталоёни навъҳои мухталифи саратон дар миёни сокинони маҳалҳои наздик ба партобгоҳҳои радиатсионӣ, ба хусус дар канори Хуҷанд ва Табошар садо баланд мекунанд. Мутахассисони тиб мегӯянд, дар Тоҷикистон ҳанӯз як барномаи мукаммали омӯзиши таъсири номатлуби партовгоҳҳои радиатсионӣ ба муҳити зисту сиҳатии одамон мавҷуд надорад.

Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ макони тавлиди урани хом барои сохтани нахустин бомбаи атомии Шӯравӣ буд. То охири солҳои навади асри гузашта дар ин ҷо на танҳо урани истихроҷгашта дар Тоҷикистон, балки маъдани урани воридотӣ аз ҷамоҳири ҳамсояи Узбакистону Қазоқистон низ коркард мешуд. Комиссияи иқтисодии СММ дар умури Аврупо мегӯяд, ба партовгоҳҳои дорои ҳудуди 55 миллион тонна зуболаи радиоактив дар шимоли Тоҷикистон, ки аз замони шӯравӣ ба мерос мондааст, то ҳанӯз аз нигоҳи амниятӣ ба таври комил расидагӣ нашудааст.

Бино ба иттилои Оҷонсии амнияти ҳастаӣ ва маводи радиоактиви Тоҷикистон, барои рупӯш ва безараргардонии партовгоҳҳо дар шимоли кишвар ҳудуди 70 миллион евро зарур аст ва анҷоми ин кор бидуни кӯмакҳои молии созмонҳои байналмилалӣ душвор хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG