Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коркарди дубораи партовҳои маъдан дар шимоли Тоҷикистон


Дар шимоли Тоҷикистон барои бори аввал коркарди дубораи партовҳои маъдан шурӯъ шудааст.

Корхонаи навтаъсиси "Шӯҳрат 2005" коркарди дубораи партовҳои маъдани корхонаи "Фулузоти нодири Ленинобод", воқеъ дар мавзеи Чорухдайрон, 10 километрии шимоли Хуҷандро ахиран ба роҳ андохт.

Абдуқаҳҳор Алиматов, аз масъулони ин корхона рӯзи 23 -юми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло дар қадами аввал аз пасмондаи маъдани коркардшуда хока ё консентрати оҳан истеҳсол мекунанд. Сипас баҳори соли 2016 корхонааш ҷудо кардани нуқра ва мис аз пасмондаи маъданро низ ба роҳ мемонад. Вай афзуд, ки ин корхона тавони коркарди дубораи то 400 тонна пасмондаи маъдан ва тавлиди ҳудуди 80 тонна хока ё консентрати оҳан дар як рӯзро дорад ва захираи пасмондаҳои маъдан барои 10-5 сол кори бардавоми корхонааш дар ин мавзеъ кофӣ хоҳад буд.

Ба гуфтаи вай, дар ин амр ба корхонаи мазкур мутахассисони чинӣ ёрӣ мерасонанд. Ҳоло дар ин корхонаи навтаъсис 60 сокини маҳаллӣ бо ҷойҳои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, соли оянда бо вусъати фаъолияти корхона, шумораи онҳо аз 100 нафар зиёд хоҳад шуд.

Фазлидин Орипов, сардори бахши саноати ҳукумати шаҳри Қайроқум мегӯяд, дастёбӣ ба коркарди дубораи партовҳои корхонаи саноатӣ тавассути ворид намудани технологияҳои муосир аз Чин ва Ҷопон муяссар шудааст. Ӯ мегӯяд, коркарди дубораи партовҳои маъдани фулузоти ранга назар ба конҳои нав ба тавлидкунананда маҳсулоти камтар, вале судовар медиҳад.

Ба гуфтаи вай, корхонаи “Фулузоти нодири Лениинобод” замони шӯравӣ чун як бахши корхонаи “Фулузоти нодири Тоҷикистон” (“Востокредмет”) сохта шуда, ба тавлиди фулузоти ранга ва умдатан молибден ва ферромолибден ихтисос дошт. Баъд аз пош хӯрдани шӯравӣ ва шурӯи ҷанги шаҳвандӣ дар Тоҷикистон, муддате фаъолияти ин корхона низ фалаҷ гашт.

Аввалҳои асри бисту як саҳмияҳои онро ширкате аз Австрия харидорӣ кард ва фаъолияти корхона дар заминаи истеҳсоли ферросилитсий ё пӯлоду кремний аз сар гирифта шуд. Вале оғози буҳрони аввали ҷаҳонии иқтисодӣ ва поин рафтани нархи фулузоти ранга дар бозори ҷаҳонӣ дар соли 2008, корхонаро дигарбора фалаҷ кард.

Ҳоло бино ба тахмини мутахассисон, ин корхона дорои ҳудуди 6 миллион тонна пасмондаи маъдани фулузоти ранга аст, ки аввалин тоннаҳои он аз ҷониби корхонаи навтаъсиси “Шӯҳрат-2005” мавриди коркарди дубора қарор дорад. Абдураҳим Ҷалолов, мудири корхонаи “Фулузоти нодири Лениинобод” мегӯяд, ин кор дар асоси қарордод ва ба иҷораи дарозмуддат додани заминҳои партовгоҳ сурат мегирад.

Дар шимоли Тоҷикистон чандин корхонаҳои замони шӯравӣ даҳҳо миллион тонна партов, аз ҷумла партовҳои дорои маводи радиоактив боқӣ гузоштаанд, ки иқтисоддонҳои тоҷику хориҷӣ аз солҳо қабл коркарди дубораи онҳоро бо истифода аз технологияҳои муосир матраҳ мекунанд. Онҳо мегӯянд, коркарди дубора назар ба шикофтани кӯҳҳову берун овардани маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди аввалияи он арзонтар ва барои Тоҷикистон судовар хоҳад буд. Зеро ҳам фоидаи иқтисодӣ меорад, ҳам имкон медиҳад пасмондаи дубора коркардашуда дубора хубтар гӯронида шавад.

Бахши саноат ва энергетикаи ҳукумати Суғд як барномаи коркарди партовҳои саноатиии минтақаро рӯи даст дорад. Дар пайи роҳандозии коркарди дубораи партовҳои маъдани корхонаи “Фулузоти нодири Ленинобод”, ҳоло мутахассисони ин бахш дар бораи мавриди коркард қарор додани партовҳои корхонаи маъдани Адрасмон низ сӯҳбат мекунанд, ки эҳтимол соли 2016 ин барнома низ рӯи даст гирифта шавад. Корхонаи Адрасмон, ки тобеи шаҳри Қайроқум аст, хокаи нуқра ва сурб ё қӯрғошим истеҳсол мекард, вале 2 сол қабл муфлис шуд ва аз кор бозмонда ва зери қарз рафт.

Қайроқум ҳанӯз аз давраи шӯравӣ аз минтақаҳои аз нигоҳи саноатӣ пешрафтаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дорои 29 корхонаи саноатӣ аст ва бино ба омори расмӣ, ин корхонаҳо дар 11 моҳи аввали соли равон беш аз 1 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ тавлид кардаанд.

XS
SM
MD
LG