Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олег Усанов: "То аз Хоруғ баргаштам, хонаамро рабудаанд"


Олег Усанов
Олег Усанов

Қиссаи як ҷавони рустабор, ки баъди бозгашт аз хизмат дар артиши Тоҷикистон, манзили худро дар ихтиёри хонаводаи бегона ёфт.

Олег, ҷавони рус баъд аз бозгашт аз хидмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ, шаҳраки Адрасмони вилояти Суғд баргашта, манзили меросии худро дар ихтиёри оилаи бегона дид. Талоши чандсолаи вай барои соҳиб шудан ба хонаи худ натиҷае надодааст.

Олег Усанови 25-сола ҳоло рӯзҳои сарди зимистонро дар сарпаноҳи муваққатӣ дар шаҳри Хуҷанд сипарӣ мекунад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба вай пешниҳод кардаанд. Вай ба умед аст, ки рӯзе манзили меросии худро соҳиб мешаваду сарҳисоби зиндагии худро дар зодгоҳаш шаҳраки Адрасмон, дар шимоли кишвар пайдо мекунад.

Вай дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: «Ман 2 сол дар шаҳри Хоруғ дар қисми ҳарбии марзбонӣ дар сафи артиш хидмат кардам ва ба зодгоҳам шаҳраки Адрасмон баргаштам. Вале дари хонаи волидайнамро ба рӯям дигарон боз карданд. Ман дар даст санад дорам, ки бароям ҳуқуқ медиҳад баъди ба синни балоғат расидан ин манзили яку ним ҳуҷраийи мерос аз падарам, ба ихтиёри ман хоҳад гузашт. Аммо соҳибони нави манзил ҳам ҳуҷҷат доранд ва хонаро холӣ кардан намехоҳанд.»

Ба гуфтаи Олег, модараш, замони кӯдакиаш фавтидааст. Дар 8 солагиаш, соли 1995 падараш зиндонӣ мешавад. Мақомот Олеги бекасро ба Хуҷанд, сипас ба хона - интернати шаҳри Турсунзода мефиристанд. Аз ҳамон ҷо ба хидмати Артиш даъват мешавад: «Ман ба Шӯрои шаҳраки Адрасмон сар мезанам, аз он ҷо маро ба шаҳри Қайроқум равон мекунанд, ки Адрасмон аз нигоҳи маъмурӣ тобеи он аст. Ҳамин тавр, солҳост пеши по мезананд, мушкилам ҳал намешавад. Боре онҳо ба ман ҷой дар хобгоҳи оилавиро пешниҳод карданд. Вале дидам, ки он ҷо касе зиндагӣ намекунад, зеро оддитарин шароити зист надорад. Ман қабул накардам.»

Вай афзуд, умед дошт шояд, хидмат дар сафи Артиши миллӣ ба вай имтиёзе медиҳад, вале умедаш пуч баромад. Вай аз муносибати мақомот дарёфт, ки мисли вай ҷавони аз хидмат баргаштаву ба қавле «панҷ панҷааш ҳунар» ба касе даркор нест. Вай дар омӯзишгоҳи Душанбе бо ихтисоси «ошпаз» 2 сол таҳсил кардаву дар хидмат касби таъмиргари автомобилро ба тариқи худомӯзӣ аз худ кардааст. Пас аз бозгашт касби таъмиргари хонаро ёд гирифта, аз пайи ҳамин касбу корҳо маблағ ба даст меорад.

Шаҳраки Адрасмон, воқеъ дар 100 киламетрии шимоли Хуҷанд давраи шӯравӣ бинобар ҷойгир будани корхонаи маъдани худ аз минтақаҳои саноатии муҳим ва «пӯшида» маҳсуб меёфт. Хати мустақими телефонӣ бо он барои робитаи сокинон вуҷуд надошт. Рӯзҳои мо акнун ба сабаби харобии шаҳрак дар он хати алоқаи телефонӣ барқарор карда нашудааст ва мобил ягона василаи робита бо хориҷ аст.

Ман рақами телефони ҳамроҳи Мамадшокир Азизов, раиси шӯрои шаҳраки Адрасмонро бо ҷустуҷӯи зиёде пайдо карда, рақам чидам ва ба худ мегуфтам, шояд, раис бо баҳонае суҳбат сари мушкили манзили Олегро рад кунад ё ба вақти дигар гузорад. Чун тайи чанд сол ба мушкили вай расидагӣ накардаанд. Аммо посухи бадеҳии ҷаноби Азизов маро дар ҳайрат гузошт: «Вай наздам омада буд ва масъалаи хонаша ҳал мекунам, гуфта будам. Аммо баъди ин вай дигар ғайб зад. Баромада рафт, тахминан як сол боз дигар намедонам дар Душанбе аст, Турсунзода ё Хуҷанд, вайро кофта намегардам – ку?»

Раиси шаҳраки Адрасмон ба ин пурсиш, ки оё манзили меросии Олегро бармегардонанд ё бо ҳам аз ҳамон хобгоҳи вайрона ҷой медиҳанд, гуфт, ҳоло дар бораи ин ҷузъиёт суҳбат кардан наметавонад, чун дар рухсатӣ аст. Аммо вай хоҳиш кард ин паёмро ба Олег расонам, ки баъди соли нав мушкили вайро шӯрои шаҳрак бознигарӣ хоҳад кард.

Вақте ки ин гузориш омода мешуд, Баҳрӣ Абдураҳмонова, раҳбари созмони ҷамъиятии «Диёр» дар Хуҷанд, ки ба ҷустуҷӯи афроди гумгаштаву ёрӣ ба касони бехонумон машғул аст, ба дидани Олег ҳозир шуда, ба вай туҳфаи солинавии иборат аз пойафзолу шириниҳо тақдим кард.

Ин дар ҳолест, ки дар ду даҳсолаи охир саноати шаҳраки замоне овозадори Адрасмон аз равнақ афтода, ҷавонони бисёре маҳали зисти худро ба нияти дарёфти зиндагии беҳтар тарк кардаанд. Бархе оилаҳо ба Русияву кишварҳои дигар кӯч бастаанд.

Вале Олеги ҷавон мегӯяд, дар Тоҷикистон ба дунё омадаву зиста, ба ватани худ дил бастааст ва мехоҳад оянда дар зодгоҳаш Адрасмон кору зиндагӣ кунад. «Орзуи ман ин ки мисли ман бачаҳои дар хонаи кӯдакон калон шудаву хидмати ҳарбиро адокарда ба худ манзилу ҷойи кор ёбанд ва зиндагии худро пеш баранд.» - мегӯяд вай.
XS
SM
MD
LG